23.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Талоши дубораи “Гурӯҳи 24” барои раҳоии Сӯҳроб Зафар (АКС)

Фаолони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” барои раҳоии роҳбари ин ҳаракат чандин барномаеро дар нақша гузошта, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дархости таваҷҷӯҳ ва дахолат ба қазияи Сӯҳроб Зафар карданд. Зимни ин чорабиниҳо, имрӯз (12.07.2018) тарафдорони “Гурӯҳи 24” назди дафотири Комиссариати олии СММ оид ба паноҳандагон дар чандин кишварҳо, аз ҷумла: Олмон, Лаҳистон, Суид, Утриш, Русия, Гурҷистон ва Туркия пикетҳои хурд баргузор намуданд.

Илова бар ин, шӯрои сиёсии “Гурӯҳи 24” номаи расмие навишта, тавассути намояндагони худ ба раисҷумҳури Туркия – Раҷаб Тайиб Урдуғон ва вазири хориҷаи он – Мавлуд Човуш Уғлу расонид. Дар ин нома, “Гурӯҳи 24” боздошти Сӯҳроб Зафарро комилан сиёсӣ арзёбӣ намуда, тӯҳматҳои ҷониби Тоҷикистонро бе асос номиданд ва озодии ӯро дархост карданд.

Ёдовар мешавем, ки роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов бо дархости ҳукумати Тоҷикистон тавассути мақомоти Туркия дар торихи 19-уми марти соли равон боздошт шуданд. Насимҷон Шарифов, баъд аз таҳқиқот дар рӯзи 29-уми май, озод шуд ва таҳқиқи парвандаи Сӯҳроб Зафар то ҳанӯз идома дорад. Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон то ин лаҳза барои истирдоди ӯ кӯшиш дорад.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза