Чаро Рӯзи Президент дар Тоҷикистон ҷашни як нафар аст, на рӯзи давлатдорӣ?

 

Фардо, 16 ноябр, дар Тоҷикистон «Рӯзи Президент» ҷашн гирифта мешавад. Дар шабакаҳои телевизионӣ, сомонаҳои расмӣ ва толорҳои бошукӯҳ суханрониҳо дар бораи «наҷотдиҳанда» ва «бунёдгузори сулҳ» авҷ мегиранд. Аммо агар пардаи таблиғоти давлатиро бидарем ва ба китобҳои таърих ва санадҳои ҳуқуқӣ назар андозем, як ҳақиқати талх ошкор мешавад,ин ҷашн на ҷашни институти президентӣ, балки маросими парастиши як шахс аст, ки таърихи пеш аз худро аз хотираи ҷомеа пок кардани аст. Пеш аз Раҳмонов кӣ президент буд?

Таблиғоти режим кӯшиш мекунад, ки чунин вонамуд кунад, гӯё Тоҷикистон то омадани Раҳмонов ҳеҷ гуна низоми президентӣ надошт ва ҳама чиз аз сифр оғоз шуд. Аммо ин дурӯғи маҳз аст.

1. Қаҳҳор Маҳкамов — Ҳанӯз моҳи ноябри соли 1990, дар давраи Шӯравӣ, мақоми Президенти ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфт ва ӯ расман нахустин Президенти кишвар гардид. Чаро имрӯз исми ӯ дар рӯзи президент зикр намешавад? Зеро ин ба сенарияи «як наҷотдиҳанда» мувофиқ нест.

2. Раҳмон Набиев — 24 ноябри соли 1991 дар нахустин интихоботи умумихалқӣ ва демократӣ мардуми Тоҷикистон бо раъйи мустақим Раҳмон Набиевро президенти кишвар интихоб карданд. Ӯ нахустин президенти Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Чаро имрӯз ӯ фаромӯш шудааст? Зеро ӯ бо роҳи интихоботи воқеӣ омада буд ва сарнавишташ нишон дод, ки қудрат метавонад иваз шавад.

Вақте ки дар соли 1992 дар Иҷлосияи XVI дар Хуҷанд Раҳмонов ба қудрат расид, умуман мақоми президент вуҷуд надошт, ӯ раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуд. Танҳо ду сол баъд, дар соли 1994, ӯ тавассути интихоботе, ки дар фазои ҷангӣ ва тарс гузашт, президент шуд ва 16 ноябр савганд ёд кард.

Пас, чаро 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президент» таҷлил мешавад? Зеро ин сана танҳо ва танҳо ба Раҳмонов дахл дорад. Ин ”Рӯзи президенти Тоҷикистон» нест.

Режим таърихро ба қисмҳо тақсим мекунад: он чи то соли 1992 буд, гӯё вуҷуд надошт ё «хато» буд. Президентҳои пешин аз саҳифаҳои таърих чида партофта шудаанд, то ҳеҷ кас ҷуръат накунад ба Раҳмонов муқоиса шавад.

Дар кишварҳои мутамаддин, «Рӯзи Президент» (масалан, дар ИМА) барои гиромидошти ҳамаи роҳбарони гузаштаи кишвар, аз ҷумла онҳое, ки ҳатто иштибоҳ кардаанд , ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон бошад, ин рӯз ба абзоре барои мадҳу санойи як шахси мушаххас ва абадӣ кардани ҳукмронии ӯ табдил ёфтааст.

Имрӯз донишҷӯён, муаллимон ва кормандони буҷетӣ маҷбуранд бо парчамҳо ба кӯчаҳо бароянд ва сурудҳои ситоишӣ хонанд на аз рӯи меҳр, балки аз тарси ҷойгоҳи кор ва баҳо. Дар ҳоле, ки мардум бо муҳоҷирати меҳнатӣ, камбизоатӣ ва мушкилоти рӯзмамра рӯбарӯ ҳастанд, буҷети давлат сарфи маъракаҳои шахспарастӣ мешавад!

16 ноябр рӯзи президент нест. Ин рӯзи монополияи қудрат ва рӯзи фаромӯшии таърих аст. То даме ки мо ҳақиқатро дар бораи гузаштаи худ нагӯем ва таърихро ба манфиати як оила таҳриф кунем, кишвар ба пеш ҳаракат карда наметавонад.

Президент меравад, аммо таърих мемонад ва рӯзе саҳифаҳои сиёҳи ин рӯз ва ин режим бо ҳақиқат хоҳанд шуста шуд.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза