Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯзаи мо гӯё танҳо онҳое фаромӯш намешаванд, ки дар киштии сиюпанҷсолаи ҳукумати Раҳмонов ҳамсафар будаанд ё барои бардавом нигоҳ доштани он саҳме гузоштаанд. Гӯё танҳо номи ҳамсафарони ин киштӣ бояд дар ёдҳо боқӣ бимонад, на номи онҳое, ки барои ҳифзи номус, шараф ва каромати инсонӣ қаҳрамонӣ кардаанд. Агар мо, мардуми тоҷик, хотираи таърихӣ медоштем, магар чунин фарзандони азизи худро фаромӯш мекардем? Магар пас аз гузашти солҳо боз онҳоро ба дасти душманони худ таслим менамудем? Магар иҷозат медодем, ки қаҳрамониҳои онҳо дар ғубори фаромӯшӣ гум шаванду қиссаи зиндагӣ ва сарнавишташон бидуни посух бимонад?
Номус, каромат, адолат ва шуҷоат аз арзишҳои муқаддаси ватандорӣ ва рамзҳои ҳомиёни воқеии миллатанд. Мардуме, ки ин арзишҳоро фаромӯш мекунад, дер ё зуд фарзандони худро низ фаромӯш хоҳад кард.
Хонандаи азиз!
Биёед, номи панҷ нафареро ба ёд биёрем, ки сарнавишташон дар чанд соли охир бо баҳсҳо, фоҷиаҳо ва саволҳои ҷиддӣ гиреҳ хӯрдааст. Панҷ нафаре, ки бисёре аз мо ном ва қиссаи онҳоро аллакай фаромӯш кардаем. Ҳатто шояд бархе аз мо дигар ба ёд намеоранд, ки онҳо кӣ буданд ва чӣ сарнавиште доштанд. Ёдамон наравад, ки паси ҳар чеҳра зиндагие ҳаст, паси ҳар зиндагӣ қиссае ва паси ҳар қисса ҳақиқате, ки набояд зери хоки фаромӯшӣ пинҳон бимонад. Мутаассифона, мо на садои худи онҳоро ба қадри кофӣ шунидем ва на садои наздиконашонро. Гӯё онҳо фарзандони ӯгайи ин миллат буданду дарди онҳо ба касе тааллуқ надошт. Онҳо барои ҳифзи номус, шараф ва каромати худ қадам гузоштанд. Ҳатто агар медонистанд, ки пушти сарашон на ҳукумати қавӣ меистад ва на миллати сарҷамъу муттаҳид, боз ҳам дар лаҳзаҳои душвор ақиб нанишастанд.
Инак, биёед, онҳоро бори дигар ба ёд орем:
1. Сайёра Дусаева
2. Саидҷон Раҷабов
3. Гулбиддин Зиёбеков
4. Имомалӣ Турдиев
5. Эҳсон Аминзода
1. Сайёра Дусаева
Ба ёд доред, ин ҳамон модари тоҷикест, ки номаш бо як ҳодисаи пурдарду баҳсбарангез пайванд хӯрд. Ҳодисае, ки масъалаи амният, дахлнопазирии ҷисмонӣ ва ҳуқуқи занро дар маркази таваҷҷуҳ қарор дод. Ёдатон бошад, дар як тарабхона марде аз Гурҷистон мехост ба номуси ӯ дастдарозӣ кунад. Тибқи нақли ин ҳодиса, Сайёра барои ҳимояи худ бо корд ба муқобили ӯ бархост ва он мард даргузашт. Мутаассифона, соли 2023 Сайёра, ин зани муҳоҷири тоҷик, ба шаш солу шаш моҳи зиндон маҳкум шуд. Сайёра танҳо як ном нест. Сарнавишти ӯ моро водор мекунад, ки дар бораи амнияти занон, ҳуқуқи онҳо ва муносибати ҷомеа бо занони осебдида андеша кунем.
2. Саидҷон Раҷабов
Саидҷон Раҷабов, марди 48-сола, тақрибан ҳаждаҳ сол пеш дар диёри ғурбат бо ҳодисае рӯ ба рӯ шуд, ки сарнавишташро тағйир дод. Тибқи нақли ин ҳодиса, дар дохили электропоезд як гурӯҳ скинҳедҳои фашист ба муҳоҷирони меҳнатии мо ҳамла карда, ҳамватанони моро мавриди латукӯб қарор дода буданд. Саидҷон, ки он замон ҷавоне буд, барои ҳимояи ҳаммеҳанони худ бархост. Дар ҷараёни муноқиша ӯ бо корд ду нафарро захмӣ кард, ки онҳо баъдан даргузаштанд. Шумо бигӯед, хонандаи азиз, вақте муҳоҷири тоҷик дар сарзамини бегона бо зӯроварӣ ва таҳдид рӯ ба рӯ мешавад, кӣ аз ҳуқуқи ӯ ҳимоят мекунад?
Дар бораи ин қазия расонаҳои Қафқоз низ гузориш дода, ба мавқеи ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд. Бархе аз ин гузоришҳо дар ҳимояти ӯ нашр шуда буданд. Шумо донеду Худо, мо, мардуми тоҷик, чӣ кардем? Оё сарнавишти ӯро пайгирӣ намудем?
Пас аз ҳаждаҳ сол, боз ҳам ношармида, дар ниҳоят ӯро ба дасти душман таслим кардем ва инак, ӯ ба бист соли зиндон маҳкум шудааст.
3. Гулбиддин Зиёбеков
Гулбиддин Зиёбеков. Ҷавонмарг. Ноябри соли 2021. Тирамоҳи хунин. Роштқалъа. Номе, ки барои бисёре аз сокинони Бадахшон ва дигар шаҳрвандони кишвар бо дарду андеша ва саволҳои беҷавоб пайванд хӯрд. Гулбиддин Зиёбеков ҳангоми амалиёти мақомоти интизомӣ кушта шуд. Марги ӯ на танҳо як хонавода, балки бахше аз ҷомеаро ба андеша водор кард. Зеро тибқи ривоятҳои паҳншуда дар бораи ҳодиса, ӯ қаблан аз духтари ҳамдиёри худ ҳимоят карда буд, ки аз ҷониби прокурори минтақа мавриди фишору таҳдид қарор дошт. Пас аз марги ӯ наздиконаш ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳқиқи воқеаро талаб карданд. Аммо, мутаассифона, марги Гулбиддин боиси афзоиши танишҳо ва фоҷиаҳои дигар низ гардид. Дар пайи ин ҳодиса чандин нафар аз фарзандони арзандаи кишвар кушта шуданд. Чаро ба ҷойи он ки ҳақиқат равшан гардад ва масъулиятҳо муайян шаванд, ҷомеа бо даргириҳо ва захмҳои амиқтари иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуд?
Гулбиддин низ фарзанди ҳамин миллат буд. Марги ӯ бояд моро ба андеша водор кунад, на ин ки боз ҳамдигарро аз ҳам дур созад.
4. Имомалӣ Турдиев
Дар бораи Имомалӣ Турдиев низ хабарҳо ва гузоришҳое паҳн шуданд, ки саволҳои зиёдеро ба миён оварданд. Тибқи ин гузоришҳо, ӯ баъди дахолат ба муноқишае, ки бо таҳқири муҳоҷирон дар автобус алоқаманд буд, ба задухӯрд кашида шуд. Дар ҷараёни ҳодиса як ҷавоне, ки дар гузоришҳо фашист номида мешуд, бо корд захмӣ гардид ва баъдан хабари марги ӯ дар беморхона расид. Гуфта мешуд, ки Имомалӣ дар дохили автобус бо афроде, ки ба муҳоҷирон муносибати таҳқиромез мекарданд, рӯ ба рӯ шудааст ва дар пайи муноқиша худ низ мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ниҳоят, ин қаҳрамони дигар, ки мо ӯро рамзи шуҷоату мардонагӣ медонем, ин ҷавони далер, моҳи январи соли 2026 ба понздаҳ соли зиндон маҳкум шуд. Яъне як ҷавони тоҷик, як қаҳрамони дигар, як сармояи миллат ба понздаҳ соли зиндон маҳкум шуд.
Мо чӣ кардем?
Мардуме, ки адолатро танҳо барои дӯстони худ талаб мекунад, ҳанӯз маънои комили адолатро дарк накардааст.
5. Эҳсон Аминзода
Эҳсон Аминзода дар тамрингоҳи Белгород кушта шуд. Наздиконаш гуфтаанд, ки ӯ барои кор ба Русия рафта буд ва маҷбуран ба тамрингоҳ бурда шудааст. Дере нагузашта, расонаҳои Русия ӯро ба ҳамлае муттаҳам карданд, ки тибқи гузоришҳо, дар он ёздаҳ нафар кушта шуданд. Чунин фоҷиа на танҳо ба як хонавода, балки ба тамоми ҷомеа низ дахл дорад. Агар ҷавоне барои кор ба кишвари бегона равад ва баъдан дар шароити пур аз савол ҷони худро аз даст диҳад, ҷомеа ҳақ дорад дар бораи вазъи ӯ, шароити ба вуҷуд омадани фоҷиа ва масъулияти ниҳодҳои дахлдор маълумоти боэътимод талаб кунад. Зеро ҳар ҷони аздастрафта арзиш дорад. Ҳеҷ модар набояд бо саволҳои беҷавоб танҳо бимонад. Ҳеҷ хонавода набояд маҷбур шавад, ки дар миёни ривоятҳои мухталиф худаш ҳақиқатро ҷустуҷӯ кунад.
Хонандаи азиз!
Панҷ ном. Панҷ сарнавишт. Панҷ қиссаи гуногун. Дар бораи ҳар кадоми онҳо саволҳои ҷиддӣ вуҷуд доранд. Дар бораи корномаи ҳар яке аз ин фарзандони миллат бояд достону романҳои алоҳида навишт. Онҳо фарзандони ҳамин мардуманд. Онҳо низ модарони мунтазир, падарони нигарон, хоҳарони дилшикаста ва бародарони чашмбароҳ доранд. Аз ин рӯ, достони ҳар яки онҳо бояд барои наслҳои имрӯзу фардои меҳан нақл карда шавад, то наслҳои баъдӣ аз корнамоиҳои эшон дарси ҷавонмардӣ, шуҷоат ва ватандорӣ биомӯзанд. Ҳар як ҷони аздастрафта сазовори эҳтиром аст. Фахри мардуми тоҷик танҳо дар шиорҳо, парчамҳо ва суханрониҳои расмӣ таҷассум намеёбад. Фахри мардуми тоҷик дар ҳифзи ҳаёт, номус, каромат ва ҳуқуқи инсон зоҳир мешавад. Ватандорӣ танҳо бо сухан аз Ватан гуфтан нест. Ватандорӣ масъулият доштан дар назди фарзандони Ватан аст. Мо бояд ҳамзамон ҳаққи қурбониёнро ҳифз кунем, аз ҳуқуқи муттаҳамон пуштибонӣ намоем ва ҳақиқатро аз паси пардаи эҳсосот ҷӯем. Парчамбардори ин арзишҳо будан масъулияти бузург аст. Агар мо худро мардуми дорои таърих, фарҳанг ва асолат медонем, бояд ин асолатро дар рафтори худ низ нишон диҳем. Нагузорем, ки номи фарзандони мардуми тоҷик танҳо дар рӯзҳои фоҷиа ба забон ояд ва баъд аз чанд сол боз ба фаромӯшӣ супурда шавад. Нагузорем, ки дарди як хонавода танҳо дар доираи хонааш маҳдуд бимонад. Нагузорем, ки масъалаҳои номус, каромат, амният ва адолат ба баҳсҳои зудгузари шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёбанд. Зеро мардуме, ки фарзандони худро фаромӯш мекунад, оҳиста-оҳиста арзишҳои худро низ аз даст медиҳад. Ва мардуме, ки арзишҳои худро аз даст медиҳад, дигар барои ҳифзи шараф ва ояндаи худ такягоҳи устувор нахоҳад дошт. Магар имрӯз вақти он нарасидааст, ки аз худ бипурсем: мо чӣ гуна мардум будан мехоҳем?
Мардуме, ки танҳо ҳангоми фоҷиа гиря мекунад ва баъд ҳама чизро фаромӯш месозад, ё мардуме, ки аз ҳар фоҷиа сабақ мегирад ва барои ҳифзи ҳуқуқу каромати фарзандони худ муттаҳид мешавад?
Биёед, хотираи худро зинда нигоҳ дорем. Биёед, ҳақиқатро талаб кунем. Биёед, барои адолат, номус ва каромати инсонӣ сарҷамъ бошем! Бо умеди пирӯзӣ бар режими золимона.

