24 ноябр — рӯзе, ки яке аз муҳимтарин рамзҳои давлатдории муосири Тоҷикистон қабул гардид. Аммо таърихи ин Парчамро бояд бо эҳтиром ба ҳамаи шахсоне бозгӯ кард, ки дар таҳия, баррасӣ ва интихоби он саҳм гузоштаанд.
Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои асосии ҳар давлати соҳибистиқлол мебошад. Он на танҳо як матои серанга, балки таҷассумгари таърих, фарҳанг, худшиносӣ ва ормонҳои миллии мардум аст. Парчами Тоҷикистон низ чунин ҷойгоҳ дорад. Аз ин рӯ, таърихи пайдоиш ва қабули он бояд бо такя ба далелҳои таърихӣ, санадҳо ва саҳми воқеии иштирокдорон баён карда шавад. Пас аз эълони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар соли 1991 зарурати бознигарӣ ва қабули рамзҳои нави давлатӣ ба миён омад.
28 июни соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ қарор қабул карда, барои таҳия ва баррасии онҳо комиссияи махсус таъсис дод. Ин иқдом яке аз қадамҳои аввалин дар роҳи таҳияи рамзҳои нави давлатии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. 12 ноябри соли 1991 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани озмун барои таҳияи рамзҳои нави давлатӣ, аз ҷумла Парчам, қарор қабул кард. Ҳадаф пайдо намудани тарҳе буд, ки ба шароити нави давлатдорӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик мувофиқат кунад. Барои баррасии пешниҳодҳо комиссияи махсус таъсис дода шуд. Дар ин раванд олимон, донишмандон, рассомон, санъатшиносон ва намояндагони соҳаҳои гуногун иштирок карданд. Тибқи маълумоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ба озмун зиёда аз 200 тарҳ пешниҳод гардида буд. Баррасии онҳо кори масъулиятнок ва мураккаб ба ҳисоб мерафт, зеро масъала танҳо интихоби се ранг набуд, балки зарурати муайян намудани симои рамзии давлати тозаистиқлол дар миён қарор дошт.
Дар таърихи таҳияи Парчами имрӯзаи Тоҷикистон нақши академик Муҳаммад Осимӣ бояд бо ҷойгоҳи воқеии таърихии ӯ арзёбӣ шавад. Муҳаммад Осимӣ, ки он замон президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд, раиси комиссияи махсус оид ба таҳияи рамзҳои нави давлатӣ интихоб гардида буд. Ин масъулият танҳо вазифаи расмӣ набуд. Комиссия бояд пешниҳодҳои гуногунро меомӯхт, арзиши таърихию фарҳангии онҳоро баррасӣ мекард ва барои интихоби тарҳи муносиб хулосаи касбӣ пешниҳод менамуд. Дар баробари Осимӣ, академик Фозил Тоҳиров, шоир Муъмин Қаноат ва дигар олимону вакилони мардумӣ низ дар ин раванд саҳм доштанд. Муҳаммад Осимиро наметавон аз таърихи Парчами Тоҷикистон канор гузошт ё саҳми ӯро танҳо ба зикри номи як иштирокдор маҳдуд кард. Раисии комиссия ва масъулияти роҳбарии он яке аз воқеиятҳои муҳими таърихи таҳияи рамзҳои давлатӣ мебошад.
Рассомон ва муаллифони тарҳи Парчам
Дар баробари фаъолияти комиссия, гурӯҳи кории эҷодӣ низ дар таҳияи тарҳи ниҳоии Парчам нақши муҳим дошт. Тибқи маълумоти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ, дар ин раванд шахсони зерин иштирок кардаанд:
– Зуҳур Ҳабибуллоев — Рассоми халқии Тоҷикистон ва роҳбари гурӯҳи кории рассомон.
– Александр Заневский — рассом ва иштирокдори таҳияи тарҳ.
– Лариса Додхудоева — санъатшинос ва мутахассиси соҳаи фарҳанг.
– Ирина Игнатушина — санъатшинос ва мутахассиси соҳаи санъат.
– Маҳмадулло Сайдалиев — шахсе, ки дар як қатор сарчашмаҳои расмӣ ҳамчун муаллифи бевоситаи Парчам зикр шудааст.
Дар баъзе сарчашмаҳо тарҳи интихобшуда ба гурӯҳи корӣ нисбат дода мешавад ва дар баъзеи дигар саҳми бевоситаи рассомон ҷудогона таъкид мегардад. Аз ин рӯ, дуруст аст, ки ҳам саҳми гурӯҳи эҷодӣ ва ҳам саҳми шахсии ҳар як иштирокдор эътироф карда шавад. Маҳз чунин муносибат имкон медиҳад, ки таърихи Парчам бе таҳрифи нақши шахсиятҳо ва бе азхуд кардани заҳмати дигарон бозгӯ гардад.
24 ноябри соли 1992 — қабули Парчами давлатӣ
4 сентябри соли 1992 комиссияи масъули таҳияи рамзҳои давлатӣ тарҳҳои беҳтаринро баррасӣ ва тасдиқ намуда, онҳоро барои муҳокима ва қабули ниҳоӣ ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. Пас аз баррасии пешниҳодҳо ва анҷоми корҳои омодагӣ, масъалаи қабули рамзҳои нави давлатӣ ба марҳилаи ниҳоӣ расид.
24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд, дар Қасри Арбоб, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами нави давлатиро қабул кард. Бо ин қарор Тоҷикистон соҳиби Парчами нави давлатӣ гардид, ки то имрӯз ҳамчун рамзи расмии давлат истифода мешавад. Бояд таъкид кард, ки қабули Парчам натиҷаи як раванди чандмарҳилаӣ буд: пешниҳоди тарҳҳо, фаъолияти комиссия, баррасии мутахассисон, кори гурӯҳи эҷодӣ ва дар ниҳоят қарори мақомоти олии қонунгузор. Аз ин рӯ, таърихи қабули Парчамро ба фаъолияти як шахс ё як мақоми алоҳида маҳдуд кардан аз нигоҳи таърихӣ дуруст нест.
Маънои рангҳо ва рамзҳои Парчам
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат аст: сурх, сафед ва сабз. Дар маркази рахи сафед тоҷи заррин ва болои он ҳафт ситора ҷойгир шудаанд. Ранги сурх дар тафсирҳои расмии рамзҳои давлатӣ бо мубориза, ҷоннисорӣ ва талоши мардум барои озодӣ ва истиқлолият пайванд дода мешавад. Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти нек ва орзуҳои неки мардум маънидод мегардад. Ранги сабз ифодагари табиати сабзу хуррам, ободӣ, меҳнат ва саъю кӯшиши мардум мебошад. Тоҷ рамзи давлатдорӣ ва соҳибихтиёрӣ буда, бо номи таърихии Тоҷикистон ва маънои тоҷдорӣ иртибот дорад. Ҳафт ситора дар тафсири маъмули расмӣ ҳафт минтақаи таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ифода мекунанд: Суғд, Зарафшон, Ҳисор, Рашт, Вахш, Хатлон ва Бадахшон. Ин рамзҳо дар маҷмӯъ симои давлати тоҷикон ва арзишҳои таърихию фарҳангии онро таҷассум мекунанд.
Парчам моли як шахс ё як ҳукумат нест
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки ҳангоми бозгӯ кардани таърихи рамзҳои давлатӣ бояд ба назар гирифта шавад, фарқ гузоштан байни давлат, миллат ва ҳукумати сиёсӣ мебошад. Парчами давлатӣ рамзи тамоми Тоҷикистон ва шаҳрвандони он аст. Он ба як шахс, як ҳизб ё як давраи сиёсӣ тааллуқ надорад. Шахсиятҳои сиёсӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихи давлат метавонанд дар қабули қарорҳо иштирок дошта бошанд, аммо ин воқеият набояд бо саҳми олимон, рассомон, мутахассисон ва вакилони мардумӣ омехта карда шавад. Эҳтиром ба Парчам маънои онро надорад, ки шаҳрвандон бояд фаъолияти ҳар як ҳукумат ё роҳбари сиёсиро бечунучаро ҷонибдорӣ кунанд. Ҳамзамон, муносибати интиқодӣ ба сиёсати ҳукумат набояд бо беэҳтиромӣ ба рамзҳои миллӣ омехта гардад. Парчам аз доираи баҳсҳои сиёсӣ болотар аст. Он рамзи умумии давлат ва мардуми Тоҷикистон мебошад.
Таърихи Парчами давлатии Тоҷикистон таърихи заҳмати олимон, донишмандон, рассомон, санъатшиносон ва намояндагони мардум аст. Дар ин таърих номи академик Муҳаммад Осимӣ ҳамчун раиси комиссия, Зуҳур Ҳабибуллоев ҳамчун роҳбари гурӯҳи кории рассомон ва Маҳмадулло Сайдалиев ҳамчун муаллифи бевоситаи Парчам дар сарчашмаҳои таърихӣ ҷойгоҳи муҳим доранд. Ҳамчунин саҳми дигар иштирокдорон набояд фаромӯш шавад. Бозгӯ кардани ин воқеиятҳо на танҳо эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ, балки масъулият дар назди наслҳои оянда мебошад.
Парчами Тоҷикистон рамзи миллат аст, на рамзи як шахс. Таърихи он низ бояд таърихи воқеии ҳамаи онҳое бошад, ки барои офаридан ва қабул гардидани ин рамзи миллӣ заҳмат кашидаанд.
Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи-24

