Дархости фаврӣ барои пешгирии ихроҷи Саидтаиб Саидмамадов ба Тоҷикистон
Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи-24 тасдиқ менамояд, ки Саидтаиб Саидмамадов аз фаъолон ва ҷонибдорони ин ҳаракати мухолифи ҳукумати Тоҷикистон буда, дар барномаҳо ва пахшҳои мустақими сиёсӣ иштирок намуда, сиёсати ҳукумати Раҳмонов-ро ошкоро танқид кардааст. Мо нигаронии ҷиддии худро аз эҳтимоли ихроҷи ӯ ба Тоҷикистон изҳор менамоем, зеро бинобар фаъолияти сиёсиаш хатари воқеии боздошт, шиканҷа ва маҳрум шудан аз озодӣ ба ӯ таҳдид мекунад. Таҷрибаи таъқиби фаъолони Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи-24, аз ҷумла ҳукмҳои тӯлонии зиндон нисбат ба аъзои он ва сарнавишти Умаралӣ Қувватов, ки соли 2015 дар Истанбул кушта шуд, далели ҷиддии нигаронӣ мебошад.
Аз мақомоти Олмон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки бо дарназардошти хатари таъқиби сиёсӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамадов ба Тоҷикистон пешгирӣ намуда, масъалаи ҳимояи ӯро ҳамаҷониба баррасӣ намоянд.
Рақам: 036/026
Бо эҳтиром, Дилшод Шарипов
Роҳбари Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи-24
Кёлн, Олмон


