11.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Созмони «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон»

Созмони “Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон” санаи 17-уми июли соли 2014 бо ҳамкории раҳбари «Гурӯҳи 24» Қувватов Умарали, Иброҳимов Мақсуд, Шарифов Каромат (ҳамчун мушовир), ва дигарон дар шаҳри Маскав оғоз ба фаъолият кард. Роҳбари созмони навбунёд, якдилона Иброҳимов Мақсуд интихоб шуд. Ҳадафи ин ҳаракати навбунёд ҳимояти муҳоҷирони меҳнатӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон, муайян кардани сабабҳои аслии муҳоҷират дар Тоҷикистон, мубориза алайҳи ҳукумати худкомаи Раҳмонуф, ва ҳамзамон сохтани як кишвари пешрафта бидуни содироти муҳоҷирати кории тоҷик. Созмон тавонист дар як муддати кӯтоҳ ҷавонони муқими Русияро ба худ ҷалб кунад. Ба гуфтаи Иброҳимов Мақсуд, “Як нафарро шикастан осон, вале мутаҳидии мо Ҷавонони Тоҷикистон дар муҳоҷират, ин пирӯзии мост, ва ҳаргиз нахоҳад шикаст”. Ҳамзамон дигар ҷавонон аз ноадолатии иҷтимоии ватан ва набудани шароит барои ҷавонон фикру андешахои худро иброз мекарданд. Бетарафии ҳукумат нисбати шаҳрвандони дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар давлати Русия буда, набудани ҷойҳои корӣ дар ватани хеш, дур будан аз падару модар, зану фарзанд, поймол гардидани ҳақу ҳуқуқи муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистониён дар давлати Русия, фасод дар Тоҷикистон, ва дигар мушкилотҳое, ки Точикистонро фаро гирифтааст, мавриди гуфтугӯ қарор гирифт. Созмони сиёсии «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон» қасд дошт, дар давлати Русия сабти ном шавад ва таъсиси рӯзномаву маҷаллаи худро низ ба рох монад. Ташаббускорони созмони сиёсии «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон» фаъолияти худро бо ҳамкории зич бо «Гурӯҳи 24» оғоз карда, чандин сафар дар шаҳрҳои калонтарини давлати Русия: Санкт-Петербург, Самара, Екатеринбург, Новосибирск ва Кемерово анҷом доданд ва бо муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистониён вохуриҳо гузарониданд.

Ҳамчунин дар моҳи октяби соли 2014, Иброҳимов Мақсуд ба Вазорати адлияи Русия барои бақайдгирии созмони навтаъсиси сиёсӣ муроҷиат кард, вале мутаасифона аз ҷониби мақомоти Русия ин пешниход рад шуд, зеро ҳукумати худкомаи Раҳмонов аз ин созмони навтаъсиси сиёсӣ сахт нигарон буд. Ба ҳамин хотир аз ҳукумати Русия, хоҳиш кард, то ин ҳаракатро ба қайд нагирад.

(Навор)

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза