25.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Ҳукми ноодилонаи Додгоҳ нисбати рӯзноманигор Далери Имомалӣ

Ҳукми ноодилонаи Додгоҳ нисбати рӯзноманигор Далери Имомалӣ

Режими саркӯбгари Раҳмонов ба хомӯш кардани охирин шарораҳои озодӣ дар кишвар идома медиҳад. Низоми ҷинояткор пас аз қатлу куштори мардуми озодихоҳи Бадахшон ба таъқибу боздошти рӯзноманигорон ва блогнависони ҳақиқатнигор шурӯъ кард, то касе дигар ҷуръат накунад ки дар бораи камбудиҳои ҷомеа лаб кушояд. Дар ним соли охир дар Тоҷикистон ҳафт нафар рӯзноманигору блогнавис боздошт шуданд, ки ду нафари онҳо: Муҳаммад Султон ба муддати 8 сол ва Абдулло Ғурбатӣ ба муддати 7,5 сол равонаи зиндон шуданд. Инак рӯзноманигор Далери Имомалӣ ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

“Гуноҳ”- и рӯзноманигор Далери Имомалӣ ба мисли дигар рӯзноманигорону блогнависони боздоштшуда дар он буд, ки аз мушкилоти мардум ва нуқсу камбудиҳои ҷомеа сухан мегуфт. Вале режим барои ба зиндон равон кардан нисбати ӯ, ба мисли дигар рӯзноманигорону блогнависони озодандеш парвандаи сохта ва тақаллубӣ боз кард. Мақомот ӯро ба даст задан ба соҳибкории ғайриқонунӣ, дидаву дониста расонидани хабари бардурӯғ ва узвият ба Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 ‘ муттаҳам кард. Худи Далери Имомалӣ ба ҷуз аз даст задан ба соҳибкории ғайриқонунӣ дигар иттиҳомотро напазируфт. 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ қаблан ҳам эълон карда буд ва бори дигар эълом медорад, ки рӯзноманигор Далери Имомалӣ бо ” Гурӯҳи 24″ ҳеҷ робитае надорад. Мақомот бо ин кори худ  аввалан мехоҳад зиндонӣ шудани Далери Имомалиро ” асоснок” кунад ва баъдан ба боло ҳисобот диҳад, ки алайҳи мухолифин мубориза мебарад. Вагарна танҳо бо гуноҳи даст задан ба соҳибкории ғайриқонунӣ як нафар рӯзноманигорро чи гуна метавон ба муддати 10 сол равонаи зиндон кард. 

Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 аз ҷомеа шаҳрвандии Тоҷикистон, созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамояд, ки нисбати саркӯб шудани рӯзноманигорони озодандеши кишвар бетараф набошанд ва ба ҳодисаҳои ахири аз байн бурдани охирин шарораҳои озодии баён матбуот аз ҷониби режими саркӯбгари Раҳмонов баҳои сазовор диҳанд.


Режими мустабиди Раҳмонов аз кӯчактарин шарораи озодандешӣ ва ҳақиқат сахт метарсад, зеро медонад, ки бедор шудани мардум метавонад ба сарнагун шудани ин Кохи истибдод анҷомад. Вале таърих исбот кардааст, ки пояи зулму ситам бақо надорад. Он рӯз дур нест, ки мардум барои расидан озодӣ ба истиқлоли комил омода хоҳад шуд.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 “

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза