28.1 C
Dushanbe
17.05.2024

Бояд сароғоз Раҳмонов барканор ва муҷозот шавад, то роҳ барои барканорӣ ва муҷозоти Холдоров ва ӯ баринҳо ҳамвор гардад!

Инак аз таҳқир, таҳдид, ҷиноят ва беадабии Шокир Холдоров, як масъули бахши расму оин ва танзими ҷамоати “Чоряккорон”-и ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар торихи 7-уми октябр вориди масҷиди Меҳробод шуда, намозгузоронро бо қабеҳтарин алфоз фуҳш дода ва таҳдидҳо карда буд, алакай 10 рӯз гузашт. Бо гузашти 10 рӯз аз ин ҷиноят ҳеҷ маҳкумият, маҳрумият ва ҷавобгарии ҷиноие аз тарафи мақомот нисбат ба Холдоров сурат нагирифтааст. Танҳо баъди 10 рӯз, бо такя ба гузориши радиои “Озодӣ”, Холдоров аз худ дарак дод ва баён кард, ки гӯиё ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда ва ба миқдори 500 сомонӣ ҷарима шудааст. Дар ҳоле ки Холдоров бо истифода аз ваколати хизматияш мардумро таҳдид ва бӯҳтон ба салафият мекард, ки ин ҳам худ айни ҷиноят аст. Дар ин гузориши наворӣ Холдоров ба ҷинояти кардаи худ иқрор варзида ва пушти ному мақом ва амру фармон ва сиёсати Раҳмонов паноҳ мебурд ва исрор меварзид, ки амали кардаи ӯ ҷуз фаҳш доданаш, дигар расмӣ ва қонунӣ буд! Дар ҳоле ки, ҷаноби Сияршоҳ Саидаҳмадов, раиси маҳаллаи Меҳрободи ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ дар сӯҳбат ба радиои “Озодӣ” гуфт: “Ин масҷиди панҷвақта ҳамаи санадҳои лозимаро дошт ва бинои он бо маблағу қувваи мардум сохта шудааст”.

Раванди зидди мардумӣ, зидди динӣ ва раванди бастани масоҷид, тарошидани риши мардон, кашидани ҳиҷоб, таҳқири диндорон ва дигарандешон ва амсоли ин, мустақиман аз ҷониби шахси президент – Раҳмонов тарҳрезӣ шуда ва махсус бо қарору фармони бевоситаи ӯ роҳандозӣ шудааст, ки борҳо шахсан аз минбарҳои давлатӣ, телевизюнӣ ва бо истифода аз мақомаш ба ин кори ношоиста ва хилофи қонун дахолат карда, тобеъини худро ба анҷоми ин авомири шум фармон ва таҳрик кардааст, ки бо вуҷуди президент буданаш , хилофи моддаҳои: 1, 5, 8, 10, 14, 17, 18, 25, 26, 29, 30, 64 ва 67-уми, қонуни асосии кишвар (Сарқонун) амал кардааст.

Моддаи 10-ум: “Конститутсия Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд”. Мувофиқи ин модаи қонуни асосии кишвар ҳар амру фармон ва ҳар қарору қонуне, ки хилофи Сарқонун бошад, чӣ аз ҷониби як масъули кумитаи дин, мақомоти кишвар ва ё чӣ аз ҷониби шахси президент содир гардад, эътибори ҳуқуқӣ надорад ва мардуд аст ва дар сурати амалӣ кардани он муртакиби ҷинояте шудаанд ва бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд, на ба ҷавобгарии маъмурӣ!

Моддаи 14: “Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.”

Моддаи 64: “Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд…мебошад.” Моддаи 67: «Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям» Ягона ҳомӣ ва ҳофизи ҳуқуқи шаҳрвандон ва кафили ҳуқуқу озодиҳо ва шарафи мардум Сарқонуни кишвар ва президент мебошад, ки шахси президент дар навбати худ салоҳияти ҳимоят ва риоят аз Сарқонунро дорост!

Вақте худи президент хилофи қонун амал кунад ва тобеинаш дар ин кори шум аз ӯ пайравӣ кунанд ва аз ҷониби ӯ дар анҷоми он таҳрик гарданд ва боз пушти ҷоҳу мақоми ӯ паноҳ баранду дар зимн ҳуқуқи мардумро поймол кунанд ва ба таҳқиру фаҳш ба мардум машғул гарданд , пас ин шаҳрвандони ҷабрдида бояд ба кӣ шикоят баранд?! Дар ин маврид, роҳи ҷинояткорони пайрави президент бозтар мегардаду дасташон дар ҷиноят дарозтар ва умеди мардум аз қонуну ҳомиёни қонун канда мегардад! Аз ин рӯ, бояд сароғоз Раҳмонов барканор ва муҷозот шавад, то роҳ барои барканорӣ ва муҷозоти Холдоров ҳамвор гардад!

Моддаи 17: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, ЭЪТИҚОДИ ДИНӢ, МАВҚЕЪИ СИЁСӢ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад”. Ҳоло, ин мардуми ҷабрдида ва таҳқиршудаи ҷамоати “Чоряккорон” ва дигар шаҳрвандони таҳқиршуда ва ҳуқуқбохта кафолати ҳуқуқи аздастрафтаи хешро аз кӣ бозҷӯ шаванд?! Оё имкон дорад боз ҳам ба худи президент ва тобеинаш,ки худ сарчашмаи ин ҳама разолатанд, шикоят баранд? Оё рафтори Холдоров воқеан барангезандаи бадбинӣ ва эҷодгари хусумати динӣ набуд? Оё магар ин сабаби нафрати мардум нисбат ба ҳукумат намегардад? Оё воқеан ин гуна рафтор аз ҷониби қонун манъ нашудааст ? Оё Холдоров иқрор нашуд , ки ин сиёсати ҷаноби президент аст ва бояд амалӣ шавад?! Ва ин ҳам боз қонун, ки чунин рафтор ва бархурдро манъ кардааст:

Моддаи 30: “Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”. Агар фаразан ҳамин кор баръакс мешуд ва ҷои як намояндаи кумитаи дин ва ё ҳукумат як шаҳрванди одӣ мешуд ва назди биное аз биноҳои идории ҳукумат мерафту бо хитоб ва адами адаб фуҳш медоду мегуфт: ин бинои шумо ва ин кори шумо ба манфиъати мардум нест ва бояд баста шавад ! Бо ӯ чӣ мекарданд?! Оё ӯро ҳам ба ҷавобгарии маъмурӣ мекашиданд ва 500 сомонӣ ҷарима мекарданд ва ё 25-30 сол равонаи зиндонаш мекарданд? Қазоват аз шумост. Ё ин ки Раҳмонову хонаводааш аз Худову Паёмбару дину масҷид азизтар ва болотаранд, чун Холдоров ба ин ҳама иҳонат кард ва дар баробараш гуфтанд: дар ин ҳеҷ ҷинояте дида намешавад, то ки боздошт шавад, вале зиёд нафарон бо “ҷурм”-и таҳқири президент ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.

Аз ҷиҳати дигар худро мусалмон эълон мекунаду анбону асояшро гирифта , дар кишварҳои мусалмонӣ дарюза мезанад! Барои мисол: “дар ҳамоиши дуввумин форуми иқтисодӣ ва ҳамкории кишварҳои арабӣ бо Осиёи марказӣ, ки 16-уми октябр бо иштироки намояндагони 28 кишвари арабиву Осиёи Миёна ва Озарбойҷон баргузор шуд, раисҷумҳури Тоҷикистон аз мизони ками сармоягузории арабҳо изҳори норизоият кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишварҳои арабӣ беҳтар аст ба ҷойи нигоҳ доштани “триллионҳояшон” дар Ғарб, онро барои рушди кишварҳои мусалмонӣ сарф кунанд.” Ин ҳама дар ҳолест , ки зердастонаш вориди амокини муқаддас шуда ва мусалмононро дашному таҳқир мекунанд ва зуди Раҳмонов аз чунин минбарҳо ҷор мезанад, ки эй арабҳо! Эй мусулмонҳо! ба мо таваҷҷӯҳ кунед ва моро кӯмак кунед, мо ҳам” алҳамдилуллоҳ” мусулмонем. Вале ин бори аввал ва охир ҳам нест, ва вазъ гар чунин будӣ, ва ҳомиён ва пуштибоне чун президент доштӣ, пас аз афзоиши “Холдоровҳо” интизор бошед . Вале мардум бояд дар ин гуна бархӯрд ва ин гуна вазъ чӣ кор кунад?!

Абдурраҳмон Б.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза