15.1 C
Dushanbe
05.05.2024

Суханронии Муовини раиси Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ Ҳусейн Ашӯров дар Конфронси солонаи САҲА

Суханронии Муовини раиси Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ Ҳусейн Ашӯров дар Конфронси солонаи САҲА

Имрӯз, 27 сентябр Муовини раиси Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Ҳусейн Ашӯров дар Конфронси солонаи Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо дар мавзӯи “Интихоботи демократӣ” суханронӣ кард.

Ӯ нахуст ба мафҳуми “интихоботи демократӣ” ва моҳияти он дар ҳаёти ҷомеа равшанӣ андохта, таъкид намуд, ки интихобот дар бархе аз кишварҳои ба ном демократӣ ба “саҳнасозӣ” табдил ёфтааст ва
шаффофу тибқи меъёр доир намешавад. Баъдан, ӯ дар бораи чигуна баргузор шудани интихобот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид намуд, ки аз сабаби мавҷуд набудани мухолифин дар Тоҷикистон интихоботҳо озоду шаффоф баргузор намешаванд.

Барои тақвияти суханони худ Ҳусейн Ашӯров интихоботи президентии соли 2020 дар Тоҷикистонро мисолҳо овард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар ин интихобот ҳарчанд ба ҷуз аз Раҳмонов 4 номзади дигар иштирок карданд, вале онҳо номзадҳои алтернативӣ набуданд. Танҳо як нафар: Фаромарз Иргашев аз Бадахшон кӯшиш кард, ки номзадии худро пешниҳод кунад, вале ӯро ба интихобот роҳ надоданд. Дар ҳоли ҳозир Фаромарз Иргашев дар зиндон қарор дорад.

Дар интихоботи мазкур баҳсҳои воқеии сиёсӣ ва рақобат вуҷуд надошт. Он таҳти фишор сурат гирифт ва интихобкунандагонро маҷбур мекарданд, ки ба Раҳмонов овоз диҳанд. Муовини раиси Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба самъи ҳозирин расонд, ки Раҳмонов бори панҷум аст номзадии худро дар интихоботи президентӣ пешниҳод мекунад. Барои қонунӣ кардани ин борҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Интихоботҳои порлумонӣ ҳам дар Тоҷикистон айнан ба ҳамин сурат доир мешаванд.

Дар фароварди сухан Ҳусейн Ашӯров изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон интихоботҳо дар доираи меъёрҳои демократӣ доир намешаванд ва аз ин сабаб ҳам нозирони байналмилалӣ ҳеҷ як аз интихоботҳои солҳои раҳбарии Раҳмонов дар Тоҷикистонро эътироф накарданд.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 “

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза