Мулоқоти намояндагони «Гурӯҳи 24» бо собиқ вазири корҳои хориҷии Маҷористон дар шаҳри Гданск

Роҳбари «Гурӯҳи 24» Дилшод Шарипов ва сухангӯи ҳаракат Сайидалӣ Ашӯров дар Институти Лех Валенсаи шаҳри Гдански Лаҳистон бо Петер Балаж, собиқ вазири корҳои хориҷии Маҷористон, мулоқот намуданд.

Зимни ин дидор ҷонибҳо атрофи масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи башар, мардумсолорӣ ва вазъи озодиҳои сиёсӣ табодули назар карданд.

Дар рафти суҳбат аҳамияти эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, таҳкими арзишҳои мардумсолорӣ ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди ҷомеаи озод мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин, чунин мулоқотҳо барои баёни андешаҳо ва таҷрибаҳо, барқарор намудани робитаҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои ҳуқуқи башар ва демократия заминаи муҳим фароҳам меоранд.

«Гурӯҳи 24» иштироки намояндагони худро дар чунин нишастҳо ва мулоқотҳои байналмилалӣ ҷиҳати муаррифии мавқеи ҳаракат ва баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон муҳим арзёбӣ мекунад.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза