16.1 C
Dushanbe
03.05.2024

Барномаи ” Взгляд “

Дар нишасти ” Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ” , ки перомуни вазъи ҳуқуқи башар дар кишварҳои узви ин созмон ҳамасола дар шаҳри Варшав, пойтахти Лаҳистон аз 11-ум то 22-уми сетябр баргузор мегардид , ровии барномаи “Взгляд” – Файзуллоҷон Сафаров ширкат дошт. Файзуллоҷон Сафаров, намояндаи ҳаракати “Гурухи 24”, “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, “Озоди ва Адолат” дар қаламрави Русия , ва яке аз муҷриёни барномаи “Взгляд “, дар ҳошияи нишасти имсола аз созмони мазкур барномаи “Взгляд”-ро дар дохили бинои “САҲА” баргузор кард. Дар ин барнома, назари Томас Реймар, сухангӯи ODIHR , Сергей Мархел ва дигар ширкаткунандагон оиди нишасти имсола пурсида шуд. Меҳмонони барномаи ин ҳафтаинаи “Взгляд ” перомуни салоҳиятҳо ва масъулияту таъсири имсолаи САҲА сӯҳбатҳои дидание анҷом доданд. Барномаи “Взгляд” (дидгоҳ) маъмулан дар шаҳрҳои Русия гузаронида мешуд ва ду намояндаи мо: Файзуллоҷон Сафаров ва Меҳрубон Сатторов муҷриён ин барнома мебошанд. Нишасти имсола аз “Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо “аз 11-ум то 22-юми сентябр баргузор гардид, ки намояндагони “Гурӯҳи 24” бо роҳбарии мушовири роҳбари гурӯҳ – Сайидалӣ Ашӯров иштирок карданд.

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза