Ҳайати Гурӯҳи-24 аз 5 то 15 октябри соли 2026 дар Конфронси Варшава оид ба ченаки инсонӣ (Warsaw Human Dimension Conference 2026), ки дар шаҳри Варшаваи Ҷумҳурии Полша баргузор мешавад, ҳозир шуданд.
Намояндагони Гурӯҳи-24 дар ин минбари байналмилалӣ масъалаҳои марбут ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон, аз ҷумла маҳдудияти озодии баён, таъқиби фаъолони сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, фишор ба мухолифони сиёсӣ ва дигар мушкилоти вобаста ба риояи ҳуқуқи шаҳрвандонро матраҳ хоҳанд кард.
Конфронс таҳти раёсати Швейтсария дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва бо дастгирии Дафтари САҲА оид ба ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) баргузор мегардад.
Дар ин ҳамоиш намояндагони 57 кишвари узви САҲА, ниҳодҳои САҲА, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаҳои демократия, волоияти қонун, ҳуқуқу озодиҳои бунёдӣ, мубориза бо табъиз ва таҳаммулнопазирӣ, масъалаҳои башардӯстона ва баробарии гендериро баррасӣ мекунанд.
Иштироки Гурӯҳи-24 дар ин ҳамоиш имкон медиҳад, ки вазъи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ матраҳ гардида, таваҷҷуҳи кишварҳои узви САҲА, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба он ҷалб карда шавад.
Мо шуморо аз рафти конфронс, суханрониҳо, мулоқотҳо ва масъалаҳои муҳиме, ки ҳайати Гурӯҳи-24 матраҳ мекунад, пайваста огоҳ хоҳем кард.

