14.1 C
Dushanbe
03.05.2024

Вакилу судиҷрочии зиндонӣ Шамсиддинов ба “Гурӯҳи 24” ҳеҷ рабте надорад!

8 июн расонаҳо навиштанд, ки вакилу судиҷрочии  пешин Саиднуриддин Шамсиддинов, ки аллакай моҳи декабри соли 2020 барои қаллобӣ,   муомилаи ғайриқонунии замин ва паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум шудааст, ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати сиёсии  “Гурӯҳи 24” дар Тоҷикистон  айбдор карда мешавад. Ҳамзамон, вакили дифои айбдоршаванда Файзи Олӣ гуфт, ки зерҳимояи ӯ ҳеҷ гоҳ ба “Гурӯҳи 24” муроҷиат накардааст ва танҳо ба сомонаи Президенти Тоҷикистон дар бораи худсарии мақомоти маҳаллӣ ва мурофиаҳои ноодилона дар минтақаҳо хабар додааст.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” низ дар навбати худ суханони Шамсиддиновро тасдиқ намуда, ба таври расмӣ изҳор медорад: ӯ ҳеҷ гоҳ ба мо муроҷиат накардааст, мо бо ҳам ягон кори муштараке надоштем ва дар маҷмӯъ ин шахс ба Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”  ҳеҷ рабте надорад!

Мо бори дигар боварӣ ҳосил намудем, ки мақомот аз афзоиши рӯзафзӯни  маъруфияти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”  нигарон ҳастанд. Ба хотир овардани  воқеаи боздошти се мактаббача дар яке аз мактабҳои Истаравшан пас аз тамошои навори мо дар шабакаи YouTube, ки дар натиҷаи он мактаббачагон ва волидайнашон ҷазо гирифта, мудири маориф аз вазифааш барканор карда шуд, кофӣ аст.

Ва акнун, зоҳиран, барои мақомот зарур аст то бори дигар хотиррасон кунанд, ки ҳамкорӣ бо як ҳаракати сиёсии мухолиф чӣ пайомадҳое хоҳад дошт. Ва бо ин иттиҳомот ва оғози парвандаи нави ҷиноӣ алайҳи Саиднуриддин Шамсиддинов, думравони Раҳмонов тасмим гирифтанд, ки ” бо як тир ду нишон зананд”: ба мардум ҳушдор диҳанд, ки ҳар гуна иртибот бо Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба ҷазои шадид дучор хоҳад шуд ва ҳамчунин  нишон диҳанд, ки мақомот роҳи саркӯб кардани ҳар  муборизи роҳи адолатро пайдо намуда,  ӯро равонаи зиндон мекунанд. Вагарна гуноҳи  иртибот бо Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” алайҳи Шамсиддиновро наметавон ба таври дигар шарҳ дод, зеро ин иттиҳомот комилан беасосанд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза