13.1 C
Dushanbe
27.04.2024

Табрикоти “Гурӯҳи 24” ба муносибати қудуми моҳи Рамазон

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24″ қудуми моҳи раҳмату мағфиратро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва мусалмонони дунё табрику таҳният мегуяд.
Моҳи мубораки Рамазон фазилатҳои бешуморе дорад, ки ба зикри чанде аз он фазилатҳо иктифо хоҳем кард. Яке аз бузургтарин фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон он аст, ки дар ин моҳ Қуръони карим нозил шудааст. Худованд фармудааст:
“Моҳи Рамазон моҳест, ки Қуръони карим барои ҳидояти инсонҳо дар он нозил шуда аст”.
Ин моҳ, моҳи Худо ва меҳмонии уммати Паёмбари акрам (с.а) хонда шудааст. Худованди Мутаъол аз бандагони худ дар ин моҳ дар ниҳояти каромат ва меҳрубонӣ пазироӣ мекунад. Ва инчунин омадааст: “Ҳар касе, ки ин моҳро комилан рӯза бидорад, бар Худо воҷиб аст, ки ҳамаи гуноҳонашро биомурзад, бақияи умрашро тазмин кунад ва ӯро аз ташнагии дардноки рӯзи қиёмат наҷот диҳад”. Аз ин сабаб моҳи мубораки Рамазон дар миёни мусалмонон аз эҳтиром, аҳамият ва ҷойгоҳи хоссае бархурдор аст. Мусалмонон бо ҳулули ин моҳи муборак бо шуру иштиёқ, хайру саховат, ифтор ба ниёзмандон, шабзиндадорӣ, тиловати Қуръони карим, дуо, истиғфор ва тавба, додани садақа ва рӯзадорӣ маънавиёти худро аз сарчашмаи файзи илоҳӣ сероб мегардонанд.
Зикри фазилатҳои моҳи мубораки Рамазон дар рӯи чанд сатре имкон нопазир аст, вале зикри баъзе аз онҳо аз назари Қуръони карим ва ҳадисҳои муборак холӣ аз фоида нест.
Илова бар ҷанбаи моддӣ ва ҷисмӣ, инсон дорои буъди маънавӣ ва руҳӣ ҳам ҳаст ва ҳар кадом дар расидан ба камоли ҳадафи худ, барномаҳои муайянеро ниёз доранд. Яке аз ин барномаҳо барои тақвият ва рушди буъди маънавӣ, тақво ва парҳезгорӣ аст. Агар инсон бихоҳад худашро аз ҷанбаи маънавӣ рушд ва парвариш диҳад ва ба камоли матлуб бирасонад, бояд ҳавои нафси худро маҳв кунад ва монеъаҳои рушдро аз роҳи худ бибардорад ва худро саргарми лаззатҳо ва шаҳватҳои нафсонӣ нагардонад. Муҳимтарин амале, ки дар ин росто муассир ва муфид мебошад, рӯза доштани моҳи мубораки Рамазон аст. Чуноне, ки дар ҳадиси шариф омадааст “Рӯза бигиред то солим бимонед”. Фазилат ва савобҳое, ки оиди моҳи мубораки Рамазон ва рӯзадорӣ зикр гардид, барои касоне аст, ки ҳақиқати онро дарк мекунанд ва муҳтавои онро дар амал, гуфтор ва кирдори хеш татбиқ менамоянд.
Моҳи мубораки Рамазон имсол дар дарозтарин ва гармтарин рӯзҳои сол мутобиқ меояд, ки душвориаш аввалан болои муҳоҷирони меҳнатӣ, маҳбусон, аскарон, оилаҳои камбизоат ва баъд ба оммаи мардуми кишвар имтиҳони бузурге мебошад. Тоифаҳои зикршуда барои ифтор дар ин моҳ аз хуроки гарму муносиб маҳруманд, зеро сабабҳои зиёде аст, ки монеъи он мегардад. Бо вуҷуди ҳамаи ин душвориҳо мардуми мусалмони тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар ҳамаи душвориҳоро таҳаммул намуда, машғули ибодат мегарданд, ки худ нишонаи бовафоӣ бо паймон ба Холиқи худ мебошад. Имрӯзҳо барои мардуми мусалмони кишварамон сахтарин рӯзҳои таърихӣ мебошад, зеро муддати зиёда аз бисту ҳафт сол аст, ки миллати ранҷкашидаи мо дар фазои дурӣ аз падару модар, фарзанд, ақрабо ва зери шиканҷаҳои гуногун аз ҷумла беҳуқуқӣ, зулму фишор, макру фиреб ва ҳатто қатлу куштор ҳаёт ба сар мебарад, ки ба ғайр аз Холиқи ҷаббор нидои онҳоро касе намешунавад. Бинобарин, моҳи мубораки Рамазон барои мардуми мо як фурсати хубест, то битавонанд бо Худои худ розу ниёзе дошта бошанд. Аммо касоне, ки бепарвоӣ менамоянд ва ин фурсатро аз даст медиҳанд хасорати дунявию ухравиро барои худ қабул менамоянд.
Кишвар дар як ҳолати ногувори буҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ қарор дорад ва то вақте ҳукумати мустабиди худкомаи Раҳмонов ва системаи фасодзадаи ӯ болои курсии ҳукм нишастааст ин мушкилот дучанд мегардад.
Бо вуҷуди ҳама душвориҳо моҳи мубораки Рамазон аз худ баракот ва шириниҳое дорад, ки дар дигар моҳҳои сол дида намешавад .
Дар ин моҳ инсонҳо бо тарбияи имонию ҷисмонӣ бояд худро аз бадиҳои зоҳирию ботинӣ то соли дигар ҳифз намоянд.
Миллати ранҷкашидаи мо бояд ин моҳро як фурсати бениҳоят муносиб ғанимат дониста, бо дуою ибодатҳои бештар ва розу ниёз бо Холиқи хеш дошта бошад. Ва барои куллияи мардуми кишвар ба хусус маҳбусон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва оммаи мардум талаби мағфират ва ҳидояти комил намуда, барои иқдом дар муқобили зулм ва дифоъ аз мазлумин талаби тавфиқ намояд.
Роҳбари “Гурӯҳи 24” -Сӯҳроб Зафар , ки ҳанӯз бо Насимҷон Шарифов дар боздоштгоҳ қарор доранд, барои миллати шарифи тоҷик саломи фаровон ва табрику таҳанниёти бешумори рамазониро арз менамоянд.
Барои раҳоии ин муборизон ва соири зиндониёне, ки беасос ва бо бӯҳтонҳои бардурӯғ боздошт ва зиндонӣ шудаанд, дар ин моҳи пазириши дуо, сидқан хостори дуои шумо мардуми шарифи Тоҷикистон ҳастем.
Роҳбарият ва тамоми аъзои “Гурӯҳи 24” бори дигар, ҳулули моҳи хайру баракат, мағфират ва озодӣ аз оташи дузах, баҳори Қуръон, равшании дилҳо ва меҳмонии Худованди зу-л-Ҷалол – Рамазонро ба ҳамаи ҳамватанон, аз ҷумла беморон, маҳбусон, муҳоҷирони меҳнатию сиёсӣ, муборизон ва куллияи мусалмонони дунё муборакбод гуфта, аз даргоҳи Ӯ Таъоло қабули ҷумла ибодатҳо , шифои беморон, озодии маҳбусон, осудаи мазлумон ва сарҷамъии мардум ва сарнагунии ин режими худкомаро талаб менамояд.

Шӯрои сиёсии ҳаракати “Гурӯҳи24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза