20.1 C
Dushanbe
17.05.2024

Насим Шарипов аз шуъбаи пулис ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шуд 

 

  Намояндаи Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Насим Шарипов, ки рӯзи 30 декабри соли 2021, соати 13:00 дар шаҳри Истамбули Туркия аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар боздошт шуда буд, дирӯз, 3 январ аз шуъбаи пулис ба баздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шуд. Вакили дифоъи ӯ бо номбурда дар тамос буда, қазияро пайгирӣ мекунад ва саъй дорад, ки ҳарчи зӯдтар ӯро озод кунад.

Ёдовар мешавем, ки Насим Шарипов аз соли 2015 дар кишвари Туркия зиндагӣ карда, ба фаъолияти соҳибкорӣ ва таҳсил машғул аст ва  бори севвум аст, ки аз ҷониби мақомоти қудратии ин кишвар боздошт мегардад.  Бори нахуст соли 2018 ӯ якҷо бо роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Суҳроб Зафар дар Истамбул боздошт шуда буд. Баъдан тамоми айбномаҳо лағв гардиданд ва Насим Шарипов дар Туркия мақоми паноҳандаи сиёсиро дарёфт кард.

Моҳи марти соли 2020 ӯро бори дуввум дастгир намуда, ба маҳбаси депортатсия фиристоданд, вале ба широфати дахолати саривақтии вакили дифоъ масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон бекор карда шуд.  Додгоҳ масъаларо ба нафъи ӯ ҳал намуд ва Насим Шарипов  мебоист дар рӯзҳои наздик асноди заруриро мегирифт.

Инак бори севвум аст, ки ӯ ба эҳтимоли қавӣ бо дархости мақомоти Тоҷикистон, ки талош доранд рақибони сиёсӣ ва мухолифини худро аз байн баранд, дастгир мешавад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” аз тамоми созмонҳои байналмилалии дифоъ аз ҳуқуқи башар даъват ба амал меоварад, ки бо назардошти ангезаи сиёсӣ доштани ҳабси Насимҷон Шарипов барои озодии ӯ мусоидат намоянд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза