25.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Иштироки намояндагони “Гурӯҳи 24” дар нишасти САҲА дар Вена

Дирӯз намояндагони ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” барои иштирок дар нишасти созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) вориди пойтахти Утриш – шаҳри Вена шудаанд.
Ҳайъати “Гурӯҳи 24”-ро намояндаи ҳаракат дар Олмон – Маҳмадраҷаб Сайдалиев бар уҳда дорад ва фаъолони дигари ҳаракат Беҳруз Тағойзода, Муҳаммадҷон Абдуллоев ва Баракатуллоҳ Зокиров шомили ин ҳайъат мебошанд.
Ташабусскори ин платформа департаменти Институтҳои Демократӣ ва Ҳуқуқҳои инсони САҲА (ODIHR) мебошад, ки қарор аст дар он масъалаҳои марбут ба нақзи ҳуқӯқи инсон, махсусан ҳуқӯқи занону наврасон дар кишварҳои узв баррасӣ карда шаванд. Илова бар ин, татбиқи ӯҳдадориҳои ҳуқӯқи инсон дар кишварҳои узв дар миён гузошта мешавад. Дар ин ҳамоише, ки ду рӯз давом хоҳад кард, роҳҳои кӯмак ва сармоягузории соҳаҳои зикргардида ба давлатҳои иштирокчӣ аз ҷониби САҲА дида мешавад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” мавқеъи худро нисбат ба вазъияти кунунии ҳуқӯқи инсон дар Тоҷикистон, имрӯз дар дохили толор ироъа хоҳад кард.

Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза