13.1 C
Dushanbe
02.05.2024

На дар аршу на дар фарш, ё чаро дар Вазорати маориф ва илм чунин кавданҳо то ба мақоми вазирӣ расидаанд?

Инак як ҳафта мешавад, шабакаҳои маҷозӣ саршори ҳазлу ханда, вале омехта бо нафрату дард аст. Ҳеҷ як ҳаҷвнигоре чун Ташрифу Ғарибшо ва ё Ҷамшеди Ҳалим ҳузур надоранд. Ҳаҷвнигори ин ҳафтаинаи шабакаҳои маҷозӣ Нуруддин Саид, вазири Маориф ва Илми кишвар аст. Воқеан дасти эшон дард накунад! Хеле мардумро” хушҳол” карданд! Як навори кӯтоҳе аз як нишасти матбуотии ҷаноби вазир дар шабакаҳои интернетӣ нашр шуд, ки дар он вазир ба пурсиши рӯзноманигорон посух медод. Дар миён яке аз пурсандаҳо пурсиши худро бо забони русӣ матраҳ кард ва вазир ҳам хост, ба русӣ посух диҳад ва нишон диҳад, ки ВАЗИР ҲАМ, РУСИРО МЕДОНАД.

Вале мутассифона бо як гӯиши шикаста ва омехта бо тоҷикӣ посух дод. Мардум ҳам перомуни ин сӯҳбати вазир ба ду гурӯҳ ҷудо шуданд. Гурӯҳе аз вуҷуди чунин кавдане дар курсии вазорати маориф таассуф мехӯрданд ва борони нафратро бар сараш мерехтанд ва бар ин бовар ҳастанд, ки бояд вазир бурро ва форам бо забони русӣ сӯҳбат кунад, зеро вазири маориф аст, на ин ки мудири ким кадом говхонае! Ва ин як маконест, ки барои кишвар мутахассис омода мекунад. Агар вазир дар ин сатҳ қарор дорад, дигар аз Ҷамшуд ва Равшан шудани донишҷӯёни муҳоҷир ҷои гила нест! Бояд Вазорати маориф ва илм аз чунин тасодуфиҳо поккорӣ гардад ва садҳо кодри ҷавону донишваре дорем, ки тавон ва қудрати мудирияти чандин вазоратро доранд, ҷойгузини вазир гарданд.

Пистаи бе магз Агар лаб во кунад…Казоват на аз туву на Аз ман Казоват Аз #Мардум дар бораи #Вазири (басавод Академик ва гайрахо казохо)бисер ба маврид АСТ тамошо кунетон

Опубликовано Паеми Мухочиром 19 февраля 2018 г.

Гурӯҳе ҳам, мегуфтанд: шарт нест, ки вазири маориф забони русиро донад , вале кош ба тоҷикӣ посух медод ва ба ин гумон буданд, ки шояд вазир тоҷикидонияш равону фасеҳ аст. Дере нагузашта, шарҳнависон навори дигареро аз нишасти матбуотии вазир дар зер кориданд, ки дар он Нуруддин Саид бо муаррифии худаш ба пурсиши як рӯзноманигор ба тоҷикӣ посух медод ва дар миён як лаҳза хомӯш монд ва аз ҳозирин пурсид, ки калимаи “переоброзования” ба тоҷикӣ чӣ мешавад ва мардум ҳам кӯмакаш карданд, то як ҷумларо бо тоҷикӣ пурра карда тавонад. Ва ин сӯҳбати вазир гумони онҳоеро, ки бовар доштанд, ки вазир бо тоҷикӣ сӯҳбат мекард, хуб мешуд ва вазир тоҷикиро дар сатҳи фасеҳ медонад, барбод дод!

Мушкил дар вазир нест, балки мушкилзо касе аст, ки ин вазирро ба ин симмат таъйин кардааст. Ва он ҳам Раҳмонов аст, ки худаш бо вуҷуди раиси ҷумҳур буданаш, забони русиро хонда наметавонад, чӣ расад ба сӯҳбат кардан! Раҳмонов, ки ин бесаводҳоро аз ҳар кӯҳу саҳро ва оғилу подабонӣ гирд оварда, якеро вазири маорифу дигареро вазири алоқа ва сеюмиро раиси бонку ба ҳамин тартиб ба мансабҳои муҳимми давлатӣ ҷой додааст, инҳо дигар чӣ бояд кунанд?! Истеъфо диҳанд, шараф ва номус аст, аммо дар ин қавм чунин хислатҳо пайдо намешаванд ва агар истеъфо диҳанд, ҷаноби пешвояшонро беобрӯ мекунанд. Вале Нуруддин Саид воқеан, нишон дод ва исбот кард, ки кабинаи вузарои Раҳмонов дар ин зина қарор доранд ва ҳама бесаводу бефаҳманд! Миллати мо ҳазорҳо мутахассиси донишвар ва озодандешу андешаманд дорад, ки сазовори чунин мансабҳо ҳастанд, вале ин тоифа дар фикри миллат нестанд ва ояндаи миллат ва номи миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ин говҳои алафнохур муҳим нест. Инҳо барои худ боз монанди худ ва бадтар аз худ муридҳо омода кардаанд, ки бо гуфтани шоҳаму шоҳаншаҳам ва пешвои ман, аз инҳо пайравӣ мекунанд! Дар ин 25 соли роҳбарӣ, метавон Точикистонро ба Малайзияю Индонезия ва дигар кишварҳои пешрафта табдил дод, вале ин бесаводони шикамчарон, пешрафт як тараф истад, кишварро ба ботлоқи қарзҳои хориҷӣ ғуттондаанд! Ва як ҳисси хоки ватанро аз ноуҳдабароӣ ва тарсуии худ фурухтаанд! Миллатро мебояд дар фикри худ буд, варна бо чунин вазирон ва роҳбарони хоину бедониш рӯзи мардум бадтар аз бад хоҳад шуд!

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза