Дидори роҳбари «Гурӯҳи 24» Дилшод Шарипов бо вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский

5 октябр дар ҳошияи Конфронс оид ба ченаки инсонӣ роҳбари Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» Дилшод Шарипов бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Лаҳистон Радослав Сикорский дидор намуд.

Дидори мазкур дар заминаи баргузории Конфронси Варшава оид ба ченаки инсонӣ сурат гирифт. Ин конфронс яке аз муҳимтарин майдонҳои байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ, демократия ва ӯҳдадориҳои кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба ҳисоб меравад.

Ҳузури намояндагони нерӯҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар чунин минбарҳои байналмилалӣ имкон фароҳам меорад, ки масъалаҳои вобаста ба вазъи ҳуқуқи инсон ва равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ расонида шаванд.

Конфронси Варшава оид ба ченаки инсонӣ аз 5 то 15 октябри соли 2026 дар шаҳри Варшава баргузор шуда, намояндагони кишварҳои узви САҲА, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нерӯҳои сиёсӣ дар он иштирок доранд.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза