20.1 C
Dushanbe
05.05.2024

Баёнияи “Гурӯҳи 24” оиди ҳаводиси марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” сараввал, ҳамдардии худро ба хешовандону наздикони шаҳрвандони дар марз кушташуда мерасонад ва ба шаҳрвандони маҷрӯҳшуда ҳарчӣ зудтар шифои комил орзу менамояд. “Гурӯҳи 24” дар ин ҳодиса куллан ҳукумати Раҳмоновро муқассир дониста, онро барои бемасъулиятӣ ва ноӯҳдабароӣ дар ҳалли баҳсҳои марзӣ ва минтақавӣ гунаҳкор меҳисобад. Ҳукумати Раҳмонов дар фурӯши заминҳои ватани мо ба кишвари дигар таҷрубаи ғанӣ дорад ва пас табиист, ки ҳамсоякишварҳои дигар аз ин сӯиистифода мекунанд ва шубҳа доранд, ки дар оянда ин ҳукумат қобилияти ҳифз кардани марзу буми худро дорад.

“Гурӯҳи 24” аз ҳукумати Раҳмонов талаб мекунад, ки ин баҳсро бо роҳҳои дипломатӣ, бе талафоти ҷонии шаҳрвандон ва аз даст додани қаламрави кишвар ҳал намояд. Мо аз ҳукуматҳои ҳарду кишвар талаб менамоем, ки дар куштори шаҳрвандони мо тафтишот бурда шавад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Маҳз дар замони ҳукуматдории Раҳмонов ватани мо – Тоҷикистон дар минтақа ба яке аз кишварҳои заифтарин аз лиҳози иқтисодӣ, ҳарбӣ ва дигар соҳаҳо табдил ёфт. Маҳз зери роҳбарии Раҳмонов ва ҳукумати ӯ мардуми мо ба яке аз бесоҳибтарин мардум миёни кишварҳои ИДМ мубаддал шуд. Ҳатто замони ҷанги шаҳрвандӣ мо чунин мардуми заифу нотавон ва бесоҳиб набудем. Ва агар мо дар оянда ҳам такя ба ҳукумати Раҳмонов кунем, метавон гуфт, ки барои насли ояндаи худ чизеро боқӣ нахоҳем гузошт. Маҳз барои ана ҳамин замони он расидааст, ки мо мардуми Тоҷикистон як ҷомеъаи шаҳрвандӣ шуда, аз Раҳмонов талаб кунем, ки ин қазияро бо роҳҳои дипломатӣ ва бе талафот ҳал кунад. Агар мо хомӯш нишинем, ӯ Исфараро низ хоҳад фурӯхт. Вақти он расидааст, ки мардуми мо бояд тақдири ояндаи худро аз дасти Раҳмонов ба дасти худ гирад ва бо хоҳишу интихоби худ ояндаи худро муайян намуда ба он самт ҳаракат кунад. Вақти он расидааст, ки кишварро рушд диҳем ва пурқудрат кунем, то дигар кишварҳо моро эҳтиром намоянд.

“Гурӯҳи 24” аз мардуми дӯсти ду кишвар хоҳиш мекунад, ки ба дасисаҳо дода нашаванд ва вазъро боз ҳам муташанниҷ нагардонанд, чунки он оқибатҳои ногуворе барои ҳарду кишвар хоҳад дошт.

Шӯрои сиёсии “Гуруҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза