9.1 C
Dushanbe
01.05.2024

Ду рӯзи конфронси САҲА дар шаҳри Вена

Чи тавре ба мо маълум аст, дар таърихи 10-11 ноябри соли ҷорӣ, конфронси САҲА дар мавзӯъи “Ченакҳои инсонӣ, ақаллиятҳои миллӣ, таъсиси робитаҳо ва хамгироӣ баргузор гашт. Намояндагони Гурӯхи 24 бо роҳбаладии Нуриддин Ризоӣ, бо иштироки фаъолони гурӯх Хурсандҷон Наҷмиддинов, Ризвон Эмомов ва дигарон дар конфронси мазкур иштирок карда, ҳисоботҳо  оиди ҳуқуқвайронкуниҳои зиёд нисбати ақаллиятҳои қавмӣ, динӣ ва миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи клани Рахмонов ва хукумати у пешниход карда шуд. Инчунин дар ҳисоботҳо воқеаҳои ВМКБ дар соли 2012 қайд шуда буданд, ки дар он халқи зиёди бегуноҳи Помир танхо барои манфиатхои Рахмонов, ки барои аз байн бурдани пешвоёни маҳаллӣ ва фароҳам кардани шароитҳо барои аз нав интихоб шудани режими диктаторӣ ба мухлати нав, кушта шуда буданд.
Дар ин конфронс намояндагони зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон, аъзоёни Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо иштирок доштаанд, ки Тоҷикистон ҳам аъзои ин ташкилот мебошад. Аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон танхо 2 нафар иштирок доштаанд, ки онҳо бе нишонахои номи дар руи мизашон будаанд. Ин ғайриоддӣ ва аҷоиб ба назар мерасид. Дар рӯзи дуввуми конфронс, онҳо чорабиниро тарк намуданд. Агар ҳукумати Раҳмонов ягон гуфтанихо медошт, пас онҳо мубоҳиса бурда ҳақ будани худро исбот менамуданд, ба ҷои ҳар бор ин гуна чорабиниҳои байналмиллалиро тарк намудан. Бо ин фаҳмиш ва равиш Раҳмонов ба зуди худро мисли Ким Чен Ин дар Кореяи Шимолӣ худро аз арсаи байналмиллали ҷудо менамояд.
aa11aaa11aaa111%d0%b0%d0%b0%d0%b0112
Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза