9.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Сӯҳроб Зафар: “Роҳи ҳал танҳо дар инқилоб аст”

Сӯҳроб Зафар, раҳбари Гурӯҳи 24, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним, зимни ташреҳи барномаҳои гурӯҳаш гуфт: “Аз нигоҳи мо, танҳо роҳи ҳал барои кишвар, инқилоб ва доштани як қонуни асосии ҷадид бидуни ҳар музахрафоте чун “Пешво” асту бас.”

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Гурӯҳи 24 яке аз ҷараёнҳои сиёсии таъсиргузор дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Муассис ва раҳбари пешини ин гурӯҳ, Умаралӣ Қувватов буд, ки дар соли 2015 тавассути афроди ношиносе дар Туркия ба қатл расид. Пас аз вай, Шарофуддин Гадоев барои муддати кӯтоҳе раҳбарии ин гурӯҳро бар ӯҳда дошт ва пас аз ӯ Сӯҳроб Зафар, аз наздикони марҳум Қувватов ба раҳбарии ин гурӯҳи сиёсӣ мансуб шуд. Бо ин ҳол, раҳбарии вай дар ин гурӯҳ бо боздошт дар Туркия ба дархости ҳукумати Тоҷикистон ҳамроҳ шуд.

Охирин навбати боздошти вай, ки тӯлонитарин маврид низ буд ва беш аз 6 моҳ ба тӯл анҷомид, бархе нозирон ва фаъолони ҳуқуқи башариро бо ин нигаронӣ рӯ ба рӯ сохт, ки эҳтимол дошт ӯро истирдод намоянд. Бо ин ҳол, чанде пеш додгоҳи Туркия дар ниҳоят ҳукм ба озодии вай ва радди иттиҳомоти ҳукумати Тоҷикистон дод. Бо озод шудани вай ва ҳузураш дар раъси тасмимоти ин гурӯҳ, суолҳое перомуни барномаҳои ояндаи ин гурӯҳ матраҳ шудааст, ки мавзӯъи мусоҳибаи пеши рӯ мебошад.

* * *

— Боздошти шумо дар Туркия бино ба дархости ҳукумати Тоҷикистон яке аз мавзӯъҳои муҳимми Гурӯҳи 24 тайи моҳҳои ахир будааст. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки боздошти тӯлонии ахир дуввумин боздошти шумо буд, оё имкон дорад барои бори севвум ҳам шоҳиди чунин иқдоме аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ва Туркия бошем? Оё давлати Туркия тазминҳое мабнӣ бар адами такрори чунин вақойеъе бо таваҷҷӯҳ ба раъйи додгоҳ ироа додааст?

— Ман қаблан се бор аз ҷониби мақомоти Туркия ва бо дархости ҳукумати Тоҷикистон боздошт шудаам. Иттиҳомоте, ки ҳар бор аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон алайҳи ман ворид мешуд, мутафовит буданд ва режими Раҳмонов ҳамеша талош мекард, ки мавориде тоза ироа кунад.

Иллати тӯл кашидани боздошти севвуми ман ин буд, ки режими Раҳмонов дарк карда буд, ки дигар иттиҳомоте, ки бар Гурӯҳи 24 мебаст, дар сатҳи ҷаҳонӣ корбурде нахоҳанд дошт, чун ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ҷаҳон Гурӯҳи 24-ро ба унвони як гурӯҳ ифротӣ ва ё даҳшатафкан намешиносанд.

Вуҷуди Гурӯҳи 24 дар кишварҳои мухталиф ва фаъолиятҳои он гувоҳе бар ин мавзӯъ аст. Аз ин рӯ, мақомоти Тоҷикистон ин бор талош карданд то ки маро аз тариқе дигар ба гурӯҳҳои ифротӣ рабт бидиҳанд ва барои Туркия хатарнок нишон диҳанд, вале хушбахтона ин бор ҳам тирашон ба санг хӯрд.

Ин ки дар оянда боз ҳам ин амал такрор мешавад ё на, бастагӣ ба ҳукумати Раҳмонов дорад, ки боз чӣ тарҳе рӯи даст хоҳад гирифт. Вале диди мо ба кишвари Туркия ва додгоҳи он ин аст, ки дар Туркия ҳеч гоҳ ба далели ёваҳои чунин ҳукуматҳое чун режими Раҳмонов, адолати кишвари худро зери суол намебаранд.

— Бо озодии шумо бархе бар ин ақидаанд, ки фаъолиятҳои Гурӯҳи 24 афзоиш ёфта ва барномаҳои ин гурӯҳ тавсиъа меёбад. Бо ин ҳол аммо меҳвари ин барномаҳо мушаххас нест. Барои солҳои оянда дар Туркия мемонед ё қасд доред дар кишварҳои урупоии дигар ҳам фаъолиятҳое дошта бошед?

Сӯҳроб Зафар дар канори марҳум Умаралӣ Қувватов, раҳбар ва муассиси Гурӯҳи 24

— Гурӯҳи 24 на танҳо дар кишвари Туркия барномаи худро барои солҳои оянда поярезӣ кардааст, балки мо дар кишварҳои гуногун намояндагони худро фаъол кардаем ва кори аввале, ки анҷом додем, ин чеҳракушоӣ ва рӯнамоӣ буд. Чун режими Раҳмонов моро ҳамчун гурӯҳҳои ифротгаро эълом карда буд ва пеш аз ин ҳар касеро, ки мухолифаш буд, ба роҳатӣ муттаҳам мекард ва роҳат аз сари роҳаш бармедошт.

Дар нишастҳои ҷаҳонӣ хеле роҳат ҳузур медошт ва ҳар чӣ ки мехост баён мекард. Ҳеҷ касе ё гурӯҳе дар муқобилаш вуҷуд надошт. Вале мо талош кардем, ки аз худ иттилоъ диҳем ва асли ҳукумати Раҳмоновро ба кишварҳо нишон диҳем. Дар ин кор мо муваффақ шудем ва пойи режимро дар аксари кишварҳо кӯтоҳ кардем. Ҳоло фарқе намекунад, ки мо дар кадом кишвар фаъолият кунем. Чун бо ҳеч кишваре мушкил надорем ва то кунун ҳеч кишваре моро ба унвони гурӯҳи ифротӣ напазируфтааст. Дар оянда ҳам мутобиқи стратегияи гурӯҳ кор хоҳем кард.

— Ба ҳар ҳол ҳама хуб медонем ҳузури опозисиюн дар хориҷ аз кишвар ба мурури замон боиси сустӣ ва фарсоиши гурӯҳҳои сиёсӣ мешавад. Гурӯҳи 24 чӣ барномае барои бозсозии тавони худ дар шароити феълӣ дорад? Нерӯи инсонӣ ва манобеъи молӣ ва барномаҳои мудаввани сиёсӣ дар чӣ вазъияте таъмин хоҳанд шуд?

— Бале, ҳузури мухолифони ҳукумат дар хориҷ аз кишвар аз як ҷиҳат манфӣ аст ва то ҷое ба кори он заъф ворид мекунад, вале аз лиҳози дигар ҳам аз он иттилоъ медиҳад, ки ҳукумат дар сатҳи олӣ зулму истибдод бо дигарандешон қарор дорад.

Нигоҳи мо ин аст ва таърих ҳам исбот кардааст, ки гурӯҳҳои сиёсие, ки ҳадафи устувор доранд ва ба он низ содиқона бовар доранд, он гоҳ ҳиҷрат барои ин гурӯҳ на ин ки раванди сустӣ ва заъф мешавад, балки ҳиҷрат раванди қудрат ва назм ва устувории он аст. Шурӯъ аз ҳиҷрати Паёмбар (с) то бештари инқилобҳои дунё баёнгари ин аст, ки мухолифон дар хориҷ аз кишвар такомул меёбанд ва баъдан ба ҳуҷум мегузаранд.

Мо имрӯз сустии режимро беш аз сустии гурӯҳҳои мухолифон дар хориҷ аз кишвар эҳсос мекунем. Агар фаразан режими Раҳмонов қаблан моро таъқиб мекард ва садди роҳи мо мешуд, ҳоло мо режимро ҳар куҷо таъқиб карда ва садди роҳаш мешавем. Дар хусуси нерӯи инсонӣ метавон гуфт, ки дар ибтидои ҳаракат мо аз ҷиҳати нерӯ костӣ доштем, аммо ба мурури замон ин мушкилро то ҷое бартараф кардем ва раванди мутахассиссозии мо идома дорад.

— Яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангез дар бораи Гурӯҳи 24 мавзеъи он дар қиболи эътилофҳои шаклгирифта миёни гурӯҳҳои опозисиюн аст. Табиӣ аст дар ин вазъият, ваҳдат ва гирди ҳам омадан барои ҳадафи воҳид мантиқитарин равиш аст. Аммо Гурӯҳи 24 то кунун тамоюле барои пайвастан ба ин эътилофҳо ҳамчун “Паймони Миллӣ” аз худ нишон надода ва талоше ҳам барои шакл додан ба эътилофи ҷадид аз сӯи ин гурӯҳ надидаем. Мавзеъи куллии Гурӯҳи 24 дар ин бора чист? Оё адами таъомул бо дигар гурӯҳҳоро равиши беҳтаре барои расидан ба аҳдоф мебинад?

— Агар дар матолиб ё видеоҳои марбут ба Гурӯҳи 24 мушоҳида карда бошед, Гурӯҳи 24 на ин ки бар зидди эътилоф, балки аз ибтидои пайдоишаш ҳамеша ба иттиҳоду эътилоф даъват мекард. Ёдовар мешавем, ки оғози соли ҷорӣ Гурӯҳи 24 бо созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” ва ҳаракати ”Озодӣ ва адолат”, ки дар ҳадаф ва барномаҳо бо ҳам шабоҳат доштем, гирди ҳам омада ва ҳоло ин се ҳаракат бо барномаи Гурӯҳи 24 пеш мераванд.

Ҳар ҳаракати сиёсӣ усули махсус ба худро дорост ва агар дар оянда ҳам гурӯҳ ва ҳаракатҳое, ки бо барнома ва усули Гурӯҳи 24 ҳамхонӣ ва мувофиқат дошта бошанд, он гоҳ бо онҳо низ имкони бо ҳам омадан вуҷуд хоҳад дошт.

— Тағйир дар Тоҷикистон имрӯз яке аз муҳимтарин дағдағаҳои ҷомеаи байналмилалӣ аст. Муҳимтарин замон ҳам интихоботи риёсати ҷумҳурии 2020 мебошад. Бархе мӯътақиданд, ки ҳар навъ тағйир умедворкунанда аст ва бархе низ модоме, ки Раҳмон дар мансаби Пешвои миллат ҳузур дошта бошад, ҳар навъ тағйиреро беарзиш медонанд. Нигоҳи шумо дар ин бора чист?

— Албатта ҳар тағйире асаре бо худ ба ҳамроҳ дорад, чӣ мусбат бошад ва ё чӣ манфӣ ва он ҳам дар замони муосир, ки раванди ҷаҳонӣ шудан инкишоф ёфтааст ва имрӯза ҳатто кучактарин рӯйдоде метавонад то ҳадде ҷомеаи ҷаҳониро такон дода ва ё таҳти таъсир қарор диҳад. Ҳол он ки ин ҷо ҳарф аз тағйиру интиқоли қудрат меравад. Албатта ин на танҳо бар кишвар таъсири худро мегузорад, балки асари он минтақаро низ фаро хоҳад гирифт.

Дар интихоботи соли 2020 режим боз ҳам қасд дорад ба монанди борҳои пешин интихоботро ба роҳ андохта ва эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки имкони ширкат ва рақобати ҳеч рақиби арзандае дар кор набошад. Метавон гуфт, ки як интихоботи бидуни рақобат хоҳад шуд.

Дар воқеъ як интихоботи зоҳирӣ барои нишон додан ба хориҷ хоҳад буд. Режим мисли ҳамеша барномаҳои пеш аз интихоботи худро ба роҳ меандозад ва он ҳам ин аст, ки дар ҳар гӯшаи кишвар хуни касони бегуноҳро ба ҳар баҳонае мерезанд, дар ҷараёни интихобот аз тақаллуб кор мегиранд ва дар муқобил мардумро бо барномаҳои фарҳангӣ ва фароғат масрур мекунанд.

Мавзеъи Гурӯҳи 24 ин аст, ки то ба имрӯз ҳеч касеро ба унвони пешвои миллат намешиносем ва ба он эътироф надорем ва тамоми интихоботи онҳо ботил аст. Аз нигоҳи мо танҳо роҳи ҳал барои кишвар, инқилоб ва доштани як қонуни асосии ҷадид бидуни ҳар музахрафоте чун “Пешво” асту бас. Ҷомеаи Тоҷикистон ниёз ба пешво ва шиорҳои пучу холӣ надорад, инҳо шиками мардумро сер намекунанд.

Акнун мардум дар як олам қарор доранд ва Раҳмонов дар олами дигар. Тасаввур кунед ӯ ба худ ва хонаводаи худ мақоми дорои масунияти комил додааст, ки аслан ин хилофи арзишҳои мардумсолорӣ аст. Дар як кишвар ва ҷомеаи мардумсолор набояд ҳеч фарде аз чашми қонун ба дур монад ва мебояд шохаҳои мухталифи давлат, аз қабили додгоҳ ва порлумон мустақил бошанд. Имрӯз дар Тоҷикистон ин дида намешавад ва маҳз ин аст, ки раҳбарии кишвар ҳар чӣ, ки хоҳад, ба шакли қонун дармеоварад. Раҳмонов ва хонаводааш ҳам боисте ба монанди ҳар як шаҳрванди оддӣ назди қонун посухгӯ бошанд.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза