15.1 C
Dushanbe
11.05.2024

Боздошти узви ” Гурӯҳи-24 ” Билол Қурбоналиев дар Олмон бо мақсади истирдод ба Ватан

Боздошти узви ” Гурӯҳи-24 ” Билол Қурбоналиев дар Олмон бо мақсади истирдод ба Ватан.

24  октябри соли равон узви Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” Билол Қурбоналиев аз ҷониби пулиси Олмон бо мақсади истирдод ба Ватан боздошт шуд.

Номбурда роҳи муборизаи худро ҳанӯз дар Русия оғоз карда буд ва баъдан дар баробари афзӯдани хатари боздошти мухолифони сиёсии Ҳукумати Раҳмонов дар Русия ба Укроин омад.  Пас аз ҳамлаи Русия ба Укроин ба Олмон омад ва дархости паноҳандагӣ дод.  Аз соли 2023 узви Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” мебошад. Дар гирдиҳамоии назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба “ифтихор”- и сафари Раҳмонов ба ин кишвар иштирок карда буд.

Бояд гуфт,  ки Билол Қурбоналиев мебоист мутобиқи банди 24 Қонуни ин кишвар новобаста аз санади паноҳандагии  Укроин надоштан, дар сурати хатар доштани истирдодаш ба Тоҷикистон дар Олмон мақоми паноҳандагӣ дарёфт кунад.  Вале аз сабаби бекор шудани банди 24 ин Қонун ва мақоми паноҳандагӣ надоштанаш дар Укроин  пулиси Олмон Билол Қурбоналиевро боздошт кард ва ӯро хатари истирдод ба Ватан таҳдид мекунад.

Дар ҳоли ҳозир барои ҳимояи Билол Қурбоналиев аз ҷониби Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ”  вакили дифоъ гирифта шудааст ва кор мебарад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза