15.1 C
Dushanbe
05.05.2024

Русия узви фаъоли «Гурӯҳи 24»-ро озод ва дархости мақомоти Тоҷикистонро рад намуд

Мақомоти Русия шоми 9.12.2019 Хурсанд Наҷмиддиновро аз боздоштгоҳ озод намуданд.

Ин фаъоли “Гурӯҳи 24” шоми 5-уми декабр зимни сафари худ дар фурудгоҳи Внуковаи шаҳри Маскав аз ҷониби хадамоти марзбонии Русия боздошт гардида буд.

Ҳангоми тафтиши аснод маълум гардид, ки исми ӯ низ мисли ҳазорҳо шаҳрванди бегуноҳи Тоҷикистон, дар рӯйхати ҷаълии пайгарди “қонунӣ” ё ҷустуҷӯйи мақомоти зидахл қарор дорад.

Баъди 4 рӯзи баррасии парвандаи ӯ маълум гардид, ки тамоми асноди пешниҳоднамудаи режими худкомаи Раҳмонов нисбати Хурсанд Наҷмиддинов бе асос ва дорои ангезаҳои сиёсӣ буда, додгоҳ ӯро аз боздоштгоҳи муваққати бе қайду шарт озод намуд.

Бояд зикр намоем, ки ҳама талошҳои мақомоти Тоҷикистон дар мавриди боздошти фаъолони сиёсии кишвар, то имрӯз тақрибан дар ҳама кишварҳои олам, бидуни истисно бе натиҷа поён ёфтаанд. Ин худ шаҳодати волои бегуноҳӣ ва зери туҳмат қарор гирифтани ҳама фаъолони сиёсии тоҷик мебошад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз тамоми онҳое, ки дар озодии Хурсанд Наҷмиддинов саҳм доштанд, аз ҷумла; дӯстону ҳамватанон, падарону модароне, ки машғули дуъо буданд, расонаҳои хабарӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ сипосгузории худро баён менамояд.

Инчунин аз мақомоти Русия, ки нисбати он ҳама асноди қалбакӣ ва ҷаълие, ки аз ҷониби мақомоти зидахли Раҳмонов фиристода шуд, бовар накарда, аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон худдорӣ намуданд изҳори сипос ва қадрдони менамояд. Ва инчунин ба вазорати хориҷии Утриш (Австрия), ки аз рӯзи аввали боздошти Х. Наҷмиддинов бевосита вориди корзори ин қазия гашта буд сипоси бепоёни худро иброз медорад.

Ба вакили мудофеъ – Кирилл Жаринов, ки воқеан заҳматҳои шабонарӯзии худро дар пайгирии ин қазия доштанд сипоси хоси худро низ изҳор менамояд.

Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза