14.1 C
Dushanbe
29.04.2024

Паёми табрикотии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр

Паёми табрикотии Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр.

Иди Фитр омаду моҳи Рамазон гашт тамом,
Ба шумо ҳамсафарони сафари рӯза салом.
Рӯзаҳотон ҳама дар пеши Худованд қабул,
Рӯзгори хушатон мазҳари тавфиқ мудом.

Ҳамватанони гиромӣ!

Пас аз гузаштани як моҳи тақво ва парҳезгорӣ, як моҳи ибодат ва розу ниёз бо Парвардигор, инак садои омадани Иди Фитр ба гӯши ҳамагон мерасад ва дили мӯъминон аз як тараф аз омадани Иди Фитр лабрези фараҳу шодмонист, аз тарафи дигар ба ин Моҳи муборак, ки бо мо падрӯд гуфтанист, андӯҳгин аст.

Моҳи Рамазон рафт ба дардем ҳама,
Чашмони пуробу ранги зардем ҳама.
Моҳи Рамазон чӣ пур ато мегузарад,
Тасбеҳу таровеҳу дуо мегузарад.

Иди Фитр ҷашни бозгашт ба фитрат, мавсими шарафу сурури рӯзадорон ва бандагони солеҳе ҳаст, ки дар тӯли як моҳ ҷони хешро дар наҳри зулоли Рамазон татҳир кардаанд ва ба воситаи таҳзиби нафс сарафрозона дар пешгоҳи Илоҳӣ бо бандагии хеш фахру мубоҳот мекунанд.

Иди Фитр беҳтарин рӯз барои бахшидани гуноҳҳост. Ривоёти мухталифе дар ин бора вуҷуд дорад ва Иди Фитрро беҳтарин рӯз барои дарёфти омӯрзиш ва подош муаррифӣ мекунад.

Иди Рамазон омада ёрон ҳама шоданд,
Дил дар кафи арбоби хирад з-он, ки ниҳоданд.
То ҷоми туҳурӣ бинушанд аз майи Кавсар,
Бар хоки дари соқии саҷҷода фитоданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо истифода аз фурсат мардуми шарафманди Тоҷикистон  ва тамоми мусулмонони оламро ба муносибати фарорасии Иди саиди Фитр табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованд талаб мекунад, ки Рӯза ва соири ибодаташон дар моҳи шарифи Рамазонро қабул фармояд. Бор илоҳо мардуми шарифи Тоҷикистон бахту саодат, тансиҳатӣ ва зиндагӣ дар фазои озод ва созандаро орзу менамояд. Бигзор ҳамеша хонадони Шумо пур аз баракат ва пур аз нозу неъмат бошад. Бори дигар Идатон муборак ҳамдиёрони азиз!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза