14.1 C
Dushanbe
04.05.2024

Ҳомии маъруфи ҳуқуқи башари тоҷик Бузургмеҳр Ёров 9 июл 50-сола мешавад

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Бузургмеҳр Ёровро ба муносибати 50-солагияш самимона  табрик намуда, ба ӯ сиҳатмандӣ, бурдборӣ ва  ҳарчи зудтар ба зиндагии маъмулӣ баргаштанро таманно дорад. Корнамоии ашхосе чун Бузургмеҳр Ёров дар роҳи адолат ва волоияти қонун, дар роҳи ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои тоҷикон фаромӯш нахоҳад шуд. Маҳз бо шарофати ӯ барин одамон  ҷаҳониён диданд, ки шаҳрвандони мо дар зери зулм ва беадолатӣ зиндагӣ мекунанд. Фаъолият ва  зиндагии ӯ  барои бисёриҳо намуна аст ва мо умедворем, ки дар мубориза бо Раҳмонов, ки тамоми меъёрҳои ахлоқ ва инсонгариро аз даст додааст, таслим нахоҳем шуд.

Моҳи сентябри соли 2020 Бунёди Бузургмеҳр Ёров таъсис дода шуд. Сарфи назар аз он, ки ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар зиндонӣ аст, ормон ва кору пайкори ӯ идома доранд. Ҳадафҳои асосии Бунёд аз  ошкор сохтани парвандаҳои маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон ва дифоъ аз онҳо, таҳлил ва инъикоси вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, дастгирии одамоне, ки дар натиҷаи вайронкунии ҳуқуқҳояшон аз ҷониби давлат зарар дидаанд ва ҳамчунин  рафъи бесаводии ҳуқуқии аҳолии Тоҷикистон ва ғайра иборатанд.

Ёдовар мешавем, ки Бузургмеҳр Ёров моҳи сентябри соли 2015 боздошт ва ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомоти Тоҷикистон сиёсӣ будани парвандаи Ёровро рад мекунанд ва мегӯянд, ки вай барои қаллобӣ маҳкум шудааст. Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар дар саросари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ҳукмро дорои ангезаи сиёсӣ медонанд ва раҳоии ӯро талаб мекунанд.

Ёров бо як қатор парвандаҳои пурсарусадои додгоҳӣ маъруф аст ва аз хашми мақомот натарсида, барои адолат ва ҳуқуқи ашхосе, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо айбҳои сиёсӣ таъқиб мекарданд, мубориза мебурд. Ҳамин тариқ, дар соли 2011 вай аз пешвои рӯҳониён ва вакили собиқ Хоҷа Акбар Тӯраҷонзода,  ки раиси Шӯрои уламоро барои фишори муташаккилона аз сабаби танқидҳояш аз сиёсати динии мақомот ба додгоҳ кашид, ҳимоят кард.  Соли 2013 Ёров  вакили дифои Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  ва узви Порлумони кишвар буд, ки бо шаҳрдории Душанбе барои интиқодаш  аз буридани дарахтони азим дар пойтахт ба мухолифат дучор шуда буд. Соли 2014 Ёров намояндаи Фахриддин Зокиров, як вакили дифои тоҷик буд, ки бо иттиҳоми қаллобӣ  барои ҳимояи соҳибкор ва сиёсатмадор Зайд Саидов боздошт шуд.

Дар моҳи сентябри соли 2015 дар Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) манъ  ва тақрибан 200  аъзои он ба терроризм муттаҳам ва боздошт шуданд. Бузургмер Ёров аввалин вакили дифои Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки нотарсона дар бораи шиканҷа ва лату кӯби муштариёнаш хабар дод.

28 сентябри соли 2015  Бузургмеҳр Ёров дар мусоҳибааш аз  таъсиси Кумита оид ба ҳифзи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабар дод ва худи ҳамон рӯз боздошт шуд. Рӯзи дигар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Ёров дар қаллобӣ ва сохтакорӣ дар парвандаҳо аз соли 2010 айбдор мешавад. Сарфи назар аз эътирозҳо ва талабҳои сершумори созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар барои раҳоии Ёров, ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ,  таъсиси гурӯҳи ифротӣ, таблиғи оммавии ғояҳои ифротгароёна ва барангехтани кинаву нафрати динӣ, қавмӣ ва нажодӣ  ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи наздиконаш  Ёров дар ҷараёни тафтишот ва пас аз маҳкум шуданаш мавриди шиканҷа қарор гирифт ва аз кӯмаки тиббӣ сарпечӣ кард.

Мақомот бори дигар нишон доданд, ки барои онҳо қонун вуҷуд надорад ва  Раҳмонов дар дунёи ваҳшии  худ зиндагӣ мекунад ва  бо ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҳеҷ робитае надорад. Сарфи назар аз ҷазои бераҳмона ва ошкор, дар мамлакати мо ҳанӯз ҳам одамоне ҳастанд, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳоро  вазифаи якумрии худ дониста,  бидуни тарс аз ҷазо  бо даъвати виҷдонашон то ба охир кору амал мекунанд. Мехостем ин ҷо дар радифи номи Бузургмеҳр Ёров  аз  Шӯҳрат Кудратов, ки  барои ҳимояи Ёров бо ҳамин иттиҳом ба зиндон   маҳкум шудааст, инчунин аз Нуриддин Маҳкамов, Дилбар Додоҷонова, Фахриддин Зокиров, Исҳок Табаров, ки ҳама пайомадҳои амалашонро ба хубӣ дарк карда,  ба муқобили  қонуншиканиҳои ҳукумат баромаданд, ёдовар шавем.

Насли муосири ҳомиёни ҳуқуқи мо бояд сифатҳои ахлоқӣ ва арзишҳои ҳаётии чунин одамонро ба роҳбарӣ гирифта, рисолати аслии онҳо: хидмат ба қонун ва адолатро фаромӯш накунанд. Имрӯз, мутаассифона, аксарияти ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар кишвари мо аз тарси чунин мурофиаҳо на ба қонун, балки ба Раҳмонов хизмат мекунанд.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза