14.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Раҳмонов мухолифи тағйирот дар низоми додгоҳӣ аст: додрасе, ки ҳукми сафед содир кардааст, боздошт шуд

 Рустам Саидаҳмадзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд рӯзи 29 июн дар Душанбе боздошт шуд. Мурофиаи пешакӣ муқаррар кард, ки  ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба муҳлати 2 моҳ нигоҳ дошта шавад. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, ӯ ба сӯиистифода аз ваколат ва эълони бардурӯғ дар бораи ҷиноят муттаҳам мешавад. Рустам Саидаҳмадзода ҳама иттиҳомотро рад мекунад.

 Дар тамоми ин масъала як далел ташвишовар аст: дақиқан охири моҳи майи соли ҷорӣ дар матбуот дар бораи ҳукми сафедкардаи маҳз ҳамин додраси Додгоҳи вилояти Суғд маълумот пайдо шуд. Додситонии нақлиёт алайҳи сокини шаҳри Хуҷанд Афзал Маҷидӣ аз рӯи моддаи “қаллобӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кард. Барои Тоҷикистон ин як ҳодисаи хеле ғайричашмдошт аст, ки як шаҳрванди оддӣ дар Додгоҳ алайҳи мақомот пирӯз шавад.

 Низоми додгоҳии Тоҷикистон муддати тӯлонист, ки ҳам аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳам аз сӯи мардуми оддӣ мавриди интиқод қарор мегирад. Додгоҳҳои кишвар ҳамеша ба манфиати давлат ва Додситонӣ фаолият менамоянд. Ҳодисаи сафедкунӣ  хеле кам иттифоқ меафтад. Тибқи омор  дар тӯли соли 2019 дар додгоҳҳои кишвар ҳудуди 11 ҳазор парвандаи ҷиноӣ баррасӣ шудааст, ки аз он танҳо ҳамагӣ 10 нафар сафед карда шудаанд. Ин рақамҳои мудҳиш моҳияти додгоҳҳои Тоҷикистонро равшан нишон медиҳанд.

 Чунин вазъият танҳо ба манфиати бевоситаи Раҳмонов аст ва ӯ чизеро дар ин самт тағйир доданӣ нест. Модоме, ки додрас бар хилофи низом амал карда, ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки дар парвандаи алайҳи Додситонии нақлиёт ғалаба кунад, додрасро ҳатман бояд фавран барканор ва зиндон кардан лозим аст, то ин ба дигарон сабақ шавад ва ҳукми ба ҳукуматдорон писандро содир намоянд.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза