21.1 C
Dushanbe
04.05.2024

Баёнияи расмии “Гурӯҳи 24” дар нишасти “Кёлн” оид ба қатли Умаралӣ Қувватов

Ду сол пеш – шаби 5 марти соли 2015 Умаралӣ Қувватов, раҳбари “Гурӯҳи 24”, дар шаҳри Истамбули Туркия кушта шуд.
Имрӯз 5 март дар як нишаст дар шаҳри Кёлни Олмон аз солгарди дуюми қатли Умаралӣ Қувватов ёд карда шуд.

Дар поёни ин нишаст баёнияе, қабул карда, шуд, ки онро ба хонандагон мегузорем:

Баёния
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” сараввал миннатдории худро ба тамоми кишварҳои дуст ва хамҷивор баён мекунад, ба хусус кишварҳое, ки дар душвортарин лаҳзаҳо бо мардуми Тоҷикистон буданд ва аз сиёсати нодурусти ҳукумати Раҳмонов ва суистифодааш аз вазъи глобали ва терроризми ҷахони интиқод мекунанд ва барои беҳбуди кишвари мо талош меварзанд ва пайваста аз ҳуқуқи инсон ҳимоят карда, нақзи онро маҳкум мекунанд.
Албатта, ташаккурии худро бори дигар ба тамоми он кишварҳое, ки дуруғу туҳмат ва сохтаҳои бе асоси ҳукумати Раҳмоновро бар асоси мантиқу инсоният бовар накарда, ба шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон пушту паноҳ бахшидаанд, ба хусус Русия, Эрон, Туркия, Гурҷистон, Украина, Беларусия, Қирғизистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ва созмонҳои байналмилалие, ки дар ин замина кумакҳо ва заҳматҳои фавқулода доштаанд, аз ҷумла Созмони Милали Муттахид, Созмони Амният ва Ҳамкори дар Аврупо, Комиссияи Аврупо ва ҳамчунин аз созмонҳои ҳуқуқи башар монанди Афви байналмилал, Хонаи Озодӣ, Дидбони ҳуқуқи башар, Гурӯҳи буҳрони байналмилалӣ, Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия ва ғайра мерасонем.
Ба ҳеч кас пушида нест, ки таи ду солӣ ахир дар ҷумҳурии Тоҷикистон чи гузашт ва ҳоло дар кадом буҳрон қарор дорад ва бо кадом мушкилиҳо рубару аст. Худхоҳи ва тамаъҷуии як шахс тақдири кишварро фалаҷ карда, мардумашро дар ҳар гушаву канори дунё сарсону саргардон кардааст. Бо бастани аҳзоб ва фишору таъқибу ҳабси фаъолони сиёсӣ, равшанфикрон, зиёиён, соҳибкорон, ҳуқуқшиносон, рузноманигорон ва дигар фаъолони ҷомеа иктифо накарда, даст ба қатлу куштор задани диктотури Тоҷикистон ҳамаро дар дохилу хориҷи кишвар нигарон карда, мардумро дар нимароҳ қарор додааст, ки бе шак ингуна равандҳои нодуруст тақдири кишварро ба сарзадани намунаи монанди “баҳори араб” дар ховари миёна наздик мекунад, чун авомили зулми аз ҳадд зиёд болои мардум ва тамаъҷуии ҳокимон, ҳукмҳои тулонии як шахс ва интиқоли қудрат аз падар ба писар, хонаводаги кардани мансабҳои калиди, сокит кардани садои ҳар мухолиф ва поймол гаштани озодиҳои инсон ва набуди озодии баён будаанд, ки саранҷом хашми мардумро ба бор оварда ба хиёбонҳо рехтаанд.
Имрӯз Раҳмонов аз буҳрони терроризми ҷаҳони суистифода бурда, тамоми созишномаҳои байналмиллалиро зери по гузошта, ҳуқуқҳои инсониро нақз мекунад танҳо барои ҳифзи курсии худ ва ба курсии президенти расондани писари худ талош мебарад. Айнан ҳамон роҳе, ки диктотурони сарнагуншуда пеша гирифта будаанд, ки саранҷом на танҳо мардуми худро қурбонӣ карда, бехонаву бе ватан сохтанд, балки кишварҳои минтақаву дунёро низ бо буҳронҳову чолишҳои гуногун рубару кардаанд ва то ҳануз ранҷ мекашанд.
Ду сол қабл дар ҳамин рӯз, дунё ҳама шоҳиди он буд, ки дар яке аз кучаҳои шаҳри Истанбули Туркия баъди заҳр додани яке аз тоҷирони муввафақ, сиёсатмадор ва мухолифи сарсахти режими худкома роҳбари “Гурӯҳи 24” бо фармоиши Раҳмонов кушта шуд. Ин ҳодиса сару садоҳои зиёдеро ба бор овард ва ҳама онро маҳкум кардаанд, вале инак баъди гузашти ду сол тақрибан фаромуш мешавад. Бовуҷуди он, ки яке аз иҷрокунандагони ин амалӣ террористи дастгир шуда, ҳукми абад гирифт вале ба шахсе, ки пушти ин саҳна қарор дорад чорае дида нашуд ва мушшахасан ишорае тарафи ӯ то ҳанӯз нашудааст. Агар имрӯз садди роҳи террорҳои сиёсӣ гирифта нашавад ва ҷомеаи ҷаҳони дар рубаруи ҷиноятҳои Раҳмонов вокуниши ҷиддитар нишон надиҳад ин силсила қатлу куштор бе шубҳа идома хоҳанд кард ва ҳеч мухолифи режими кунини дар эмин нахоҳад буд.
Бо вуҷуди талошҳои зиёди созмонҳои байналмиллалӣ ва дастгириҳои зикр гардидаи ҷомеаи ҷаҳони барои наҷоти мардуми Тоҷикистон ва ба озодии воқеаи расидан ин ҳама басанда нест, бинобарин, ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дубора таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ва ба сарнавишти мардуми он ҷалб карда дархост мекунад дар нуқоти зерин:
1. Замони диктотурҳо аз байн рафтааст ва ҷое ба яккатозон дар дунё боқи намондааст, бинобарин, вақти он расидааст, ки садди роҳи диктотури Тоҷикистон низ гирифта шавад ва кишвару минтақа сари вақт аз дами оташ наҷот ёбад.
2. Барои пешгирифтани сели муҳоҷирон ба Аврупо сари вақт андешида шуда, ҷораҳои амалӣ барои ҳалли аслии ин буҳрон, ки режими диктотури мебошад гирифта шавад.
3. Ба паноҳандагони сиёсии Тоҷикистон ва фаъолони сиёсӣ таваҷҷуҳи хосс ва имкониятҳои бештар дода шавад.
4. Алайҳи масъулини ҳукумати Тоҷикистон (на кишвари Тоҷикистон), ки аксаран аз дойраи хонаводаи Раҳмонов мебошанд таҳримҳое, аз ҷумла дар масъалаи маҳрумият аз раводид, бастани суратҳисобҳои бонкии ишон дар хориҷ ва дигар маҳдудиятҳои молӣ ва фишор ҷорӣ шавад.
5. Ба кулли қатъ кардани тамоми кумакҳои молӣ ба ин режим, чун ягона истифодабаранда аз онҳо худи Раҳмонов мебошад.
6. Вақти он расидааст, ки парда аз руи қазияи қатли “Умаралӣ Қувватов” бардошта шуда, террористе, ки пушти ин қатл мейстад мушшахас гардад ва ангушти ишора ба шахси худи Раҳмонов ошкорона равона гардад.
7. Раҳмонов ҳамчун ҷинояткор, мутаҳҳам бар қатли оми мардум таввасути додгоҳи байналмиллалӣ шинохта ва муҷозот шавад.
8. Ба сарнавишти тамоми маҳбусон ва боздоштшудагони сиёсӣ дар Тоҷикистон, ки бе ҷурм ба ҳабс гирифта шуданд ва ё золимона паси дарҳои баста маҳкум ба зиндон шудаанд таваҷҷуҳи ҷидди дода шавад.
9. Ба сарнавишти тамоми маҳбусон ва боздоштшудагони сиёсии хориҷ аз кишвар, ки бо иттиҳомоти бофтаи ҳукумат дастгир мешаванд таваҷҷуҳи ҷидди дода шавад, ба хусус Абдурашид Ҳомидов, ки беш аз як сол мешавад дар зиндони Туркия қарор дорад.
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”
05.03.2017

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза