9.1 C
Dushanbe
01.05.2024

“Гурӯҳи 24” ба эътирозҳои худ идома медиҳад

Тавре пештар огаҳ намудем, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” қаблан ба далели рабуда шудани муборизи фаъол, узви гурӯҳ Шобуддин Бадалов аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ва истидрори ӯ ба Тоҷикистон дар назди сафоратхонаҳои Русия кишварҳои Олмон, Бритониё ва Литва ба нишонаи эътироз пикет доир намуд.
 
Имрӯз, 6 октябр фаъолони ин созмони сиёсӣ дар доираи чорабиниҳои тарҳрезикардаи худ барои то ба охир пайгирӣ намудани ин қазия ва ошкор сохтани тамоми ҷузъиёти ин ҳодисаи ғайридемократӣ дар назди сафоратхонаҳои Русия дар Украина ва Белгия даст ба пикетҳои эътирозӣ заданд. Талабҳои муътаризин аз мақомоти Русия ба мисли пикетҳои қаблӣ аз таҳқиқи шаффофу одилонаи ин қазия, муайян намудан ва мутобиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорани ин ҳодисаи нангин иборат буд.
 
Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар амри то ба охир баррасӣ гардидани ин масъала ва пешгирӣ аз такрори он қотеъ аст, ки ин хатти машйи худро идома диҳад.
 
Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза