Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24» ҳамаи хонандагон, донишҷӯён, омӯзгорон ва падару модаронро ба муносибати 1 сентябр — Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш самимона табрик мегӯяд.
Дониш неруест, ки инсонро аз ҷаҳолат ба маърифат ва ҷомеаро ба сӯи пешрафту ободӣ мебарад. Ояндаи ҳар миллат аз сатҳи дониш, тарбия ва ҷаҳонбинии насли ҷавони он вобаста аст. Аз ин рӯ, фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсил, дастрасии баробар ба маорифи босифат ва эҳтироми мақоми омӯзгор бояд аз муҳимтарин вазифаҳои давлат ва ҷомеа бошад.
Мо орзу дорем, ки фарзандони Тоҷикистон дар муҳите ба воя расанд, ки дар он озодона омӯзанд, андеша кунанд, савол диҳанд, истеъдоди худро рушд диҳанд ва бо илму дониш ояндаи худу Ватанро созанд.
Бигзор соли нави хониш барои ҳамаи хонандагону донишҷӯён соли муваффақият, кашфи донишҳои нав ва амалӣ гардидани орзуҳо бошад.
Дар баробари ин, «Гурӯҳи-24» аз вазъи кунунии соҳаи маорифи Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунад. Дар ҳоле, ки вазифаи асосии давлат бояд баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар кардани шароити мактабҳо ва дастгирии омӯзгорону хонандагон бошад, ба дӯши падару модарон бор кардани хароҷоти маҷбурӣ барои харидани сару либоси муайяни мактабӣ қобили қабул нест.
Ҳамчунин, ҷалби хонандагон ба маршировка, истиқболҳо ва дигар чорабиниҳои намоишӣ, махсусан вақте, ки ин кор аз ҳисоби вақти дарс ва таҳсили онҳо сурат мегирад, набояд ҷойгузини таълиму тарбияи босифат гардад.
Режими Раҳмонов бояд дарк кунад: кӯдак барои пур кардани сафҳои чорабиниҳои намоишӣ нест — ҷойи кӯдак дар синфхона, назди китоб ва омӯзгор аст.
Ба ҷойи маҷбур кардани кӯдакон ба маршировка ва таҳмил кардани хароҷоти иловагӣ ба оилаҳо, масъулон бояд ба мушкилоти воқеии соҳаи маориф расидагӣ кунанд. Пешрафти кишвар бо намоишкорӣ таъмин намешавад. Он бо мактаби босифат, омӯзгори соҳибэҳтиром, шароити муносиби таълим ва насли босаводу озодандеш ба даст меояд.
1 сентябр — Рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш муборак!
Бо эҳтиром,
Ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи-24»

