15.1 C
Dushanbe
26.04.2024

ХАБАРИ ХЕЛО ОЛӢ ВА ПЕШВОЗИ МАХСУСИ РАҲМОНОВ ДАР УРУПО БАРОИ МАРДУМИ МУБОРИЗ!

Дуруд хонандаи гиромӣ!

Дар чанд рӯзи охир хабари омадани Раҳмонов ба Урупо тамоми расонаҳоро фаро гирифтааст. Зиёди мардум атрофи тухмҳои ба мошини Раҳмонов хурда суҳбат мекунанд, аммо аз ҳама муҳимаш ин аст, ки ин хабар на тавассути ягон идораи расмӣ, балки тавассути кормандони мақомоти қудратӣ ба хонаводаи мухолифон, ки барои ҷилавгирии муборизон аз пешвози махсуси Раҳмонов паҳн шудааст. Дар ин ҳафта хонаводаи бештари мухолифон аз ҷумла фаолони “Гурӯҳи-24”, ки қаблан ба мошини Раҳмонов тухуборон карда буданд ба мақомот даъват карда шудаанду аз онҳо хостаанд, ки фарзандони онҳо ба пешвози Раҳмонов нараванд ва дар ғайри ин сурат хонаводаи эшонро зиндон мекунанд ва молу мулки онҳоро ба нафъи давлат мусодира мекунанд. Аз ин тариқ онҳо мехостанд сади роҳи пешози махсуси Раҳмоновро гиранд, лекин аз навиштаву гуфтори мухолифин ба назар мерасад, ки онҳоро сафари Раҳмонов хушҳол кардаасту пешопеш рангу тухми худро харидаанд, то ба пешвози махсуси Равҳмонов раванд.

Дархости асосии мақомот аз наздикони фаолони мухолиф талаб намудаанд, ки ба пайвандонашон дар Урупо занг зада аз онҳо бихоҳанд аз ҳамагуна гирдиҳамоӣ худорӣ кунанд.

Убайдулло Саиди сухангӯӣ  “Гурӯҳи-24” гуфт, ки мақомот падари пири ӯро ба идораҳои қудратӣ бурданд, то ба ӯ занг занад ва даъват кунад, ки ӯ дар тазоҳуроти пешвози махсуси Раҳмонов иштирок накунамд, вагарна падарашро зиндон мекунанд. Ӯ тааҷҷӯбона гуфт, чигуна мақомот то ҳол дарк накардааст, ки дар тули 10 сол фишори онҳо болои хонаводаи мо ба ман ҳеҷ асаре накарду, лекин онҳо боз ин корро давом медиҳанд?!

Ҳамин намуди фишорҳо ба хонаводаи дигар мухолифин низ оварда мешавад, ҳарчанд то ҳанӯз ин фишорҳо ҳеҷ таъсире дар фаъолияти мухолифон надоштааст. Мақомот аз он дастбардор нестанд ва пайваста таҳдиду фишорро ба хонаводаи мухолифон зиёд мекунанд. Дар ҳукуматҳои диктотурӣ ин чизи ҷадиде нест, зеро онҳо барои манофеи хонавода, пул ва мақом ҳар коре мекунад то тавонанд як рӯз умри ҳукумати худро тӯлонитар кунанд. Дар ғайри ҳол онҳо медонанд, ки миллат агар аз дуздиву ғорати онҳо бохабар шавад ба онҳо чӣ мекунад?!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” ҳамагуна фишору таҳдид ба хонаводаи мухолифонро маҳкум карда, хилофи қонунҳои Тоҷикистону ҷаҳон медонад ва аз мардум дархост мекунанд, ки аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад, зеро касе ҳуқуқи шуморо ба шумо барнамегардонад, то замоне шумо худ онро талаб накунеду ва ба он истодагӣ накунед. Дархосте аз золим барои камкардани фишор нахоҳем кард, чун он ҳеҷ асаре нахоҳад дошт. Инаст, ки мо ба шумо мардум муроҷиат мекунем, нагузоред ба шумо ва ҳамватанони шумо зулм кунанд ва аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунед вагрна фардо навбатӣ шумост. Умедворем ин хоҳиши моро мардуми шарифи Тоҷикистон дарк мекунанд…!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза