11.1 C
Dushanbe
30.04.2024

Нишасти ғайринавбатии “Гурӯҳи 24” дар шаҳри Бонни Олмон

Имрӯз, “Гурӯҳи 24” нишасти ғайринавбатии худро дар шаҳри Бонни Олмон баргузор кард. Ҷонишини роҳбари “Гурӯҳи 24″ – Ҳусейн Ашӯров, масъули равобити хориҷии” Гурӯҳи 24″ – Нуриддини Ризоӣ, сухангӯи гурӯҳ – Саидалӣ Ашӯров, фаъолон  Акмал Астанаев, Абузар Хоҷазода, Муҳаммад Кабиров, Салмон Холиқов ва дигар аъзоёни “Гурӯҳи 24” аз кишварҳои урупоӣ дар ин нишаст ширкат варзиданд. Зимни нишаст, дар баробари матраҳ кардани масоили гуногун, ба хусус, перомуни қазияи боздошти роҳбари “Гурӯҳи 24” ва Насимҷон Шарифов ва корҳои то имрӯз анҷомшуда дар ин самт ва барномаҳои оянда баста ба ин масъала тамаркуз карда шуд.

“Гурӯҳи 24” барои раҳоии роҳбар ва намояндаҳои боздоштшудаи ин гурӯҳ то имрӯз бештари корҳоеро, ки лозим буд, анҷом дод ва то лаҳзаи озод шудани Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарифов тамоми талошу тавони худро ба кор хоҳад бурд. Нишасти имрӯза дар як фазои хеле хуб анҷом ёфт ва масъулин ва аъзои гурӯҳ барои анҷоми нақшаҳо ва барномаҳои дар пеш истода бо рӯҳияи воло ва омодагии солим таёрӣ диданд.

Ёдовар мешавем, ки роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар ва намояндаи ин гурӯҳ дар Туркия- Насимҷон Шарифов бо дархости ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти пулиси Туркия дар торихи 19-уми марти соли равон боздошт шуданд ва ҳанӯз дар боздоштгоҳ ба сар мебаранд.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза