19.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Идомаи фишор ва найрангбозиҳои ҳукумати худкома

Бино бар гузориши фаъоли “Гурӯҳи 24” – Насим Шарифов аз манобеъи наздикони худ ва бар истинбот аз рӯзномаи “Сӯбҳи мехнат” , кормандони мақомоти дахлдори ноҳияи Мӯъминобод борҳо хонаводаи ин узви “Гурӯҳи 24″-ро мавриди бозпурсӣ ва таҳдиду шиканҷаю фишор қарор додаанд. Ба гуфтаи ин узви мо, кормандони мақомот бо ҳамроҳии рӯзноманигори ” Сӯбҳи мехнат”  ба хонаи онҳо рафта, бо аҳли оила ва ҳамсари эшон ҳамсӯҳбат шудаанд ва бар волидайни Насим Шарифов амр кардаанд, то ки мурочиате ба писарашон анчом диҳанд ва аз ӯ дархост кунанд, то ки аз фаъолиятҳои сиёсии худ боз истода, ба ватан баргардад. Мо матни мурочиатномаи худсози мақомотро, ки аз номи волидайни Насим Шарифов навиштаанд, дар шакли сурате дар зер мекорем.

Дар посух бар ин амали мақомот, Насим Шарифов узви “Гурӯҳи 24” муроҷиате намудааст, ки матни онро ба шакли пурра хидмати хонандагон мегузорем:

” Посухи Насим Шарифов – фаъоли “Гурӯҳи 24” бар он фурӯмоягоне, ки аз номи аҳли хонаводаи ӯ муроҷиатномаи сохта ва дурӯғине дар рӯзномаи “Сӯбҳи меҳнат”- и ноҳияи Мӯъминобод ба нашр расонидаанд.

Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва басо меҳрабон

Салом модарҷон ва падари бузургворам! Салом ҳамсару тифлакони вафодорам! 
Аз ин ки чанд фурӯмояе, ҳақире, бешарафе, тамаъкору хушомадгую беарзишу нотавону нокасе аз мақомоти дахлдори хукумат ба хотири ҳакгуиям ба суроғи шумо омаданду шуморо озорҳо доданд ва пурсон шуданд ва дар охир аз номи шумо хонаводаи азизам, бо истифода аз рӯзномаи ноҳия ҳарфҳои дуруғину ғаразноке ба нашр расонидаанд, огоҳам! 
Ба дурустӣ, ин навишта ҳарфҳои ошно нест ва аз он бӯи нифоқ меояд. Чун ҳар ҳарфу садою ишораи шумо бароям ошност. Дар ин муроҷиатномаи дурӯғин ҳарчӣ ки хостаанд, аз дурӯғ навиштаанд ва ҳатто аз бехирадӣ маълумотҳои дурӯғеро хостанд дакик нишон диҳанд. Он ҷо ки торихи худоҳофизии моро ба накл аз шумо мувофиқ ба торихи 4-уми январи соли 2013-ум овардаанд, дар ҳоле ки ман дар торихи 6-уми январи соли 2014- ум аз тариқи фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб сафар кардаам. Ва ҷои дигар, синни духтарчаи ман – Ёсуманро ба нақл аз ҳамсарам 6 сола ва синни писарам – Ёсинро 4 сола баён кардаанд, ҳол он ки Ёсуман мутаваллиди 03.03. 2012-ум, яъне панҷсола ва Ёсин мутаваллиди торихи 28.12.2013-ум ва сесола мебошад. 
Вақте ки кас ин навиштаи дурӯғинро мехонад, ба ҳоли нависандаи он механдад. Нависандаи муфлису беинсоф ончунон ба худ иҷоза дода ва аз номи падари бузургвори ман дурӯғ гуфтааст, ки ин муроҷиатнома на бар як насиҳати падар бар писаре, балки ба ҷамъбасти солонаи раиси ноҳия шабоҳат дорад. Гуё падари ман, як шахси деҳқон, ягон раиси ноҳия бошаду гузориш диҳад, ки раисҷумҳур чӣ бино кард ва дар куҷо чӣ сохт! Ва дар соли гузашта чи миқдор масофаи шоҳроҳи Кӯлобу Мӯъминобод навсозӣ шуду дар соли 2017-ум 5 мактабу 4 чамоати дигар дар ноҳия ва он ҳам аз ҷониби раиси ҷумҳур бино хоҳад шуд. Ҳарфҳое ки ҳеҷ рабте ба падари ман надорад. 
Бо анҷоми ин кор ва чоплусию тамаллуқкорӣ мехоҳанд , ки садоқати худро ба пешвояшон нишон диҳанд. 
Кас бар бехирадӣ ва хушомаду тамаъкорию ҷаҳли ин тоифаи чорпоён механдад. Чун мехоҳанд бо ин усули ҷоҳилона ва золимонаашон садди роҳи фаъолияти мо гарданд. Ин аст, ки ба озору ранҷи шумо даст мезананд ва ҳам шуморо ранҷуру худро манфур ва саргардону доғдор месозанд. Дар охир муваффақ намешаванд, ҳамон туре ки амсоли инҳо ба ранҷу озори волидайни дигар муборизон даст доштанд ва муваффақ нашуданд. Ин равиши аҳмақонаи эшон монеъи кори мо нахоҳад шуд. Зеро мо дар роҳи мубориза бо ин гурӯҳи дӯзду фасодкор ва ситамгару динситезу мардумозор устуворем! 
Эҳтироматон болои сар ва муҳаббататон дар шараёни мо дар ҳаракат аст. Мо барои ҳамеша мадюни шумо ва дар хидмати шумоем.
Шумо нури чашмонам, дар баробари ситаму озорҳои ин ситамкорон сабуру бурдбору пойдор бимонед. Ёрӣ ва пирӯзии Худо наздик аст. Мо албатта, бо хости Офаридгор рӯзе ба Ватан бо пирӯзӣ ва як барномаи солиму наҷотбахш бар хохем гашт. Шуморо бар Худо во мегузорам”!

Чи хеле, ки дар дигар хабархо мо зикр мекардем, ин гуна ҳаракатҳои режим ягон таъсири манфие ба фаъолон ва тарафдорони мо намерасонанд, баръакс рӯҳияи моро баланд мекунанд ва моро ба суи ҳаракату муборизаи фаъолтар мебаранд, чунки бо ин намоишҳои театри дар Тоҷикистон ва берун аз он ҳам кайҳо боз одат кардаанд.

Инчунин дар ҳамин ҳол, узви дигари “Гурӯҳи 24” – Ҳофиз Носирӣ, аз боздошту шиканҷаи хонавода ва наздикони худ бар сомонаи мо дарак дод.

Ҳофиз Носирӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки: 
” Рӯзи ҷумъа, мувофиқ бо 13-уми январи соли чорӣ, кормандони амниятии вилояти хатлон тағояш – Саидов Абдулғаффор ва амакиаш – Давлатов Исматуллохро бар идораи амнияти вилоятӣ бурда, зери шиканҷа қарор доданд ва онҳоро ба муддати як шабонарӯз онҷо нигоҳ доштаанд, то ки бо ин васила монеъи суханронии ин фаъоли гуруҳи мо ъалайҳи режими худкома гарданд ва бар эшон амр кардаанд, ки онҳо Ҳофизи Носириро насиҳат кунанд, то ки бо дарсу тадриси худ машғул бошаду коре ба сохторҳои ҳукумат надошта бошад.”

Аммо фаъоли сиёсии “Гурӯхи 24″ дар идомаи сӯҳбат бо мо афзӯд, ки аз ҳеч гуна тахдиду азиятҳо натарсида, сухани хақро гуфтан фариза ва зарурӣ медонад ва иродаи мӯҳкам дорад, то ки кушиши худро алайхи хоинони миллати начибу шарифи Тоҷикистон дучанд гардонад.

Ногуфта намонад, ки ин амали мақомоти Тоҷикистон нисбат бар хонаводаҳои мухолифини сиёсии ҳукумат падидаи тозае нест ва мақомот бо ин роҳ мехоҳанд садди роҳи ҳаракати мухолифини худ гарданд. Чихеле, ки хамаи Шумо шохид хастед ин тоифа аллакай борхо болои хонавода ва наздикони фаъолони мо фишорхо оварданд, аммо хитоби мо бар кормандони мақомот ин аст, ки ин роҳ ва усули шумо, роҳи ҳал нест ва самар нахоҳад дод! Аз ин ру худро беҳуда саргардон накунед! Чун мо дар барнома ва бардошти гомҳои худ содиқу устуворем! 
 Мо адолатро миёни ин халқ пиёда хоҳем кард ва ҳақро ба соҳибонашон бозпас хоҳем дод! 
Бар мудирият, муҳаррирон ва рӯзноманигорони ” Сӯбҳи меҳнат” гуфтанием, ки масъулият ва садоқат бар пешаи худро фаромӯш накунанд ва шеваи тамаллуқро бар худ касб накунанд, зеро ки ҳукуматҳо меоянду мераванд, вале номи шумо дар сафҳаи сиёҳи торих доғдор боқӣ хоҳад монд! ”

Бахши иттилоотии Гуруҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза