ИДИ ҲАҚИҚИИ ЗАБОН МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Сараввал ҳамаи Шумо ҳамватанони дохилӣ ва бурунмарзиро ба рӯзи Забони Модарӣ табрик мегӯем!

Забон танҳо маҷмӯи калимаҳо нест. Забон хотираи миллат, шиносномаи таърих ва рӯҳи як халқ аст. Миллате, ки таърихи забони худро таҳриф мекунад ё аз ёд мебарад, тадриҷан аз решаҳои худ ҷудо мешавад.

22 июли соли 1989 барои тоҷикон танҳо як сана набуд. Он рӯзе буд, ки забони тоҷикӣ пас аз солҳои тӯлонии маҳдудият мақоми давлатӣ гирифт. Ин пирӯзии зиёиён, адибон, олимон ва ҳазорон нафаре буд, ки барои эҳёи забони модарӣ мубориза бурданд. Он рӯз ба номи ҳеҷ сиёсатмадоре набуд. Он рӯзи миллат буд.

Аммо баъдтар ин сана ба 5 октябр иваз гардид, санае, ки ҳамзамон бо зодрӯзи Раҳмонов рост меояд. Гарчанде мақомот ин тағйиротро дар доираи қабули Қонуни нави забон шарҳ додаанд, барои бисёре аз шаҳрвандон чунин ҳамзамонӣ саволҳои ҷиддӣ ба миён овард: чаро маҳз 5 октябр? Чаро рӯзе, ки воқеаи таърихиро таҷассум мекард, аз тақвим канор гузошта шуд?

Вақте рамзи миллат бо санаи таваллуди як шахс пайванд мехӯрад, хоҳем ё нахоҳем, сояи сиёсат бар арзишҳои миллӣ меафтад. Забон дигар танҳо забон намемонад, балки ба ҷузъи сиёсати рӯз табдил меёбад. Ин ҳолат метавонад маънои аслии ин ҷашнро барои наслҳои оянда тағйир диҳад.

Забони тоҷикӣ аз Раҳмонов оғоз нашудааст ва бо ӯ низ поён намеёбад. Ин забон ҳазорсолаҳо пеш аз мо вуҷуд дошт. Ин забони Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Айнӣ аст. Ин забонро на як шахс, балки ҳазорсолаҳои таърих ва миллионҳо тоҷик ҳифз кардаанд.

Арзишҳои миллӣ набояд ба шахсиятҳо вобаста шаванд, зеро шахсиятҳо меоянд ва мераванд, аммо миллат ва забонаш бояд ҷовидона боқӣ бимонанд. Агар имрӯз мо таърихи воқеии Рӯзи забонро фаромӯш кунем, фардо фарзандони мо низ намедонанд, ки чаро аслан ин рӯз ба вуҷуд омадааст.

Муқаддасоти миллӣ бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ болотар бошанд. Рӯзи забон бояд рӯзи забон бошад, на рӯзе, ки маънояш дар зери сояи ҳар гуна рамзҳои дигар гум шавад.

Миллате, ки таърихи худро тағйир медиҳад, дер ё зуд хотираи худро аз даст медиҳад. Ва миллате, ки хотира надорад, ояндаи устувор ҳам нахоҳад дошт.

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза