9.1 C
Dushanbe
29.04.2024

Таъқиби дигарандешон

Баъд аз ҳодисаи 9 – 10-уми октябр дар Душанбе, чи тавре ки маълум аст, зиёда аз 70% ҳукуматдорони Раҳмонов бо нақшаву дархостҳояшон робита бар ҳаракатҳои “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон”, роҳ ба сӯи шаҳри Маскавро пеш гирифтанд. Дар он замон фаъолон ва роҳбарияти ҳарду ҳаракатҳо, фаъолиятҳои оппозитсионии худро бар аъло давом медоданд. Мақсуд Иброҳимов мусоҳиба ва конференсияҳои матбуотӣ мегузаронд. Умаралӣ Қувватов низ, даст аз мубориза нашуста, тавассути шабакаи радиоии “Новый Таджикистан 2” ва сайтҳои иҷтимоӣ бо халқ ҳамеша дар алоқа буда, зидди режими диктотурӣ мубориза мебурд.

Дар ҳоли сафари Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба шаҳрҳои Федератсияи Русия, фаъолони ҳаракатҳои мухолиф бо ӯ вохӯрданд.

Барои фаъолон ва тарафдорони ҳаракатҳои оппозитсионӣ, далели беасос ва ғайриқонунӣ, ки онҳо аз ҷониби режими Раҳмонов “Экстремист” эълон шуда буданд, аҳамияти на чандон хоссе дошт, чунки Раҳмонов бо ин амалаш ба ҷамъияти байналмиллалӣ, дар асл диктотур будани худро нишон дод. Ба ҳамин хотир, онҳо фаъолиятҳои оппозитсионии худро дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия давом медоданд, вале сиёсати маккорона ва Созишномаи Пинҳонии диктотур бо ҳукумути Русия, ва далели нофаҳмоиҳои зиёд дар муносибатҳои Душанбеи расмӣ ва Маскав дар он вақтро ба назар гирифта, чизеро пешбинӣ карда намешуд.

Оқибати омадани 70%-и ҳукуматдорони Раҳмонов ва “Созишномаи Пинҳонӣ” миёни ду кишвар, таъқиби ояндаи фаъолони ҳаракатҳои “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар ҳудуди Федератсияи Русия шуд. Ҳамин тавр, дастгир кардани фаъолон дар шаҳрҳои Русия шурӯъ шуд.

12-уми ноябри соли 2014-ум Абдураҳим Восиев дар шаҳри Маскав дастгир шуда буд.

3-юми декабри соли 2014-ум Меҳрубон Сатторов дар шаҳри Маскав дастгир шуд.

19-уми декабри соли 2014-ум Сулаймон Ҷобиров дар шаҳри Самара дастгир шуд.

19-уми декабри соли 2014-ум, фаъоли сиёсӣ, Розия Абдураҳмонова дар шаҳри Новосибирск дастгир шуд.

Қувватуллоҳ Гилоев ҳам дар шаҳри Новосибирск дастгир шуд.

Шерзод Комилов дар шаҳри Екатеринбург дастгир шуда буд.

Боз дигар фаъолонро қайд кардан ҳатмист: Умедҷон Солиҳов, Неъматулло Қурбонов ва Азам Бухориев ба хотири алоқа бо ҳаракатҳои оппозитсионӣ, дар шаҳри Душанбе дастгир шуда буданд. Дар асоси гӯш кардани шабакаи радиоии “Новый Таджикистан 2”, тақсими варақа, доштани Sms-паёмакҳо ва дӯстӣ дар сайтҳои иҷтимоӣ аз қабили “Одноклассники”, “Facebook”, “Viber”,”Watsapp” ва дигар сайтҳои иҷтимоӣ, ҳатто ба хотири “Лайк” пахш кардан дар ин сайтҳо, далелҳои зиёди дастгир шудани шаҳрвандон дар Тоҷикистон вуҷуд доранд. Ҳамин тавр режими Раҳмонов роҳи тарс додани миллатро ба хотири пешгирӣ кардани фаъолиятҳои муборизон ва фаъолонро пеш гирифта, дигаронро аз оқибати ин амалҳо огоҳии ҷиддие кард.

26-уми ноябри соли 2014-ум, тақрибан соати 23:00 болои роҳбари ҳаракати мардумӣ-сиёсии “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” Мақсуд Иброҳимов,дар кӯчаи Севанскии маҳаллаи “Царицыно”-и ҷанубии маъмурияти миртақавии Маскав ҳуҷум ба амал омад. Ҳуҷум аз тарафи ду шахси номаълум, начандон дуртар аз макони зисти Мақсуд Иброҳимов ба амал омада буд. Дар ҷои ҳодиса, таппончаи тамғаи “Макаров” бо садонишонак (Глушитель) ёфт шуд. Таппонча истифода нашуда буд, чунки дар айни истифодабарӣ тирдон якбора банд шуда монд. Аз ҳамин сабаб ҷинояткорон Мақсудро бо 6 зарби кордӣ маҷрӯҳ намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб заданд.

Ӯ ба беморхона интиқол дода шуд ва замоне ки ба худ омад, дарҳол халқро аз аҳволаш огоҳ намуд. Ӯ гуфт, ки бо ин амалҳо режим натавонист ӯро тарсонад ва ӯ муборизаашро давом медиҳад.

Бояд қайд намуд, ки Мақсуд Иброҳимов 9-уми октябри соли 2014-ум бо дархости интиқол ба Тоҷикистон дастгир шуда буд, вале Русия ин дархостро қабул накард ва ӯ 11-уми октябр озод шуд. Якчанд рӯз қабл аз ҳуҷум ва захмӣ шуданаш, Мақсуд Иброҳимов аз таҳдидҳо аз ҷониби кормандони органҳои Тоҷикистон ба шӯъбаи корҳои дохилии маҳаллаи Царицынои шаҳри Маскав ариза навишт, вале ба даъвати ӯ начандон аҳамияти хосе доданд. Ба гуфтаи худаш замоне, ки Мақсуд Иброҳимов роҳбарии ҳаракати оппозитсиониро бар ӯҳда гирифт, фишорҳо тавассути наздиконаш дар Тоҷикистон болои ӯ шурӯъ шуданд. Ба ҷуз аз ин ӯро занг зада бо ҷазодиҳӣ таҳдид намуда, талаби қатъи фаъолиятҳои сиёсиашро мекарданд.

13942597_319885851681941_20038386_n 13942597_319885851681941_20038386_n 13957579_319904575013402_1289895092_n 13957616_319904541680072_1032040210_n vosiev roziya mehrubon

Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза