11.1 C
Dushanbe
29.04.2024

ИДИ САИДИ ФИТР МУБОРАК ҲАМВАТАНОНИ АЗИЗ!

Иди Фитр омадасту Рамазон гашт тамом,
Ба шумо ҳамсафарони сафари рӯза салом!
Рӯзаҳотон ҳама дар пеши Худованд қабул,
Рӯзгори хушатон мазҳари тавфиқ мудом.

Ба номи Худованди бениҳоят бахшандаву меҳрубон ҳамватанони азизу гиромиқадр!

Мардуми шарифи Тоҷикистон инак дар поёни моҳи раҳмату мағфират қарор гирифта, омадани Иди Азҳоро мунтазиранд. Ин моҳе, ки сипарӣ мешавад моҳи авфи гуноҳон ва аз оташи Дузах наҷоти мардуми рӯзадор аст. Бар асоси аҳодис, дар ин моҳ дарҳои осмон ва Биҳишт кушода шуда ва дарҳои дӯзах баста мешавад. Шаби Қадр, ки нузули Қуръон дар он шаб буд, дар ин моҳ қарор дорад. Бархе дигар аз китобҳои осмоние ҳамчун Тавроту Инҷил низ дар ин моҳ нозил шудааст. Рамазон ягона моҳе аст, ки номи он дар Қуръон омадааст. Ин моҳ, назди мусулмонон эҳтиром ва ҷойгоҳи вижае дорад. Дар манобеи дуоӣ, аъмол ва ибодатҳои мухталифе барои ин моҳ нақл шудааст. Аз муҳимтарин аъмоли ин моҳ, тиловати Қуръон, эҳёи шабҳои Қадр ва ёрдам ба ниёзмандон аст. Моҳе, ки дорои хусусиятҳои хоси худ буда, яке аз рукнҳои асосии дини Ислом ба шумор меравад ва барои тамоми мусулмонон дар ин моҳи муборак рӯза доштан фарз аст. Дар давоми ин моҳи раҳмату мағфират, мусулмонон пайваста ба корҳои нек ва парастиши Холиқи ягона машғуланд.

Иди Рамазон имрӯз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебоӣ, в-ин аҳду вафо табрик.
Аз Аллоҳ мадад ҷӯем дар роҳи муроди хеш,
Бӯе ба машом омад, аз боди сабо табрик.

Бахусус мардуми мусалмони Тоҷик, ки бо вуҷуди ин ҳама дарду ранҷ, парешонӣ,ва фикри фарзандони ғарибашон, ки дар ин моҳи муборак пас аз ҳамлаи террористӣ ба толори консертии Крокус ситии шаҳри Маскав мавриди озору азияти миллатгароёну мақомотҳои рус қарор гирифтанд ,боз ҳам пойбанди тоату ибодат буданд. Дар ин моҳи авфи гуноҳон мусулмонон кӯшиш мекунанд, то корҳои шоиста анҷом диҳанд.

Аммо дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он бори аввал нест, ки ҳукумати Раҳмонов даст ба ҷинояти одамкушӣ ва одамрабоӣ мезанад, ки як намунааш рабудани роҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Сӯҳроб Зафар ва Насимҷон Шарипов намояндаи дигари гурӯҳ дар Туркия аст.

Аз ноадолатӣ ва сиёсати пасти режими фарсуда ҳамасола бо омадани моҳи Рамазон нархҳои тамоми намуди озуқаворӣ дар бозорҳо ба маротиб боло мераванд, ҳамчунин таҷлили Наврӯз ҳам, ки дар ин моҳи бузург рост омад, ҳукумат донишҷӯёнро маҷбуран ба маршировка бурда, дар ҳавои гарм то бегоҳ мерақсонанд. Мо худ шоҳиди чунин шикоятҳо аз ҷониби донишҷӯёни зиёде будем, ки омӯзгорон онҳоро маҷбур мекунанд то рӯзашонро бихӯранд ва тамрин кунанд, то дар ҷашни Наврӯз тавонанд дар назди Раҳмонов бирақсанд ва ӯро хушҳол намоянд.

Ҳамватанони азиз! Шумо, аҳлу оилаатон ва пайвандонатонро ба муносибати иди Саиди Фитр табрику муборакбод гуфта, аз Худованди Маннон ба шумо пеш аз ҳама имони комил, умри дароз, ғайрату шуҷоат ва озодиро таманно дорем.
Худованди бузург ба ҳурмати моҳи шарифи Рамазон, хатми Қуръону тиловати оёти каломи Раббонӣ арвоҳи ҷамии гузаштагонро аз мо шод ва хонаи охираташонро обод гардонад. Мардуми азияткашидаи моро дар паноҳи исмати худ аз балоҳои заминиву осмонӣ ҳамеша нигаҳбон бошад. Бигузор дар ин рӯзи саид умеду орзӯҳои некатон ҷомаи амал бипӯшад.
Боз ҳам идатон муборак бошад, ҳамватанони гиромӣ!

Бо эҳтироми самимӣ Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза