17.1 C
Dushanbe
03.05.2024

Бо ҳамкорӣ бо “Гурӯҳи 24” муттаҳам шудани рӯзноманигор Завқибек Саидаминӣ аз ҷониби мақомот иттиҳоми дурӯғин аст!

 Ниҳоят изҳороти расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти ҳангомабарангези хабарнигорон Саидаминӣ ва Пирмуҳаммадзода нашр шуд. Чун ҳамеша дар ин қазия ҳам ҳеҷ чизи наверо интизор шудан ғайриимкон буд. Завқибек Саидаминӣ бар асоси моддаи 307, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам мешавад. Шариф Қурбонзода, корманди Додситонии кулл зимни мулоқот ба хабарнигорон гуфт, ки дар ҷараёни тафтишот иртиботи Саидаминӣ бо “Гурӯҳи 24” ва “Ҳизби наҳзати исломӣ” низ мушаххас шудааст. Дар ин робита, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” аз ҷониби худ расман изҳор менамояд, ки Завқибеки Саидаминӣ ҳеҷ гоҳ ба ҳаракати мо иртибот надошт. Ин боз як дурӯғи ошкори мақомот аст ва комилан аён аст, ки ин шахс барои интиқод аз сиёсати Раҳмонов боздошт шудааст.
Хабарнигори дигари боздоштшуда Абдусаттор Пирмуҳаммадзода бошад, бо итоат накардан ба корманди пулис муттаҳам мешавад. Тахайюлоти кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз афташ хотима ёфтааст, вагарна онҳо аз ихтироъ кардани иттиҳоми нав худдорӣ намекарданд.
Ҳукумати Тоҷикистон бори дигар исбот кард, ки ба ашхоси ҳақиқатгӯй то чи андоза бераҳм аст. Чунин қонуншиканӣ дар ягон кишвари демократӣ вуҷуд надорад. Низоми судӣ дар Тоҷикистон танҳо ба як нафар – Раҳмонов итоат мекунад ва аз манфиатҳои як нафар ҳимоят мекунад. Тамоми кишвар дар тобеияти пурраи ӯ қарор дорад, тамоми қонунгузорӣ танҳо дар рӯи коғаз вуҷуд дорад, то симои як кишвари демократӣ будани Тоҷикистонро эҷод кунад.
Дар ҳақиқат, тамоми Тоҷикистон моли Раҳмонов аст. Мардуми мо ҳарчанд хеле пурсабру худотарсанд, вале дигар ба зулм тоб оварда наметавонанд. Одамони ғайюру далере пайдо мешаванд, ки ба муқобили беқонунӣ мубориза мебаранд. Яке вазифаҳои асосии Раҳмонов имрӯз ҷустуҷӯ ва аз байн бурдани чунин ашхос аст.
Бо айбҳои сохта имрӯз рӯзноманигоронро барои гуфтани сухани ҳақ зиндонӣ мекунанд!
Мо бори дигар таъкид менамоем, ки ҳамаи айбҳо тақаллубиянд! Аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар фаъолияти сиёсии худ дар гурӯҳ ҳамеша ошкор ҳастанд ва ҳукуматро ошкоро танқид мекунанд. Мо аз мардуми Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба изҳороти расмии Додситонии кулл бовар накунанд. Ҳеҷ кадоме аз хабарнигорони ахиран боздоштшуда узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” набуданд ва нестанд.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза