13.1 C
Dushanbe
27.04.2024

Роҳи Умаралӣ Қувватов раҳ ба сӯи озодӣ ва раҳоӣ аз ҷабру зулм аст

Аз марги фоҷеабори асосгузори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов 6 сол сипарӣ шуд. Шашумин баҳор аст, ки барои хонаводаи ӯ: ҳамсари азизу фарзандони ҷигарбандаш, хешу табору ҳамсафону ҳамсангаронаш шукуфтани гулҳову накҳати боди наврӯзӣ ва ҳулули фасли Наврӯз рангу маънӣ ва шукӯҳи худро гум кардаанд. Бо фаро расидани баҳор онҳо он рӯзи наҳсу ғамандуди 5 марти соли 2015- ро пеши назар меоваранд, он лаҳзаҳои мудҳишро дубора аз сар мегузаронанд.


Шаҳиди роҳи ҳақ ва озодӣ Умаралӣ Қувватов аз ҷумлаи соҳибкорони варзида ва муваффақе ба шумор мерафт, ки дар як муддати кӯтоҳ бо заҳмату меҳнати ҳалол тавонист дар рушди иқтисоди Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад. Ӯ бо таъсиси силсилакорхонаҳои тиҷоративу истеҳсолӣ ва бунёди ҳазорон ҷойи корӣ дар сафи собитқадамтарин чеҳраҳои бонуфузи кишвар қарор гирифт. Вале дарк накард, ки дар шароити Тоҷикистон доштани сарват ва муҳимтар аз ҳама нуфуз дар ҷомеа ба хонаводаи Раҳмонов хуш намеояд. Ин буд, ки тибқи дастури ин хонавода нақшаи ғасби молумулк ва аз саҳна рондани худи Умаралӣ Қувватов тарҳрезӣ шуд. Пас аз он, ки тамоми молумулк ва дороиҳои ӯ аз ҷониби домоди Раҳмонов азхуд карда шуд, хостанд худи ӯро ба мисли Зайд Саидов ба зиндон равона кунанд. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин нақшаи номардонаи хонаводаи Раҳмонов огоҳ шуда, ба Русия рафт ва даст ба муборизаи сиёсӣ зад. Оғози фаъолияти сиёсии Умаралӣ Қувватов бо ҳодисаҳои соли 2012 дар Хоруғ рост омад. Режими ҷиноятпешаи Раҳмонов он замон барои пахш намудани қиёми мардумӣ ва шикастани рӯҳи озодирарасти мардуми Хоруғ даст ба қатлу куштор зад ва дар ин фоҷеа тақрибан 25-30 нафар ҷавонмардони озодихоҳро ба қатл расонд. Умаралӣ Қувватов бо суханрониҳои ҷасурона ва ифшогаронаи худ дар байни муҳоҷирини тоҷикистонӣ ин ҷинояти навбатии режими истибдодии Раҳмонов ва дигар аъмоли зиддимардумӣ ва зиддимиллии ӯро фош ва маҳкум карда, мардумро ба худогоҳиву хештаншиносӣ даъват намуд. Фикру андеша ва даъватҳои ин марди мубориз миёни муҳоҷирон тарафдорони зиёде пайдо кард ва ҷараёнеро асос гузошт, ки ба поси хотири ҷавонмардони 24 июли соли 2012 дар Хоруғ аз ҷониби Ҳукумати Раҳмонов ба қатл расида номи Ҳаракати сиёсии” Гурӯҳи 24″- ро гирифт. Ин ҳаракат дар муддати кӯтоҳ ба як нирӯи муқтадире табдил ёфт ва пояҳои режими истибдодии Раҳмоновро ба ларза овард. Ҳукумати Тоҷикистон эҳсос кард, ки ин нирӯ дар оянда метавонад боиси суқути режим шавад, аз ин сабаб бо истифода аз ҳар роҳу восита кӯшиш намуд раҳбарон ва тарафдорони ин ҳаракатро боздошт намуда, ба Тоҷикистон истидрор кунад. Чунин вазъият водор кард, ки Умаралӣ Қувватов ва ҳамроҳонаш Русияро тарк кунанд. Вале дар хориҷ аз кишвар ҳам режими Раҳмонов ҳамсафону ҳамсангаронашро ором нагузошт. Охири соли 2012 Умаралӣ Қувватов бо дархости Тоҷикистон дар Дубай боздошт шуд ва пас аз чанд муддати маҳбӯсӣ моҳи сентябри соли 2013 бо далели беасос будани иттиҳомоти парванда аз зиндон озод шуд. Вале ин ҳодиса рӯҳи тавонои ӯро нашикаст ва баръакс ба ӯ тавони нав бахшид. Ӯ ба Русия баргашт ва дар гирди худ муҳоҷирони муборизро муттаҳид намуда, ба як лидери тавоно мубаддал гардид ва фаъолияти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”- ро густурдатар намуд.


Соли 2014 Умаралӣ Қувватов қариб дар аксари шаҳрҳои бузурги Русия бо суханрониҳову фаъъолияти таблиғотӣ ҳазорон нафар муҳоҷирони меҳнатиро ба худогоҳӣ ва бедорӣ даъват кард ва ба як шахсияти бузурги сиёсӣ табдил ёфт. Вале боз дар натиҷаи фишор Русияро тарк намуд ва Туркия паноҳ бурд. Дар Туркия ӯ соли 2014 бо ҳамроҳии муовинаш Сӯҳроб Зафар ва чанде аз ҳамсафонаш чанд муддатро дар зиндон сипарӣ кард, вале боз ҳам аз сабаби пучу беасос будани айбнома Додгоҳ онҳоро озод намуд.


Чун тири Раҳмонов ва Ҳукумати худкомаи ӯ ба ҳадаф нарасид, онҳо роҳи дигареро пеш гирифтанд ва нақшаи ҷисман нобуд кардани Умаралӣ Қувватовро кашиданд. Бо мақсади амалӣ шудани ин нияти шум онҳо як гурӯҳ қотилони зархаридро ба Туркия фиристоданд. 5 марти соли 2015 аъзои ин гурӯҳ Умаралӣ Қувватовро бо ҳамроҳии ҳамсару фарзандон ва чанд тан аз ҳамсафонаш ба меҳмонӣ даъват карда, масмум намуданд.

Вақте Умаралӣ Қувватов аз ин мақсади нопоки душманон огоҳ мешавад, аз хона ба хиёбон мебарояд. Дар ҳамин асно яке аз зархаридони Раҳмонов ӯро аз пушт бо тири туфангча ба қатл мерасонад. Ҷасади марди муборизу ҷасур Умаралӣ Қувватов дар Туркия ба хок супурда мешавад.


Инак 6 сол аст, ки дар ин рӯз дар сари хоки шаҳиди роҳи озодӣ, марди ҳақталошу ҳақгӯй Умаралӣ Қувватов сабзаҳои ормонҳои нодидааш медаманд, гулҳои орзуҳои амалӣ нагардидааш мешукуфанд ва рӯи хокаш аз ашки борони боронӣ нам мешавад. Дар ин рӯз ҳамасола дар рӯи марқади ӯ ҳамсафону ҳамсангаронаш дастагул мегузоранд ва ӯро бовар мекунонанд, ки роҳи ӯ идома дорад ва сол то сол пайравону тарафдорони Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” – ин ҷараёни сиёсии наве, ки бо зуҳураш мардум аз хоби ғафлат бедор мекунад, шуури сиёсии мардумро боло мебарад, меафзояд. Дар ин рӯз ҳамасола ҳамсафони ӯ дар яке аз кишварҳо ба маросими ёдбуди бунёдгузори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ҷамъ меоянд, бо қироати сурае аз Қуръони Карим рӯҳашро шод мегардонанд, бо ёдоварии кору пайкораш хотирашро гиромӣ медоранд. Имсол низ 5 март ҳамсафону ҳамсангарони ӯ аз сабаби бӯҳрони бемории КОВИД-19 ва баста будани сарҳадҳо маросими ёдбуди Умаралӣ Қувватовро аз тариқи онлайнӣ баргузор менамоянд. Ва то он даме, ки Ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон фаъъол аст, ин анъана идома хоҳад ёфт.


Роҳе, ки Умаралӣ Қувватов бо баҳои ҷони худ ба он асос гузошт, роҳи наҷоти мардум аз зулм ва истибдоди режими Раҳмонов аст, роҳи расидан ба ояндаи дурахшон, роҳи бунёди ҷомеаи мардумсолор, ҳуқуқбунёд ва ободу шукуфон аст. Дар ин роҳ Худованд ва азму иродаи мардуми Тоҷикистон бо мост!


Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза