Расо 5 сол пеш, дар ҳамин рӯз, 5- уми марти соли 2015-ум яке аз намоёнтарин чеҳраҳои озодихоҳии тоҷик ва муборизи роҳи озодӣ – Умаралӣ Қувватов роҳбар ва муассиси “Гурӯҳи 24” дар хиёбони Фотеҳи шаҳри Истанбули кишвари Туркиё бо дасти қотилони зархариди Раҳмонови диктатор дар назди чашмони зану фарзанди кӯчаки маъсумаш ба шаҳодат расонида шуд. Ба муносибати шаҳодати ин муборизи ҷонбаркаф, ҳамасола “Гурӯҳи 24” дар ин рӯз маҳфили ёдбуди ӯро барпо мекунад ва ёде аз ӯ гиромӣ дошта мешавад. Имсол низ, масъули бахши фарҳангии “Гурӯҳи 24” – Убайдулло Саидӣ, ин ёдбудро бо ҳамоҳангии намояндаи Утриш – Хурсандҷон Наҷмуддинов дар кишвари Утриш барномарезӣ кард ва дар ин маҳфил меҳмонон аз кишварҳои Олмон ва Лаҳистон ҳузур доштанд ва роҳбари кунунии “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар , рӯзноманигор ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик – Зафар Сӯфӣ , намояндагони “Гурӯҳи 24” дар Русия ва Лаҳистон бошанд, аз роҳи интернет ва ба шакли онлайнӣ сӯҳбат карданд. Сухангӯи “Гурӯҳи 24” – Сайдалӣ Ашӯров маҳфилро кушода эълон дошт ва порчае аз зиндагиномаи Умаралӣ Қувватов ба шакли савтӣ гузошта шуд. Пас аз он риштаи сухан ба роҳбари “Гурӯҳи 24” – Сӯҳроб Зафар дода шуд. Сӯҳроб Зафар перомуни васият ва амонати гузоштаи Умаралӣ Қувватов сӯҳбат кард ва чӣ гуна бо мушкилоти сахт рӯ ба рӯ шудани “Гурӯҳи 24” ёдовар шуд . Ӯ афзуд, ки ягона амале, ки ин гурӯҳро аз вартаи шикаст ва парешонӣ наҷот дод, ин хости Худо ва садоқати бародарон ва пайравони Қувватов баъд аз ӯ ба амонати гузоштаи ӯ буд. Зафар Суфӣ , рӯзноманигори шинохта ва муассиси расонаҳои “Озодагон” ба ин маҳфил даъват шуд . Ҷаноби Зафар Суфӣ дар суханронии худ перомуни вижагиҳои як роҳбари муваффақ ва мардумӣ ҳарф зад. Ӯ гуфт; агар дар як роҳбар самимият, садоқат ба ҳадаф , аз худгузаштагӣ ва амсоли ин набошад ҳаргиз ӯ дар дилҳои мардум ҷой нахоҳад гирифт. Бешак дар шахсияти шаҳид Умаралӣ Қувватов ин ҳама вижагиҳо ҷамъ шуда буданд ва ӯ дорои вижагиҳои хоссе буд, ки ин ҳама боис шуданд, ки ӯ дар як фурсати кӯтоҳ ҷавонони зиёдеро атрофи худ гирд орад ва маҳбуби дилҳо гардад. Маҳз садоқат ва аз худгузаштагии Қувватов буд, ки як режими диктотуриро ба ҳарос овард ва дар паи куштани ӯ шуданд. Ровӣ – Саидвлӣ Ашӯров пас аз суханронии ҷаноби Зафар Суфӣ, масъули равобити хориҷии “Гурӯҳи 24”- Нуриддин Ризоиро ба саҳна хонд. Ризоӣ ояе аз Қуръонро тафсир кард ва атрофи то охир ба аҳд содиқ монданд сӯҳбат кард. Ӯ аз ҳазрати Исо, Асҳоби Каҳф, Гондӣ ва дигарон намунаҳо овард ва гуфт, ки яке аз иштибоҳҳои диктотурҳо ин аст, ки мепиндоранд, бо куштан ва нобуд кардани кас, метавон андеша ва мактаби ӯро аз байн бурд. Маҳмадраҷаб Саидалиев – намояндаи “Гурӯҳи 24”, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, аз торихчаи тоҷирони ғоратшудаи Тоҷикистон ёдовар шуд ва баён кард, ки Умаралӣ Қувватов ягона касе буд, ки дар баробари зулм ва ситам хомӯш намонд ва вориди майдони мубориза шуд. Ӯ як символе буд, ки мо дунболи пайдо кардани як чунин нафаре будем ва бо вуруд шудани худ ба майдон, аз дарду ранҷ ва хоҳишҳои мо ҳарф зад. Ҷавонон ва мардум дер боз интизораш буданд. Ӯ ҳам ба мардум содиқ монд ва бо гузаштагӣ аз худ, ин роҳ ва ин номро дар саҳафоти торих ҷовидонӣ кард. Дар ин маҳфил инчунин Акмал Астанаев- намояндаи “Гурӯҳи24″ дар Лаҳистон ширкат дошт ва перомуни қаҳрамонҳои фарзандони тоҷик ҳарф зад ва онҳоро бо як дигар қиёс кард ва аз бохту бурди эшон ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки модари тоҷик аз зодани чунин қаҳрамонҳо ҳанӯз даст накашида ва боз ин миллат аз худ ҷавонони мубориз ва некном ба торих тӯҳфа хоҳад кард. Хурсандҷон Наҷмуддинов намояндаи мо дар Утриш ва Вайсуддин Одинаев фаъоли мустақили тоҷики муқими Утриш ҳам, дар ин маҳфил ширкат ва суханронӣ карданд. Воқеан Умаралӣ Қувватов дар як замоне зуҳур кард, ки мардум ва ба хусус ҷавонон аз муборизаҳои шикастаи пешин ноумед шуда ва ташнаи як равиши тозае буданд ва Қувватов бо садоқат, ва вижагиҳои хоси худ мактаби худро бунёд кард. Агарчӣ ибтидо ба ӯ тӯҳмат мезаданд, ки ӯ ба хотири дифоъ аз молаш баланд шудааст, ки танҳо чунин набуд , дар ин сурат ҳам ӯ дар саодат аст. Чун имом Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар ривоят мекунад, ки Абдуллоҳ ибни Умар (р) мегӯяд:” аз Набии акрам (с) шунидам, ки фармуданд:” ҳар кас барои дифоъ аз молаш кушта шавад, шаҳид аст.”” Инак мактаби ӯ, ки бар асоси аҳдофи инқилобӣ бунёд шудааст, рӯ ба афзоиш аст ва рӯзе ҳатман пояҳои ситаму истибдоди ин диктотури пирро хоҳад шикаст.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here