14.1 C
Dushanbe
07.05.2024

Масхарабозии навбатии Рахмонов

Аз рӯйи анъана, аввали моҳи май, дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ ” Иди ғалаба”-и бузург бар фашизм ҷашн гирифта мешавад. Дар ин ғалабаи бузург, мардуми Тоҷикистон низ, саҳми беандозаи худро гузоштааст. Бобову бобокалони мо ҷонҳои худро барои ояндаи дурахшони мардуми худ дареғ надоштаанд.

Бояд гуфт, ки аз иштирокчиёни он ҷанги пурдаҳшат шумораи ночиз боқӣ мондааст, вале мо бояд қаҳрамонҳои худро фаромӯш накунем. Инак соли аввал нест, ки дар рӯзи “Ғалаба” дар бисёре аз кишварҳои Шӯравии собиқ як чоррабинии иҷтимоии байналмиллалӣ бо номи ” Ҳанги ҷовидон” ( Бессмертный полк) гузаронида мешавад, ки дар рафти он мардум дар даст аксҳои хешовандони худро, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок кардаанд, бардошта, қатор – қатор аз хиёбонҳои марказии шаҳрҳо мегузаранд.

Аммо имсол, ҳукумати Тоҷикистон барои гузаронидани чунин як чорабинӣ дар шаҳри Душанбе иҷозаи худро надод. Ин қарори худро ҳукумат чунин шарҳ дод, ки гӯё гузаронидани чунин чорабинӣ ба қонунҳои ислом мутобиқ нестанд. Ин ҷо суоле ба миён меояд: аз кай боз ҳукумати Тоҷикистон дар шахсияти Раҳмонов қонунҳои исломиро риоя мекунад? Шояд аз рӯзе, ки қонун дар бораи манъи пӯшидани ҳиҷоб, манъи гузоштани риш, манъи зиёрати ҳаҷ, ва бастани масоҷиду таълимгоҳҳои диниро бараварданаш? Ғайр аз ин, агар дар Ислом гузаронидани чунин чорабиниҳо иҷозат набошад, пас Ислом гузаронидани таронахонӣ ва фурӯши шаробро дар ҷойҳои гузаронидани рӯзи Ғалаба иҷозат медиҳад?

Бояд қайд кард, ки соли гузашта, дар Тоҷикистон чорабинии ” “Ҳанги ҷовидон” гузаронида шуд. Мардум дар дастон аксҳои хешовандони марҳуми худ, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда буданд, ба хиёбонҳои шаҳр баромада, роҳпаймоӣ карданд ва ин хилофи ягон қонуни Ислом набуд. Чӣ шуд, магар дар як сол қонунҳои исломӣ иваз шуданд? Агар чунин бошад, пас чаро ҳукумати кишвари мо гирдиҳамоиҳо ба тарафдории президент ташкил мекунанд, ки дар он иштирокчиён аксҳои Раҳмоновро бардошта мегарданд? Барои чӣ мо дар ҳар гушаи Тоҷикистон аксҳои президентро мебинем? Барои ҳамин, пеш аз он ки исломро баҳона карда, чунин чорабиниҳои хотиравии сулҳонаро иҷоза намедиҳанд, Раҳмонов бояд аксҳои худро аз ҳамаи кӯчаҳои шаҳр, ки ғашши ҳамаро меоранд, бардорад.

Бояд гуфт, ки президенти Тоҷикистон дар ин вазъияти бавуқуъпайваста, худро ҳамчун як масхарабоз нишон медиҳад, ки ин дар асл ҳеҷ касро бояд ба ҳаяҷон наоварад. Чеҳраи аслии ӯ бо шарофати мухолифин ба роҳбарони бисёр кишварҳои олам алакай ошкор шудааст. Далелҳои бар зиди гузаронидани ҷашнвораи ” Ҳанги ҷовидон” баровардаи ӯро бисёри улламои соҳаи дини Ислом инкор карда, қайд кардаанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо хилофи ягон қонуни Ислом нестанд, чунки ҳадафи он хотири гузаштагонро қадр кардан аст, на ҳадафи парастиш гузоштан. Аммо ҳадафи ҳама ҷо гузоштани аксҳои президент, худ хилофи қонунҳои исломӣ аст. Магар Ислом ба суи инсон саҷда карданро манъ накардааст? Аммо Раҳмонов ана ҳаминро аз мардум чашминтизор аст. Худро Фиръавн ҳисобида, ӯ фаромӯш кардааст, ки мавзӯъи “Ҷанги Бузурги Ватанӣ” ба ҳамаи кишварҳои собиқ Шуравӣ рабт дорад ва фақат як инсони пасту разил метавонад ин мавзӯъро яктарафа ҳал кунад.

Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза