14.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Пулу мактабро нафақахӯрон созанд, пас ҳукумат дар як кишвар чӣ лозим?

Пиразанону пирамардони деҳотии тоҷик аз ҳисоби нафақаи чандинсолаи худ, ба ҷои ҳукумат, барои миллат пулу мактаб месозанд, аммо Эмомалӣ Раҳмонов аз пули миллат дуздида барои худу хонаводаи худ, қасру кушк месозад.
Ҳама ба фикрам, дар рӯзномаҳо хонда буданд, ки як пирамарде дар як деҳае маблағи дар тӯли ҳаёт ҷамъкардаашро ба сохтани пули деҳа сарф кард, то ҳамдеҳагонаш дигар аз бероҳӣ азият накашанд. Ин пирамард кореро кард, ки онро мебоист ҳукумат мекард. Пиразане низ, бо номи Турсунбибӣ Одибоева аз ноҳияи Ашт бо пасандозҳои аз ҳисоби нафақааш ҷамъоварда як пули мошингузаре сохт, ки маркази ноҳияро бо деҳаҳои Муломир ва Кӯлихоҷаи шаҳраки Шайдон мепайвандад. Дар як хабари дигаре, як пиразане аз як деҳаи дурдаст пули ҳалоли худро дар пиронсолӣ ба сохтани мактаби деҳа сарф кард, то кӯдакони деҳааш бе таҳсилу тарбия намонанд, зеро ҳукумат ба ҷои он ки маблағро ба сохтани мактабу беморхонаю роҳу пул сарф кунад, ки вазифаи асосии он аст, ба маъракаву дабдабаҳои пурхарҷи бемаънӣ сарф мекунад. Ногуфта намонад, ки аксари пули буҷети кишварро андозҳои мову шумо – мардуми Тоҷикистон ташкил мекунад ва аз ин лиҳоз, он пули мардум бояд пеш ва беш аз ҳама барои манфиати мардум сарф гардад, на барои як нафар номӯҳтарам!
Акнун биёед бубинем, ин нафаре, ки худро “пешвои миллат ва асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” эълон кард, пули миллатро дар куҷо харҷ мекунад! Ӯ дар яке аз қашшоқтарин давлатҳои ҷаҳон баландтарин парчам бо харҷи 47 милион доллар месозад. Ӯ дар кишваре, ки ҳамаро дар замони ҳукмрониаш аз китобу китобхонӣ дур кард ва як миллати бофарҳангро ба “Гастрабайтер” ва аробакаш табдил дод, бузургтарин китобхона месозад ва ба сабаби набудани китоб, даст ба китобхонаҳои шахсии мардум барои пур кардани китобхона мезанад. Зимнан, бинои зебои китобхонаи Фирдавсиро, ки рамзи фарҳангу адаби тоҷикон буд, ба органе медиҳад, ки кораш порагирӣ аст. Ӯ дар кишваре, ки ҳунарпешагони аслиаш дарбадар шудаанд, театри калонтарин сохтанӣ аст. Ӯ бо харҷи беш 100 милион доллар Кохи Наврӯз сохта ва онро ба духтараш супорид. Рӯйхати биною иншооти серхарҷро, ки ба ҷои он метавон даҳҳо мактаб, беморхона, пулу роҳ, қубури об, корхона ва ғайра месохт, дароз аст ва аз номбар кардани ҳамаи он инҷо иктифо мекунем.
Ногуфта намонад, ки дар натиҷаи ин қарорҳои ғайриоқилонаи Эмомалӣ Раҳмонов бонкҳои кишвар муфлис гаштанд ва наметавонанд пасандозҳои мардумро баргардонанд. Аммо миҷаи “пешвои” номуҳтарам намеҷунбад. Ӯ куҷову дарди миллат куҷо! Чанде пеш бо фармони Раҳмонов як маҳаллаи обод дар Душанбе, ки бо номи 8-уми Март шӯҳрат дорад, комилан тахриб шуд. Дар ин маҳалла адибону фарҳангиёни машҳури тоҷик, аз қабили устод Миршакар, устод Боқӣ, устод Сӯҳроб Қурбонов ва даҳҳо нафари дигар ҳавлиҳои ободу сарсабз доштанд. Заҳҳоки аср он ҳамаро вайрон кард ва мардуми он маҳаллаи ободро сарсону саргардон. Ҳукумати Раҳмонов дар ивази он ҳама ҳавлиҳои обод ба онҳо пулаке “карам” намуд, ки ба он наметавон хонаи шоиста харид ё сохт. Ҳоло Раҳмонов атрофи он маҳалларо бо девори 5 метра иҳота карда, боз як қасри бузург, ин дафъа қасри “пешвои миллат” сохтанӣ аст. Нархи тахминии ин қаср 100 млн доллари омрикоӣ аст. Ҳамин тавр қасри “пешвои миллат” дар Данғара ва Пуғус ҳам дар ҳоли сохтан аст. Ба назар мерасад, барои “пешво” қасрҳои мавҷудааш, аз ҷумла қасри миллат тангӣ кардаанд. Зеро ҳирсу тамаи ӯ ҳадду канор надорад. Ин тазодро бубинед! Аксари мардуми Тоҷикистон дар шароити фақирона ва хоксорана дар як хонаи танги чанд нафарӣ зиндагӣ мекунанд. Аммо дирӯза директори як совхоз, ки ҳоло даъвои пешвоии миллат дорад, барои танҳо худ ва авлоди гурусначашмаш аз ҳисоби пули миллат даҳҳо қаср сохтааст. Ин қасру кушкҳое, ки дар нуқтаҳои зеботарини Тоҷикистон сохта шудаанд, ҳеҷ даромаде барои буҷа намеоранд, фақат хароҷот. Чун аз онҳо наметавонанд дигарон, масалан: сайёҳон дар ивази пул истифода кунанд. Бино бар ин, миллионҳо сомонӣ аз пули буҷа ва мардум барои нигаҳдории ин иншоот сарф мегардад ва барҳадар мешавад. Боз ношармида, ин заҳҳоки аср 0,2 % буҷети кишварро барои фонди худ сафарбар кард. Ногуфта намонад, ки 0,2 % буҷети кишвар 40 миллион сомониро ташкил медиҳад. Яъне барои ин гуруснахок маоши зиеёди президентӣ ва миллиардҳо пули мардум аз дохилу хориҷ дуздида кам аст, ки боз ба баҳонаи “пешвоӣ” чанд миллиони дигарро ба яғмо мебарад!?
Ба кирдори Раҳмонов менигарӣ ва беихтиёр ба зеҳн қиссаи машҳури қуръонӣ дар бораи Қоруни ҷоҳталабу ҳарис меояд. Қорун ҳам кораш дуздиву пулу сарват ҷамъ кардан буд, вале пеш аз ҳангом мурд ва он сарвати азим насибаш нашуду барояш фоида наовард.

Нуриддин Ризоӣ

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза