13.1 C
Dushanbe
02.05.2024

Мақомот бо сӯйистифода аз номи мухолифин озодандешонро саркӯб мекунанд

Мақомот бо сӯйистифода аз номи мухолифин озодандешонро саркӯб мекунанд.

Далери Эмомалӣ, рӯзноманигор ва блогнависи зиндонӣ, яке аз чаҳор рӯзноманигоре, ки ахиран аз ҷониби режими саркӯбгари Раҳмонов боздошт ва равонаи зиндон шуданд, бо иншои номае аз Раҳмонов хоҳиш кардааст, ки ба қазияи ӯ ва ҳамкасбонаш бетараф набошад. Ӯ дар ин нома навиштааст, ки ҳукми Дотситонро, ки ӯро ба муддати 10 сол аз озодӣ маҳрум кардааст, эътироф намекунад, зеро “рафти тафтишот ва суд аз дурӯғу тӯҳмат ва духӯрагиҳои зиёде иборат буд”.  Ӯ дар ин нома афзудааст, ки ҳеҷ гоҳ аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” набуд ва сӯҳбати ӯ бо яке аз аъзои ин гурӯҳ ноогоҳона сурат гирифтааст. 

Яке аз “гуноҳ”-ҳои асосии Далери Эмомалӣ дар ин парванда суҳбати ӯ бо аъзои Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” Вайсиддин Одинаев нишон дода шудааст. Аҷиб он аст, ки мақомот бедуни ягон далелу бурҳон дар асоси як сӯҳбат рӯзноманигорро ба узвият дар Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” гунаҳкор кардаанд ва ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум намудаанд. Вале равшан аст, ки ин сӯҳбат баҳонае беш нест. Ҳукумат ҳамеша барои саркӯб кардани озодандешӣ аз номи мухолифин сӯиистифода мекунад ва ба озодандешон тамғаи “экстремист” ва “террорист”-ро мезанад. Узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” набуданашро худи Далери Эмомалӣ таъкид кардааст. 

Дар охир, Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” расман эълом медорад, ки ҳам Далери Эмомалӣ ва ҳам Вайсиддин Одинаев узви Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24” нестанд. Ин матлабро худи Вайсиддин Одинаев ҳам дар саҳифаи худ дар Фейсбук ва дар суҳбаташ бо хабарнигори нашрияи “Настоящее время” таъкид кардааст. Вайсиддин Одинаев як нафар мухолифу мубориз аст, ки бо барномаҳояш аз Ҳукумати худкомаи Раҳмонов интиқод мекунад. 


Қобили зикр аст, ки “гуноҳ”-и асосии Далери Эмомалӣ дар он буд, ки ӯ ва дигар рӯзноманигорони зиндонӣ дар барнома ва мақолаҳои худ қонуншиканиҳои мақомот ва нуқсонҳои ҷомеаро фош мекарданд ва алайҳи зулму беадолатӣ садо баланд менамуданд. Режими худкомаи Раҳмонов аз сухани ҳақ ва озодандешӣ сахт метарсад ва бо баҳонаҳои гуногун ҳақталошон ва озодандешонро саркӯб мекунад.  Зеро ин Ҳукумат сар то по ҳукумати дурӯғин аст.


Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза