30.1 C
Dushanbe
16.05.2024

Ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандро давлат ҳифз менамояд. (моддаи: 5/3) Пас чаро модарон таҳқир мешаванд?

Баъд аз муроҷиати муғризонаи раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Идигул Қосимова дар рӯзи 27 январи соли 2017, нисбати модарон ва хоҳарони сатрпӯш, ки на аз рӯи одобу ахлоқ ва на аз рӯи риояи ҳуқуқҳои констутсионии шаҳрвандон дар умум ва модарон ба хусус буд, замири ҳазорон афроди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони бо имону солимаклро ба ҷунбиш даровад. Зеро номбурда тамоми меъёрҳои илоҳию инсонӣ ва ҳуқуқиро барқасдона поймол карда ба ирзу номусу эътиқодҳои зиёда аз ҳашт миллион шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 98% мусалмон мебошанд, лафзҳои таҳқиромез талқин намуд.
Дар аснои суханрониаш И. Қосимова ба модарони Тоҷик хитоб намуда чунин гуфт: “Мо худ дидем, ки занони ҳиҷобпӯш ба даллагӣ ва сабукпоӣ машғуланд. Ман инро бо чашмони худам дидам ва нафратам омад”. Ин худ далолат ба он менамояд, ки тамоми занҳои сатрпуш, ки барои анҷоми фарзи Илоҳӣ ва иффату покдоманиашон дар ҷомеъаи носолими имрӯзаи кишвар, ки дар он ахлоқу маънавиёт коста шудааст, зери ин туҳмату буҳтон қарор мегиранд. Ӯ бо ин иктифо накарда бефаросатона иброз медорад, ки гӯё ӯ бо чашмонаш он манзараи зиштро мушоҳида намудааст. Мехоҳам аз ӯ чанд суоле намоям, агар ҳамчун масъули кор бо занон ба ин афъоли зишт рӯ ба рӯ шудаед, пас оё роҳи ягонаи ҳали масъаларо дар поймол намудани ҳуқуқҳои конститусионӣ ва таҳқири тамоми занҳои кишвар дидед? Агар не, пас чаро ин таҳқир? Ва ё фармон аз “БОЛО” аст?
Бале ин бори аввал нест, ки мавзуи сатр ва ё ҳиҷоб аз минбарҳои баланди ҳукумати истибдодӣ ва худкомаи Э. Раҳмонов зери алфози таҳқиромез ва ҳамлаи ғаразнок қарор мегирад. Муддати зиёда аз ду соли охир, яъне баъд аз интихоботи ноябри соли 2013, ва рондани ҳизбҳои сиёсӣ аз минбари сиёсат, ҳукумати худкома ошкорро бар зидди шиъорҳои дини мубини Ислом аз ҷумла сатри занон, ки як ҷузъи муҳими дин мебошад мубориза мебарад. Бори аввал баъд аз баромади Президенти худкома ва душмани миллат Э.Раҳмонов дар рӯзи 8 уми март, яъне рӯзи занон, душманиашро ошкоро баён намуд, ки он сарлавҳаи душмании ҳамаи муздурони ин режими худкома гашт.
Идигул Қосимова зери ҳамон сарлавҳа ва барномаи душманӣ бо миллати мусалмони Тоҷик ва шиорҳои Ислом сухани нопоки худро идома медиҳад: “Вақте занон арзишҳои барои фарҳанги мардуми тоҷик бегонаро мепарастанд, барои онҳо бадахлоқӣ як чизи оддӣ мешавад”.
Номуҳтарама И.Қосимова аз сабабҳои номаълум, ё аз ҷоҳилӣ ва ё аз гумроҳӣ дар аснои суханрониаш эҳсос наменамояд, ки чӣ ироа менамояд?  Ӯ мегуяд: “……барои фарҳанги мардуми тоҷик бегонаро мепарастанд…”. Оё парастиш дар фарҳангномаи ӯ пайрави аз фарҳанги дигарон аст. Дар ҳоле, ки «Парастиш» дар фарҳанги луғот ба маънои ибодат кардан аст, яъне пешкаш намудани фаъолиятиҳои диннӣ ва руҳӣ барои маъбуд аст. Аммо ин ҷоҳил дар аснои суханрониаш аз он ғофил аст, ки модарони мусалмон ва бо иффат барои анҷоми амри Илоҳӣ, ки он нишонаи бандагӣ ва покдоманист сатр ба бар менамоянд, на барои тақлид аз фарҳанги бегона. Мо ҳамагон шоҳиди он хастем, ки модари тоҷик аз қадимул айём то ба имрӯз бо сатру домани пок фарзандони фарзонаи хешро ба мисли Абӯ Абдуллои Рӯдакӣ, Абӯ Алӣ ибни Сино, Низоми Ганҷавӣ, Садриддин Айнӣ ва дигарон ба воя расонидааст, ки таърих гувоҳ аст. Аммо имрӯз, миллати бузургфарҳанги тоҷикро иддае аз хоинон ва муздурони душмани миллат ҳукумфармоӣ доранд, мехоҳанд миллатро аз фарҳанги аҷдодиашон бегона намоянд. Инаст, ки барои пиёда намудани барномаҳои хоҷагонашон ба ирзу, номусу муътақадоти миллат даст мезананд. Оё дар ҷомеаи имрӯзаи мо дигар мушкилоте вуҷуд надорад, ки тамоми сохтори режими худкома бар зидди озодӣ ва эҳсосоти миллат, ки Сарқонун ҳимоятгари он мебошад, ҳамла доранд? Дар ҳоле, ки ҶТ мутобиқи Сарқонунаш давлати демократии дунявӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад ва тамоми озодиҳои шаҳрвандонро бояд Сарқонун ва Ҳукумат ҳифз намояд. Дар боби аввали моддаи панчуми Сарқонуни ҶТ омадааст: “Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд”.

Агар дар ҳақиқат қонун волоят дошта бошад, пас мутобиқи Сарқонун бояд ҳуқуқу озодиҳои модарон ҳифз карда шавад, зеро урён набудан, ва ё сатр пушидан ин фарҳанги исломӣ ва ихтиёри ҳар як зани мусалмони озод аст, на парастиши фарҳанги бегона ба иддаои И. Қосимова. Дар ҳоле, ки имрӯз тамоми занҳои покдоман аз ҷониби яке аз кормандони баландпояи ҳукумати авторитарӣ зери таҳқир ва туҳмати умумӣ қарор мегиранд, на Сарқонун, на Президент ва на намояндаҳои мардумӣ аз он дифоъ мекунанд, пас масъулият болои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар фарди солимақл мегардад, то аввалан аз ҳуқуқи хеш баъдан аз ҳуқуқи тамоми модарон дифоъ намояд. Зимни боби аввали моддаи 17-уми Сарқонун дубора таъкид мегардад: “Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад”.  Аммо мутаъассифона баръакс мебинем, ки сармашқи ин ҳама гумроҳӣ ва душманиҳо худи диктатор ва хоини миллати Тоҷик президенти ғайри шаръӣ Э. Раҳмонов мебошад, ки бо найрангҳои золимонааш ва дархости хоҷагонаш мехоҳад модарони бо иффату покдомани тоҷикро беизату беиффат гардонад. Ҳамагон шоҳиди он мебошем, ки дар тули 25 соли ҳукумфармоиаш миллати куҳанбунёди тоҷикро ба Равшану Ҷамшуд, бесаводу беизат ва ғулому беҳуқуқ гардонд ва сабаби ҳадафи миллатгароён қарор гирифт, ки дар натиҷа солона ҳазорҳо ҷасади беҷони миллати мо ба ватан интиқол меёбад. Бо таъкиди кафолати ҳуқуқи шаҳрвандон дар боби аввали моддаи 18-уми Сарқонуни ҶТ омадааст: “Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад”. Барои номуҳтарама И.Қосимова кӣ ин ҳуқуқро додааст? то дар ҳаёти шахсии ҳар як модари тоҷик дахолат намояд, дар ҳолеки Сарқонун дахлнопазирии ҳаёти ҳар як шаҳрванро кафолат медиҳад. Магар ин ошкорро поймол намудани қонуннест?

Ҳамчунин дар моддаи 34-уми Сарқонун омадааст:“Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд”. Имрӯз модари тоҷик баръакс баҷои ғамхори махсуси давлат зери ҳамлаҳои ғаразноки он қарор гирифтааст, ки дар мазҳари умуми тамоми модарони мусалмони тоҷик аз тарафи намояндагонӣ ҳамин режим таҳқир ва туҳмат мешавад. Куҷост волояти қонун дар кишвари ба ном демократӣ? Агар дар ҳақиқат Сарқонун ва давлат ҳимоядгари ҳуқуқҳи шаҳрвандон бошад ва модарон зери ҳимояти махсуси давлат қарор доранд, пас мутобиқи моддаи 30 банди 2 “Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”. Аммо номуҳтарама И. Қосимова дидаву дониста ба ин кор иқдом намудааст. Ҳама шаҳрвандон новобаста аз мансабу мақом, дину ойин, молу мулк вазифадор астанд, ки қонунҳои дар Конститутсия зикршударо риоя намоянд то сабаби халалдор намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва эҷод намудани хусуматҳои динию иҷтимоӣ нагардаданд ва дар сурати мухлолифат назди қонун ҷавобгуй мебошад. Дар банди аввали моддаи 42 омадааст: “Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд”.
Раиси Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Қосимова барои дағалона поймол кардани қонунҳои дар боло зикршуда, ки сабаби бадбинӣ хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ ва динӣ гаштааст, дар асоси қонун фавран ба ҷавобгарӣ кашида шавад, то дар нуқтаи аввал ҳуқуқи шаҳрвандон ва волояти қонун ҳифз гардад. Дар сурати амали нагаштани ин банди муҳими Сарқонун дар дараҷаи аввал ношафофияти қонун ва поймолкардани ҳуқуқ ва озодии модарон ва сабаби барангехтани тамоми хусуматҳои иҷтимоӣ ва динӣ мегардад, ки масъулияташ бевосита ба души Президенти худкома Э. Раҳмонов бармегардад.

Дар сатрҳои поёнии ин посух мехоҳам диққати хонандагонро болои сарчашмаи мушкилоти дар зикршуда ҷалб намоям, ки он ҳам таҳқири модарони боиффату покдомани милати мусалмони Тоҷик мебошад. Аввалан, чуноне, ки дар боло қайд кардам сарлавҳаи ин бадбахти иқдоми бевоситаи сарвари режими диктотурӣ Э. Раҳмонов мебошад, ки он алфози қабиҳ ва таҳқиромезро “…сатрпушон онҳо гумроҳ шудагон мебошанд ва сатрпуши нишонаи иффату покдоманӣ нест…” нисбати модарону хоҳарони боимону боиффати мо дар рӯзи модарон 8 Марти соли 2016 дар мазҳари умум талқин намуд, ва барои иддае аз беиффатон ва беахолоқон мисли И. Қосимова сармашқи душмани бо дини мубини Ислом гашт. Қобил ба зикр аст, баъд аз ин душмании ошкор бо дини мубини Ислом ва шиорҳои он аз ҷумла сатр ва ё ҳиҷоб, диктатор Э. Раҳмонов бо нияти обурӯ ва шӯҳрат додани аъзои хонаводааш вориди Маккаи Мукарама гашт, ва дар натиҷа аз руи талаботи адои маносики Ҳаҷи Умра зану духтаронаш ҳиҷоб ба бар намудаанд. Бо иддаои худи диктатор Э.Раҳмонов “…сатрпушон онҳо гумроҳ шудагон мебошанд ва сатрпуши нишонаи иффату покдоманӣ нест…” доварии ин сенарияро ба худи хонандагон мегузорем, ки дар ҳақиқат гумроҳшудагон киҳоанд?
Аммо нуқтаи баъди, ки асли сарчашмаи ин ҳама мушкилот аст баён намоям. Аз хилоли навишатҳои боло маълум гашт, ки дар ҳолеки ҶТ як давлати ба ном демократӣ мебошад ва тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои фард фарди ҷомеа аз тарафи худи диктатор Э. Раҳмонов, хонавода ва тобиони ӯ поймол мегарданд, пас масъулияти баъдӣ, ки он талаб намудани ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд мебошад, болои миллат мегардад. Миллати босабру ботамаккуни Тоҷик ҳудуди 24 сол буд, ки болои ин хоин ва қотили миллати Тоҷик эътимод карда буд ва бо умедеки фардо беҳтар мешавад такия баст, ки дар натиҷа баъди қатл, зиндонӣ ва бадарға намудани аксари рӯшанфикрон ва донишмандони миллати Тоҷик, имрӯз Тоҷикистонро ҳамчун мероси падарӣ байни хонаводаи дузд ва роҳзанӣ худ тақсим намудааст. Бале хомуш будани сиёсатмадорон, ҳизбҳои сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, уламои дин, донишмандон ва миллат дар умум сабаб гашт, то диктатор Э. Раҳмонов бо ёрии хоҷагони хориҷиаш, ки манфиатбари асосӣ мебошанд, зина ба зина худро мустаҳкам намояд ва барои манфиатҳои оилавиаш замини миллат, обурӯю иззати миллат фарҳангу номуси миллатро дар бадали пули ночизе бифурушад. Аз рӯи таърих ва таҷрубаи миллатҳои озод маълум гаштааст, ки барои озодӣ ва дигаргунии кишвари хеш онҳо аввалан манбаъи мушкилотро дарк карданд ва барои тағйири он иқдом намудаанд. Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки миллати мо имрӯз асли мушкилотро дарк намудааст ва барои рафъ ва тағйири он бояд иқдом кард, ва дар сурати хомуш мондани миллат фаранҷони вахимеро интизор бояд шуд. Бале имрӯз болои ҳар як фарди миллати Тоҷик, аз ҷумла донишманд, сиёсатмадор, тоҷир, зиёӣ, олими дин, муҳоҷири меҳнатӣ, коргари одӣ ва ғайр лозим аст дар якҷоягӣ барои рафъи ин мушкилот иқдом намояд ва дар ғайри он ҳамаи қишри ҷомеа дар он фурӯ хоҳад рафт.

Саидали Ашуров

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза