14.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Паёми табрикотии “Гурӯҳи 24” ба муносибати иди Қурбон

Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва басо меҳрабон

Бино ба қарори додгоҳи Олии Арабистони Саудӣ, иди Қурбон рӯзи даҳӯми моҳи қамарии зилҳиҷҷа ба рӯзи сешанбеи 21-уми август рост меояд.
Иди Қурбон аз гиромитарин идҳои мусалмонон аст, ки ба пайравӣ аз Иброҳим (а) ва фарзандаш Исмоъил (а) тавассути мусалмонон ҷашн гирифта мешавад. Сират ва зиндагии тамоми анбиё алайҳимуссалом пур аз қурбонӣ ва муҷоҳадаҳост, аммо зиндагонии шахсияти абармарди торих, ҳазрати Иброҳим (а) ба танҳоӣ торихе аст, зиндаву ҷовидон ва пур аз қурбониҳо, ранҷҳою машаққатҳо, ҳиҷрат ва даъватҳо. Вақте даъвати роҳи ҳақро оғоз намуд, падар ва тамоми хонавода дар муқобили ӯ истоданд. Дар роҳи тавҳиду яктопарастӣ подшоҳи вақт эшонро бо оташ фармон ба муҷозот кард. Вале чун Иброҳим (а) ба дуруст будани роҳи худ ва ботилу нотавон будани роҳи рақиб бовар дошт, аз ин рӯ бо иродае чун кӯҳҳо устувор ва бардошту бурдборие саршори эмон оташро ба оғӯш гирифт ва Гулистоне дарёфт…!
Билохира, ӯ маҷбур шуд, ки роҳи ҳиҷратро пеша кунад, лизо аз ватани аслии хеш дар сарзамини Ироқ (Бобул) ба сӯи Фаластин ҳиҷрат фармуд. ” Ва гуфт: ман ба сӯйи Парвардигорам меравам ва ӯ маро ҳидоят хоҳад кард.” Иди Қурбон пуршукӯҳтарин ийсор ва зеботарин ҷилваи таъаббуд дар баробари Худост.
Ба ин муносабат, мусалмонони ҷаҳон ва мардуми шарифи Тоҷикистонро аз номи роҳбарият ва аъзои “Гурӯҳи 24” табрику таҳният намуда, аз Худованди бахшандаю пазиранда хостору умедворем, ки ҳаҷҷи ҳоҷиён, қурбонии қурбоникунандагон, ҷамъи парастишҳои ин рӯзҳои мубораки бандагонашро бо фазлу караму меҳрабонияш, хоссатан, барои хушнудии Хеш бипазирад ва барои эшон дар баробари ҳар як гомеву барои ҳар як тори мӯйе аз қурбониҳо подоши мубораку фаровоне рӯзӣ гардонад! Имрӯзҳо, мардуми шарифи мо барои расидан ба озодӣ ва дифоъ аз дину номусу шараф ва дигар ҳуқуқи хеш, айни роҳи иброҳимиро тай намуда ва Иброҳимҳое дар ранҷу машаққату ҳиҷрат ва Исмоъилгунаҳое ҳам, дар зиндону сангарҳо қурбонӣ кардаву боз барои раҳоии кишвару миллат аз дасти ин хонаводаи мардумкуш, омодаи қурбонӣ дорад! Аз ин рӯзҳои хушҳолӣ, ки мо дорем мечашем, бародарону хоҳарони мо дар зиндону таҳхонаҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонови ситамгар мавриди шиканҷаю озорҳоеанд ва дуо мекунем, ки Худоё, занҷиру завлонаҳои ситаму бардагиро бишикан! Эй интиқомгирандаи Тавоно, аз ин ситамгарони бераҳму сарсахт интиқоми ин ҳама ситамдидагонро бигир! Худоё, ба зиндониён ҳарчӣ зудтар озодиро иноят фармоӣ! Худоё, ҷои оташи сӯзони ин сангдилонро ба гулистоне иброҳимӣ бадал гардонӣ! Ҳукумати диктотурӣ ва қонуншикану саркашу манғиткеши Раҳмонов ҳуқуқ ва фарҳанги волои ин мардуми бофарҳангро нодида гирифта, фарҳанги биёбонии хешро болои ин мардуми ранҷдидаю заҷркашида таҳмил менамояд. Хонумони рӯймолпуши ин миллатро дар хиёбонҳо бо воситаи сагони бовафояшон озор медиҳанду рӯсариҳояшонро мекашанд. Хонаводаи рақибонашон; зану фарзандҳоро асир гирифтаву роҳи ситам ва фишор ба рақибон қарор додаанд. Моли мардум ва сарвати кишварро дуздида, байни хонаводаҳои худ тақсим карданд, ки ин оқибат ба фақир шудани кишвар ва овораю саргардонии мардум оварда расонд. Сабаб шуданд, ки фарзандони мардум қурбонии кайфу ишрати эшон гарданд ва дар ҳиҷрат бераҳмона кушта шаванд. Сабаби ҷудоӣ ва фироқи ин ҳама хонаводаи муҳоҷир ва худкушии ин ҳама мардуми нодор шудаанд! Вале бовар дорем, ки Иброҳимҳои ин миллат бо бардошти ин ҳама ранҷу озору машаққату саргардониҳои ҳиҷрат ва бо забҳи Исмоилҳои хеш, рӯзе бар ин Намрӯдони ситамгар, дастболою пирӯз хоҳанд шуд!
Мардуми азиз, мо ҳар яке омодаи қурбонием, то ки шумо дар амну оромишу осоиш ва ваҳдату саъодату саломат ба сар баред! Шодобу фарҳехтаю фархунда бошед!
Идатон хуҷаставу муборак бод!

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза