17.1 C
Dushanbe
03.05.2024

Ҳабси Дониёр Набиеви 87 сола қонуншикании бесобиқа ва кирдори нангин аст

Бар асоси хабарҳои ахир, сокини ноҳияи Рӯдакии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дониёр Набиеви 87 сола моҳи сентябри соли гузашта аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо “гуноҳ”-и кӯмак ба зиндониёни сиёсӣ боздошт ва моҳи декабри соли 2020 ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Тибқи хабарҳо Дониёр Набиев дунболи зиндагии худ буд. ” Гуноҳаш” танҳо дар он аст, ки пас аз зиндонӣ шудани дӯстонаш ба далели ҳамдасторхонӣ ва поси намак ва дӯстиву рафоқат ба онҳо маводи ғизоӣ мебурд ва ҳамраъйӣ изҳор менамуд.

Бори аввал нест, ки дар Тоҷикистон афроди синнашон ба ҷое расида аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди фишор ва шиканҷа қарор мегиранд ва аз озодӣ маҳрум мегарданд. Режими ҷиноятпеша ва худкомаи Раҳмонов, ки наздик будани суқут ва фарҷоми худро эҳсос мекунад, солҳои ахир барои каме ҳам бошад дароз кардани ҳокимияти хонаводагӣ ва зиддимардумии худ барои саркӯб кардани озодандешон ва мухолифини сиёсияш аз истифодаи ҳама гуна усулҳои ғайриқонунӣ ва зиддиинсонӣ рӯ наметобад ва мисли саги девона ба ҳар чизи шубҳаовар ҳамла меоварад. Вагарна ин мӯйсафеди 87 солаи худотарс ва савобҷӯй, ки ба ҷуз насиҳату раҳнамоӣ ва ба роҳи рост ҳидоят намудани ҷавонон кори дигаре намекард, барои ҷомеъа чӣ хатаре дошт? Мақомоти Тоҷикистон дар симои ин пири хирад ҳам, ки умри худро дар роҳи ободии кишвар сарф кардааст, як нафар ” террористу ифротгаро” ва ” барои атрофиён як нафар шахси хатарнок”- ро дида, ӯро ба зиндон равон кард, ки ин ҳодиса шояд дар таърихи кишварҳои диктаторӣ бесобиқа бошад.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” бо маҳкум намудани ин ҳодисаи нангин ва аз мақомоти Тоҷикистон тақозои фавран ва бечунучаро озод намудани Дониёр Набиеви 87 сола, таваҷҷӯҳи кишварҳои олам, созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва ҷомеъаи ҷаҳониро ба ин қазия ҷалб намуда, аз онҳо даъват менамояд, ки ба ин нақзи дағалонаи ҳуқуқи инсон баҳои арзанда диҳанд ва барои ҳарчӣ зудтар озод намудани Дониёр Набиев мусоидат намоянд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза