12.1 C
Dushanbe
27.04.2024

Тоҷикистон ё Сомонҷон, аз ин ду кадоме назди Э.Раҳмонов боарзиштаранд?

Табиист, ки ҳар як роҳбари ватандӯст  мавриди сафари расмӣ ба хориҷ аз кишвар сайъ мекунад аз ҳар ҷиҳат кишвари худро хуб муаррифӣ кунад ва ин пеш аз ҳама аз худи он роҳбар вобаста аст, ки барои ин муаррифӣ бояд худ улгу (идеал) бошад. Симои зоҳир ва ботини роҳбари давлат нишон аз соҳиби тамаддун ва фарҳанги волои он кишвар аст, ки хориҷиён низ маҳз ҳаминро мушоҳада мекунанд. Инчунин метавон ҳавопаймоеро, ки роҳбари кишвар бо он сафар мекунад ва номи давлат (барои мисол ТОҶИКИСТОН ё худ ТОҶИК ЭЙР) рӯи он бо ҳуруфи бузург сабт аст мисол овард. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки тамоми роҳбарони кишварҳо аз ин раванд истифода бурда, бад-ин васила кишвари худро назди ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд.

Қаблан, Эмомалӣ Раҳмонов низ аз ҳамин раванд истифода мекард ва бо тайёраҳои давлатӣ, яъне “Тоҷик Эйр” сафарҳои хориҷии худро анҷом медод. Мутаассифона ин раванд зиёд давом наёвард, зеро ширкати “хусусие” ба номи “Сомон Эйр” вориди саҳна гашт, ки он мутааллиқи бародарарӯси  Э. Раҳмонов, Ҳасан Асадуллозода аст. Ҳамватанон комилан ҳақ доранд бипурсанд, ки чӣ тавр метавонад як шахсе, ки ҳафт пушташ тайёраро надида буд соҳиби ширкати ҳавопаймои хусусӣ гардад? Агарчӣ асли матлаб ин нест, аммо бояд тазаккур дод, ки ширкати “Сомон Эйр” бо ташаббуси Э. Раҳмонов аз маблағҳои сохтмони нерӯгоҳи обии барқии “Роғун”, ки беш аз 200 миллион доллари амрикоӣ аз мардуми бечора ҷамъ гардида буд, ду адад тайёраи “Боинг” харида, дар ихтиёри Ҳасан Асадуллозода мегузорад. Ин буд, ки Э. Раҳмонов, “Тоҷик Эйр”-и давлатиро падруд гуфта, аз солӣ 2008, яъне аз замони таъсисёбии ин ширкат ба “Сомон Эйр”-и бародарарӯсаш мегузарад. Бетаваҷҷӯҳии Э. Раҳмонов нисбати  “Тоҷик Эйр” боис мегардад, ки дар як муддати кӯтоҳ ин ширкати давлатӣ муфлис гардида, мубаддал ба як ширкати беобрӯ ва бо рейтинги паст дар арсаи байналмиллалӣ қарор гирад. Ҷои таассуф аст, ки нисбати ин муассисаи миллӣ ва таърихии мо беаҳмиятӣ мешавад ва бовар кардан низ душвор аст, ки ин ширкат то имрӯз аз тайёраҳои замонӣ Шӯравӣ (1950-1960) истифода мекунад. Мисли Tupolev Tu-154, Antonov An-26, Yakovlev Yak-40.

Бармегардем ба асли матлаб, чаро Э.Раҳмонов бо ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” парвоз намекунад? Чун барои Э.Раҳмонов ном ва ҷойгоҳи хонаводааш аз ному эътибори Тоҷикистон болотар меистад. Ин ду ба якдигар чӣ рабт доранд?  Ҷавоб хеле содаву муфассал аст, фаромӯш накунем, ки номи писари дуввуми Э. Раҳмонов Сомон аст ва ин ширкат низ ба номи ӯ гузошта шудааст, “Сомон-Эйр”!  Ин аст сири қазия на чизи дигар! Ин аст Э. Раҳмонове, ки шабу рӯз лоф аз ватандӯстӣ ва муқаддасоти миллӣ мезанад ва миёни мардум таблиғу ташвиқи ватандӯстиву меҳанпарасӣ мебарад, аммо худ онро қабл аз ҳама зери по мегузорад.

Дурӯғ аст, ки номи “Сомон Эйр” ба хотири “Исмоили Сомонӣ”-и муассиси давлатии Тоҷикон, тааллуқ дошта бошад, чун агар ин ҳақиқат медошт як порча замини давлати Сомониёнро ба боди савдо намедод. Агар каме ҳам бошад Исмоили Сомонӣ назди Э. Раҳмонов арзишу эҳтиром медошт, рише, ки наберагони он абармард бо пайравӣ аз бобояшон мегузоранд, тарошида намешуд.

Ҳамватанони азиз, худ бигӯед, ки ин Э. Раҳмонов ба ҷуз муҷассамае, ки бо ном Исмоили Сомонӣ буда, чеҳраи худи ӯ дар муҷассама кандакорӣ шуда, чӣ коре барои зинда нигоҳ доштани гузаштаи худ, яъне Сомониён анҷом дод? Агар дар пули 100 сомонӣ акси “Исмоили Сомонӣ” бошад, пас чаро мехоҳад акси худро болотар аз ӯ дар 1000 сомонӣ гузорад? Маҳз дар замони ҳукумати Э. Раҳмонов ғулом кардани мардуми шарифи Тоҷикистон сурат гирифт ва то ҳол идома дорад, ки натиҷааш муҳоҷирати 2 миллион аз фарзандону наберагони  Исмоили Сомонӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон аст.

Итминон дорам, ки агар Исмоили Сомонӣ зинда мешуд имрӯз ё дар зиндон буд ё дар ҳиҷрат (албатта бо сиёсати пешгирифтаи режими худкомаи Раҳмонов). Ман дигар тафсире ҷуз ин ки барои Э. Раҳмонов манфиатҳои шахсии ӯ ва хонаводааш аз обурӯ ва эътибори Ватани азизи мо, Тоҷикистон  боарзиштар аст, чизи дигаре намебинам! Боқӣ қазоват аз шумост.

 Нуриддин Ризоӣ

(Аксҳо)

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза