11.1 C
Dushanbe
28.04.2024

ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАОЛИЯТИ ҲАРАКАТИ СИЁСИИ ” ГУРӮҲИ-24 ” ДАР СОЛИ 2023 

1- январи соли 2024 дар  шаҳри Мёнхенгладбахи (Mönchengladbach) кишвари Олмон ҷаласаи ҷамъбасти фаолияти Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” дар соли 2023 баргузор шуд. Ҷаласаро масъули бахши фарҳанги ҳаракат Муҳаммадҷон Абдуллоев ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Сипас масъули бахши кадрии Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” Абузар Хоҷазода дар бораи  фаолияти ҳаракат дар соли гузашта  ва нақшаву барномаҳои ҳаракат соли ҷорӣ изҳори назар намуд.

Пас аз он Беҳруз Тағойзода –  масъули бахши итилооти Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” ҳисоботи солонаи худро аз рафти барномаҳои ҳаракат ва аҳамияти иттилоот дар ҷомеа ва ҳамчунин  баланд бардоштани  сифат ва кайфияти кор дар ин бахш ироа намуд.

Дар идомаи ҷаласа масъули равобити хориҷии ҳаракат Саидалӣ Ашӯров аз рафти мулоқот ва иштироки Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” дар ҷорабиниҳои байналмилалӣ ва роҳҳои густариш пайдо намудани мавқеи ҳаракат дар ҷомеаи байналмилалӣ сухан гуфт.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракат
Дилшод Шарифов дар суханронии худ дар бораи ҷойгоҳи Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” дар бедор намудани шуури  сиёсии мардуми Тоҷикистон ва мубориза бар зидди режими диктатории Раҳмонов дар  3 соли масъулияташ дар ин бахш изҳори андеша намуд.

Баъдан ҷонишини Роҳбари Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” Ҳусейн Ашӯров зимоми суханро ба даст гирифта, зимни муроҷиат ба муборизини сиёсӣ ва мардуми Тоҷикистон аз боби муборизаи сиёсӣ ва  рисолати муборизин дар ҳаёти ҷомеа андешаҳои судманди худро баён кард. Сипас ӯ дар поёни суханронии худ  дар бораи таъғироти кадрӣ дар ҳаракат маълумот дод.

Мутобиқи қарори Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24″  Муҳаммадсобири Абдулқаҳҳор  аз вазифаи намояндаи ҳаракат дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо;  Дилшод Шарифов аз вазифаи раиси  Кумитаи иҷроияи ҳаракат; Рустам Раҳматзода аз вазифаи намояндаи  Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ”  дар Олмон;  Хурсанд Наҷмиддинов аз вазифаи намояндаи  Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” дар Утриш озод гардиданд.

Ҳамчунин бо қарори Шӯрои ҳаракат  Муҳаммадсобири Абдуқаҳҳор раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 “;  Қурбоналӣ Орипов аввалин намояндаи расмии Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико;  Холназар Лоиқов намояндаи ҳаракат дар Олмон;  Зафар Ғоибов намояндаи Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” дар Утриш таъин гардиданд.

Баъдан аъзои дигари Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ”  дар толор ва  аз тариқи он-лайнӣ дар бораи фаолияти ҳаракат дар соли гузашта ва роҳҳои беҳтар намудани кори он дар соли 2024 фикру андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар ҷаласа сухангӯйи Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” Убайдулло Саидӣ ҳам ба тариқи он-лайнӣ иштирок дошт.

Меҳмони ҷаласа:  муассиси  портали ” Ходими халқ” Акмал Астанаев дар толор ҳузур дошт ва суханронӣ намуд.

Дар охир Роҳбари Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” Суҳроб Зафар суханронӣ карда, андешаҳои худро дар бораи вазъи кунунии сиёсати геополитикӣ, фаолияти ҳаракат дар соли 2023,  нуқсу камбудиҳо ва роҳҳои ислоҳи онҳо ва  дурнамои фаолияти Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” дар соли 2024 ва роҳу воситаҳои беҳтар намудани фаъолияти сиёсии ҳаракат баён намуд.

Бо ҳамин ҷаласаи ҷамъбасти фаолияти Ҳаракати сиёсии ” Гурӯҳи-24 ” дар соли 2023 кори худро ба поён расонд.

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”.

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза