18.1 C
Dushanbe
05.05.2024

Изҳороти Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар робита бо муноқишаи мусаллаҳона  дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

 Имрӯз мардуми Тоҷикистон мотамзада аст. Боз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона рух дод, ки бар асари он  даҳҳо нафар ҷони худро аз даст доданд, садҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” дар ин рӯзҳои вазнин дар паҳлӯи мардуми худ қарор дошта,  ҳамдардии амиқи худро  ба наздикон ва пайвандони қурбониёни даргириҳои ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон изҳор менамояд ва аз даргоҳи Худованд талаб мекунад, рӯҳи шаҳидони Ватанро шод, ҷояшон ҷаннат гардонад.

Чанд рӯз аст, ки мардуми Тоҷикистон рӯзҳои душворро аз сар мегузаронанд. Муноқишаи мусаллаҳона дар марз  тамоми мардуми Тоҷикистонро муттаҳид кард. Имрӯз ҳам тарафдорони Ҳукумат ва ҳам мухолифин  дар як сангар қарор доранд ва мехоҳанд, ки Ватанро аз таҷовузи бегона ҳифз намоянд. Имрӯз фурсати он аст, ки Ҳукумат ба суханони мардум  гӯш диҳад ва барои раҳоӣ аз ин бӯҳрон аз ҳама гуна маслиҳатҳои судманд  истифода барад.  Дар ин робита Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 ”  мехоҳад чанд пешниҳоди худро ироа намояд.

Минтақаи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон имрӯз дар ҳолати ҷангӣ қарор дорад. Биноан,  дар навбати аввал зарур аст, ки мардуми минтақаи ҷанг, махсусан занону кӯдакон ва пиронсолон ба ҷойҳои амн интиқол дода шаванд.

Баъдан,  дар хатти аввали ҷанг бояд артиши кишвар ва нируҳои нозомӣ, ки тахассус ва маҳорати ҷангӣ доранд ва корозмуда ҳастанд,  қарор бигиранд, на сарбозони ҷавони бетаҷриба. Тавре аз маълумотҳо дида мешавад, имрӯз дар хатти аввали ҷанг сарбозони ҷавони нав ба хидмати низомӣ даъватшуда ва ҳатто мардуми мулкии мусаллаҳ меҷанганд, ки ин дуруст нест. Мардум дар он сурат ба ҷанг сафарбар карда мешаванд, ки агар дар кишвар ҳолати ҷангӣ эълон гардад. Ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи артиш аст на вазифаи мардум!

Нуктаи сеюми муҳим ин аст, ки мо бояд дар ҷанги иттилоотӣ фаъъол бошем. Зеро иттилооти дурусту саривақтӣ ҳам барои таъмини пирӯзӣ муҳим аст.  Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24 ” дар қатори дигар мухолифин дар роҳандозӣ намудани ҷанги иттилоотӣ нисбат ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон таҷрибаи бештар дорад. Мо метавонем хабарҳоро бо забонҳои мухталиф нашр намоем.  Дар ин робита Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” расман эълом медорад, ки  омода аст дар инъикоси ҳаводиси марзӣ ва пешбурди ҷанги иттилоотӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.  

 

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

 

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза