Ба номи Аллоҳи бахшанда ва бениҳоят меҳрубон
﴿لَن يَنَالَ ٱللَّهَ لُحُومُهَا وَلَا دِمَآؤُهَا وَلَـٰكِن يَنَالُهُ ٱلتَّقْوَىٰ مِنكُمْ﴾
«Ҳаргиз гӯштҳо ва хунҳои қурбониҳо ба даргоҳи Аллоҳ намерасанд, балки тақвои шумо ба Ӯ мерасад».
— Сураи Ҳаҷ, ояти 37
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
Фаро расидани Иди саиди Қурбон, Иди ҷонфидоӣ, Иди тақво назди Парвардигор, Иди арафаро ба шумо ва тамоми аҳли хонадонатон самимона муборакбод мегӯем.
Аз даргоҳи Аллоҳи мутаол таманно дорем, ки ин иди муборак сабаби нузули раҳмату мағфират, ваҳдату муҳаббат ва оромиву баракат дар зиндагии ҳамаи мусалмонон гардад.
Чигунае, ки Аллоҳ таоло мефармояд:
﴿فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَٱنْحَرْ﴾
«Пас барои Парвардигорат намоз бигзор ва қурбонӣ кун».
— Сураи Кавсар, ояти 2
Дар ин рӯзҳои пурфайз мардуми мусалмон Қурбонӣ ва Ҳаҷ, ки ду рукни бузурги дӯстдоштаи Аллоҳ таолоро иҷро карда, ба Парвардигор худро наздик месозанд.
Бигзор Худованд ибодатҳои мову шуморо қабул фармояд, қурбониҳо, дуоҳо ва тамоми аъмоли солеҳамонро дар мизони ҳасанот қарор диҳад.
Дар ин рӯзҳои муборак ба ҳамаи беморон шифо, ба даргузаштагон раҳмат, ба муҳоҷирон осонӣ ва ба тамоми уммати Муҳаммадӣ (с) сулҳу амният насиб гардонад. Ва дар охир аз шарри золимон раҳоӣ шуданро насибу рӯзӣ гардонад!
Иди саиди Қурбон муборак бод!
Бо эҳтиром Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи-24”

