14.1 C
Dushanbe
28.04.2024

Рӯйдодҳои хунини Бадахшон.Оғози гирдиҳамоии мусолиматомез ва  сабабҳои он

Рӯйдодҳои хунини Бадахшон.
Оғози гирдиҳамоии мусолиматомез ва  сабабҳои он.

Аз ҳаводиси хунини моҳи майи соли 2022 дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони шаҳри Хоруғ, ки дар пайи он даҳҳо нафар мардуми бегуноҳ кушта ва даҳҳои дигар боздошт ва паси панҷара равона шудаанд, тақрибан як сол сипарӣ мешавад.

14 майи соли 2022 даҳҳо нафар сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маҳаллаи Хоруғи Болои шаҳри Хоруғ ҷамъ омаданд. Ширкаткунандагони ин гирдиҳамоии мусолиматомез аз мақомот истеъфои раиси вилоят Алишер Мирзонабот,  раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода ва таҳқиқи одилонаи ҳаводиси моҳи ноябри соли 2021-ро талаб карданд.

Рӯзи 16 май тазоҳуркунандагон ба маркази шаҳр равона шуданд, то арзи худро ба мақомот расонанд, вале дар роҳ нирӯҳои амниятӣ садди роҳи онҳо шуданд ва бо ҳадафи пароканда кардани мардум ба ҳаво тир холӣ карда, аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ истифода бурданд. Дар натиҷаи ин бархурди хушунатомези мақомот 3 тан аз тазоҳургарони ин ҳамоиши мусолиматомез бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба Маркази Оғохон интиқол дода шуданд.

Вале мақомот чун ҳамеша талаби мардуми адолатхоҳро, ки мутобиқи қонун ҳақи озодонаи ибрози назар доранд, нодида гирифта, ин гирдиҳамоиро ғайриқонунӣ донистанд ва дар ин нооромиҳо “лидер”-и ғайрирасмии Бадахшон Муҳаммадбоқир Муҳаммадбоқировро гунаҳкор донистанд.

Вазъият дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021, пас аз кушта шудани сокини Роштқалъа Гулбиддин Зиёбеков ва эътирози чаҳоррӯза дар Хоруғ нооромӣ боқӣ монд. Тазоҳуркунандагон он замон пас аз мувофиқати “Комиссияи 44” (иборат аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ) бо ҳукумат пароканда гаштанд.
Тибқи ин мувофиқатнома  ҳукумат мебоист дастрасӣ ба интернетро дубора дар Бадахшон барқарор мекунад, омилони қатли Гулбиддин Зиёбековро ба ҷавобгарӣ мекашад ва тазоҳуркунандагонро ба ҷавобгарӣ намекашад.  Вале мақомот ваъдаҳои  худро иҷро накард ва ба боздошту таъқиби ширкаткунандагони ҳамоиш ва аъзои “Комиссияи 44” идома дод.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пас аз саркӯби озодандешӣ дар минтақаҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва водии Рашт ва боздошту аз байн бурдани чеҳраҳои бонуфузи озодандеш дар ин маҳалҳо ягона минтақае боқӣ монда буд, ки мардуми далеру нотарсаш ҳанӯз бар зидди беадолатӣ ва зулму беқонуниҳои Ҳукумати саркӯбгар ва ҷиноятпешаи Раҳмонов садои худро баланд мекарданд. Раҳмонов ва мақомот аз ин ваҳшат доштанд ва нақшаи шуми саркӯби озодандешӣ ва аз байн бурдани ҷавонони далеру озодандеши Бадахшонро кашида буданд.

Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза