31.1 C
Dushanbe
08.05.2024

Шашумин маросими ёдбуди асосгузори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Умаралӣ Қувватов

5 март аз марги фоҷеабори асосгузори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24”, шаҳиди роҳи ҳақ Умаралӣ Қувватов шаш сол сипарӣ шуд. Ба ин муносибат маросими ёдбуди ин марди мубориз ва шуҷоъ аз сабаби буҳрони ҳамагири КОВИД-19 ва баста будани сарҳадҳо ин дафъа аз тариқи онлайн баргузор гардид.

Дар аввал наворе бахшида ба зиндагиномаи марҳум намоиш дода шуд, ки бинандагонро мухтасар бо ҳаёт ва фаъолияти тиҷоративу сиёсии марҳум, ҳамчунин сабабҳои ба муборизаи сиёсӣ даст задани ӯ ва ҳодисаи аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон тавассути чанд нафар зархаридон ҳадафи тири ноҷавонмардона қарор гирифтани Умаралӣ Қувватов ошно намуд.

Дар ин навор ҳамчунин чанд тан аз ҳамсафон ва пайравони ӯ хотираҳои худро пиромуни шахсият ва фаъолияти сиёсии Умаралӣ Қувватов иброз доштаанд.

Сипас раҳбари Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” Суҳроб Зафар дар бораи паҳлӯҳои зиндагӣ ва фаъолияти сиёсии асосгузори ҳаракат суханронӣ кард. Барои боз ҳам равшантар шудани саҳифаҳои зиндагӣ ва паҳлӯҳои фаъолияти сиёсии Умаралӣ Қувватов миёни Суҳроб Зафар ва бинандагон суҳбати ошкору озод ва мубодилаи назар сурат гирифт. Ин тарзи барнома имкон дод, ки бинандагон фикру андешаҳои худро нисбат ба шахсият ва чеҳраи инсониву сиёсии Умаралӣ Қувватов баён намоянд. Музокира ва радду бадали фикру мулоҳизаҳои тарафайн ба бинандагон имкон дод, ки дар шинохти бунёдгузори Ҳаракати сиёсии “Гурӯҳи 24” ва роҳи тайкардаи ӯ маълумоти бештареро дарёфт намоянд.

Дар охир Суҳроб Зафар маҳфили ёдбуди шаҳид Умаралӣ Қувватовро натиҷагирӣ карда, таъкид намуд, ки имрӯз кору пайкори ӯро ҳазорон нафар ҳамсафону ҳамсангарон ва пайравонаш идома медиҳанд ва бо ин восита рӯҳи ӯро шод ва хотираашро гиромӣ медоранд.


Бахши иттилоотии “Гурӯҳи 24”

Мақолаҳои бештар

Бо мо бимонед

11,394МухлисонLike
2,683ХонандагонFollow
114,420ОбуначиёнSubscribe

Мақолаҳои тоза